logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН. ТАТБИҚИ ТАДБИРҲОИ ИЛОВАГӢ МЕБОЯД

Дар Тоҷикистон қисми зиёди ҷомеаро ҷавонон ташкил медиҳанд ва масъалаи таълиму тарбияи онҳо ҳамеша мавриди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.

Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ далели ин ғамхориҳост. Дар Паём омадааст: «Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намояд».
Дар баробари ин, Паём дар назди ҷавонон масъулиятшиносӣ ва соҳиби маълумоти мукаммали ихтисосию иқтисодӣ ва сиёсӣ буданро гузоштааст. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо ҳар як ҷавон бояд бо дониши комил ва ҷаҳонбинии васеъ мусаллаҳ бошад ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳад. Инчунин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба донишомӯзӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ сафарбар намояд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки: «Вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи ҷавонон гузошта хоҳад шуд. Аз ин лиҳоз, мақсаду вазифаҳои фарҳанг дар тафаккури мардум ва махсусан наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад». 
Ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи шуғл ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ диққати махсус дода, дар ин самт якчанд барномаҳои давлатиро амалӣ намуда истодааст. Бо вуҷуди ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ва давлат таъминоти иҷтимоӣ ва моддии баъзе донишҷӯён қаноатбахш нест. Барои тарбияи бомуваффақияти ҷавонон ба таври дақиқ нақшу ҷойи онҳоро дар ҷомеаи муосир ва муносибати байни наслҳо муайян намудан зарур аст. Таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон, ки дар рушди истеҳсолот, ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим мебозанд, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳокимияти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ба шумор меравад.
Ҷавонон чун гурӯҳи демографии иҷтимоӣ муайянкунандаи характерноки тартиби ҳайатҳо мебошанд. Афзоиши насли ҷавон сохтори дурнамои захираҳои меҳнатиро нишон медиҳад.
М. ХОҶАЕВ,
омӯзгори МТМУ № 16 - и  ноҳияи Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2018    №: 45    Мутолиа карданд: 247

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед