logo

фарҳанг

БУНАФША ХАЙМА ДАР КӮҲУ КАМАР ЗАД

Бахши зиёди суруду таронаҳои мавсимиро ашъори наврӯзӣ ташкил додаанд. Таронаҳои ба Ҷашни бостонии Наврӯз бахшида, асосан мазомин ва мундариҷаи тавсифӣ доранд. Таронаҳои наврӯзӣ бештар табиати диёри зебоманзари моро васф намуда, зиндагии беолоиш ва ширинии рӯзгорро тараннум кардаанд:

Фасли Наврӯз аст, айёми баҳор,
Гул шукуфту гашт олам лолазор.
Дашту саҳро сабзу хуррам гаштааст,
Аз насими соф, ҳавои беғубор.
Наврӯзу баҳор, ки фаро расиданд, айёми нишоту тараб, ишқу ошиқӣ фаро мерасад. Дилдодагон майли дидор мекунанд, шерону палангон, оҳувон ва моҳиёни таҳти дарё, мурғобиву мурғакони хушилҳон низ бо ҳам наздикӣ меҷӯянд:
Баҳор омад, ки ман шайдо бигардам,
Чу мурғобӣ лаби дарё бигардам.
Паланг дар кӯҳу оҳу дар биёбон,
Ҳама ҷуфтанд, чаро танҳо бигардам?!
Бо қудуми мубораки Наврӯз дашту даман аз нав гулпӯш ва боғу саҳро бо гиёҳу сабзаҳо пӯшида мешаванд. Табиат, ки бо гулу гиёҳон ороиш ёфтааст, бунафша дар кӯҳу камар хайма задааст ва ҳар лаҳза сабоҳ ба машоми кас бӯйи атрогини наврӯзиро нисор месозад. Аҷаб кайфите дорад субҳи босафои кишвари азиз, кӯҳсорони сарбаланди диёр:
Саҳар шуд, субҳидам шуд, лола сар зад,
Бунафша хайма дар кӯҳу камар зад.
Гули савсан бирав, хоке ба сар кун,
Ки наргис тоҷи султонӣ ба сар зад.
Маҳбуб бо тақозои рӯзгор ҷиҳати таъмини оила ба ғурбат рафтааст. Маҳбуба роҳи ӯро мепояд. Маҳбуб аз маҳбуба танҳо се рӯз рухсат гирифта, азми сафар кардааст. Ҳайҳот, ки шаш моҳ сипарӣ шудааст. Наврӯз дар мекӯбад, аз ёр дараке нест. Маъшуқа дар Наврӯз интизории ӯро дорад. Шояд ӯ рӯзи ҷашни дилҳою гулҳо расида ояд ва ба рӯзшумории маҳбуба поён бубахшад:
Серӯза рафтаӣ, шаш рӯз имрӯз,
Баҳорон рафтаӣ, Наврӯз имрӯз.
Худат гуфтӣ, «сари се рӯз оям»,
Биё, бишмор, бубин чанд рӯз имрӯз?!
Хулоса, шеъру таронаҳои наврӯзӣ саршори назокату латофат ва ормонҳои мардумист. Кас аз хондани онҳо ба зиндагӣ, ба фардои дурахшон дилгармтар мешавад.
Рӯзии АҲМАД, фолклоршинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2018    №: 45    Мутолиа карданд: 244

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед