logo

иқтисод

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА АМНИЯТИ ҒИЗОӢ

Тағйирёбии  иқлим солҳои охир ба  масъалаи глобалии сайёра табдил ёфта,  аҳли башарро дар ташвиш гузоштааст. Ин ҳолат, пеш аз ҳама,  ба захираҳои об, экосистема ва саломатии аҳолӣ таъсир расонда, ба муҳити зист ва амнияти ғизоии аҳолӣ хатар эҷод менамояд. Тибқи пешгӯии олимони обуҳавошиноси ҷаҳон, то охири асри 21 ҳарорати миёнаи ҳавои Замин  то 5  дараҷа баланд мегардад.

Мувофиқи маълумоти илмӣ дар  Осиёи Марказӣ низ ҳарорати ҳаво тадриҷан баланд шуда, шӯршавии хок ва паст гаштани ҳосилнокии зироатҳо  мушоҳида мегардад. Ин  раванд то соли 2099 давом хоҳад ёфт.  Дар Осиёи Миёна, хусусан солҳои 2070- 2099, хушкшавии шиддатноки хоку атмосфера  пешгӯӣ карда мешавад. Раванди хушкшавии хок  олимони кишварро водор менамояд, ки ба омӯзиши мутобиқсозии рустаниҳои хоҷагии қишлоқ ба ин дигаркунии табиӣ  бояд диққати бештар диҳанд. 
Бар асари гармшавии шиддатнок  соҳаи кишоварзӣ  зарари калон дида, ҳосилнокии рустаниҳо  то 30 дарсад ва  ғалла 20 дарсад  коҳиш меёбад. Ҳарорати баланди ҳаво, хушкии хок ва баландшавии консентратсияи гази карбон ба миқдори оҳар ва сафедаи дони гандум таъсири манфӣ мерасонанд. Бо ин сабаб сифати тухми ғалла  паст ва сафедаи таркиби он кам мешавад. Дар  миёнаҳои садаи 21 аҳолии сайёра  қариб ду маротиба меафзояд.  Дар ин маврид   пажӯҳиши ҳосилнокии ғалладонаҳо ва ба даст овардани  навъҳои серҳосили ба раванди гармшавии иқлим мутобиқ зарур аст.
Аз ин лиҳоз, барои олимон омӯзиши реаксияҳои ҷавобии навъҳои гуногуни зироатҳои лӯбиёӣ ҳамчун яке аз маҳсулоти асосии ғизоӣ  дар заминаи тағйирёбии иқлим дар ҷумҳурӣ аҳамияти бузург  дорад.
Дар Тоҷикистон барои ба даст овардани натиҷаҳои баланди илмӣ омӯзиши таъсири гази ғубори ангишт, ҳарорати баланд, норасоии об, хушкии замин ва атмосфера бояд бештар ба роҳ монда шавад.   
Таҳлили таъсири хушкшавии хок ба динамикаи рушд ва нашъунамои зироати гандум нишон дод, ки дар чунин ҳолат қади рустанӣ дар охири давраи нашъунамояш  инкишоф намеёбад. Таъсири бади хушкии хок ба қад кашидани навдаи рустанӣ аз  давраи хӯшабандӣ ва гулкунии он мушоҳида шудааст. Нишонаҳои таъсири хушкии атмосфера ва хок ба ҳосилнокии навъҳои гуногуни гандум аз рӯйи  вазни хӯшаю дон, миқдори дон дар хӯша ва  коҳи он муайян карда мешавад.
Ҳангоми хушкии зиёд баргҳои рустанӣ бармаҳал пажмурда шуда, имконияти ҳосили фаровони дон ва лӯнда аз байн меравад.  Зеро бо таъсири ҳарорати баланд баргҳои рустанӣ гардолуд намешаванд. Ҳамчунин, хушкии хок ба раванди фотосинтетикӣ ва рушду нумӯи рустанӣ таъсири манфӣ мерасонад ва он ба таври кофӣ моддаҳоро ҳазм намекунад.  Дар соҳаи тадқиқоти таъсири тағйирёбии иқлим ба зироатҳои кишоварзӣ бояд стратегияи дақиқи мутобиқсозии минтақаҳои гуногуни табиию иқлимӣ ва васеъ намудани майдони кишти навъҳои нисбатан пешпазаки зироатҳои ғалладонаро, ки ба таъсири ҳарорати баланд ва хушкии хок нисбатан устуворанд, таҳрезӣ намоем. 
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки барои таъмини амнияти ғизоии аҳолӣ дар шароити тағйирёбии иқлим навъҳои гуногуни рустаниҳои ғалладонаро бояд мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор диҳем. Бо ин мақсад  олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз коллексияи ҷаҳонии  Институти рустанипарварии Русия ба номи Вавилов 112 навъ  гандум ва 22 навъ  рустаниҳои лӯбиёӣ ворид намуд, онҳоро дар заминҳои  хушк ва шӯри ҷумҳурӣ парвариш карданд ва нишондиҳандаҳои физиологиашонро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Бо ин роҳ имконият пайдо мегардад, ки  навъҳои ояндадор ва  ба ҳарорати баланди ҳаво ё  хушкшавии хок тобовар муайян карда шаванд. Ҳамчунин, таҷрибаи рушд додани парвариши зироатҳои ғалладона, ҳифзи ҳосилнокии умумии рустанӣ ҳангоми ҳарорати баланду хушкӣ дар минтақаҳои иқлимашон гуногуни кишвар ва натиҷаҳо ҷиҳати ояндабинии таъсири иқлим ба  ҳосилнокии зироатҳои ғалладона ба даст меоянд. 
 
Абдуманон АБДУЛЛОЕВ,
узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои биологӣ, профессор,
Ёрмаҳмад САФАРОВ,
номзади илмҳои биологӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2018    №: 45    Мутолиа карданд: 344

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед