фарҳанг
ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. ФАСЛИ НАВИ РУШД ВА ЭҲЁИ ОН
Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи нави рушди ин ду бахши судманду ба ҳам алоқаманд фаро расид.
Гулбарг Зайниддинова, сокини маҳаллаи Гулбуттаи шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи ҳунарваронест, ки дар баробари таъмини рӯзгори худ аз ҳисоби дӯхти либосҳои гуногун, ҷавондухтарони маҳаллиро чун чеварони чирадаст тарбия намудаву соҳибҳунар кардааст. Заҳмати бонувони ҳунарманд аст, ки имрӯз маҳаллаи Гулбутта дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҳамчун макони рушди ҳунарҳои миллӣ шинохта шудааст. Ин дар ҳолест, ки пешниҳоди дастранҷи ин бонуи ҳунар бо нақшу нигори миллӣ дар бозори дохилӣ метавонад, боиси ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои ҳунарҳои мардумӣ гардад.
Дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сохторҳои марбутаи давлатӣ барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда, дар доираи ин иқдом, барномаҳои зиёдеро таҳия ва амалӣ намуда истодаанд. Ҳоло дар тобеияти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ 75 муассисаи касбомӯзи таълимӣ фаъолият дорад. Ба гуфтаи Одинаҳмад Қурбонов, сардори шуъбаи рушди захираҳои меҳнатии агентӣ, ин муассисаҳо метавонанд дар омӯзондани ҳунарҳои гузаштаи ниёгонамон низ саҳми муносиб гузоранд.
Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монда шавад. Қобили зикр аст, ки дастуру нишондодҳои Сарвари давлат дар ин самт мавриди амал қарор гирифта, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли ҷорӣ фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуданд.
Воқеан, эҳё ва таҳкими ҳунармандӣ паҳлуҳои мусбати дигар низ дорад. Бахусус, маҳсули дасти аҳли ҳунар метавонад аз омилҳои калидии афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонҳои хориҷӣ ба кишвар ва мардуми мо бошад. Инчунин, дар ин самт ҷалби ҳар чи бештари духтарон ва занон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ бешубҳа, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.
Сафаргул АЛИМОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.02.2018 №: 45 Мутолиа карданд: 294