logo

иҷтимоиёт

ОБ - САРЧАШМАИ ТАМАДДУНСОЗ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ва дурандешии худ ҳанӯз аз даврони аввали Истиқлолияти  давлатӣ масъалаҳои умумибашарӣ, аз ҷумла вобаста ба истифодаи оқилонаи обро манзури ҷомеаи ҷаҳонӣ намудаанд, ки дар сатҳи байналмилалӣ истиқболи самимона ёфтаанд.

Моҳияти аслии пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат дар истифодаи оқилонаи манбаъҳои обӣ барои беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардуме, ки дар ҳавзаи ин обҳо зиндагӣ доранд, таҷассум ёфтааст. Истифодаи самараноки захираҳои обӣ, бешубҳа, такондиҳандаи иқтисод, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои ҳаёти халқ маҳсуб мешавад, ки мо мисоли равшани инро ҳам дар таърихи кишвари худ ва ҳам дар таърихи кишварҳои дигари ҷаҳон мебинем.
Тамоми тамаддунҳои башарӣ дар соҳилҳои дарёҳо ва ё дар атрофи сарчашмаҳои обӣ ба миён омада, рушд кардаанд. Зеро об ҳаёт, умед ва имкон барои зиндагӣ дар рӯи Замин мебошад. Тамаддунҳои Мисри қадим дар соҳилҳои дарёи Нил, Ҳинди бостон дар соҳилҳои дарёи Ганга, Шарқи Наздик дар атрофи дарёҳои Даҷла ва Фурот, Осиёи Миёна дар атрофи дарёҳои Омӯ ва Сир ба вуҷуд омадаанд.
Ҳама мавҷудоти зиндаро Худованд аз об пайдо намуд, ки ин ба ҳайсияти об чун манбаи аслии ҳаёт далолат мекунад. Дар сураи Анбиё, ояти 30  омадааст:
«…ва ҳар чизи зиндаро аз об пайдо кардем..»
Дар давоми зиндагии башарият дар рӯи Замин муборизаҳои шадид низ асосан барои ҳавзаҳои обшор ба амал омадаанд. Қабилаҳои кӯчманчии дашту биёбон, вақте гузорашон ба сарзаминҳои сарзабзу хуррам меафтод,  ба он сарзамин ҳуҷум карда,  мардумро талаву тороҷ ва сарчашмаҳои обро тасарруф мекарданд.
Ҳоло бо назардошти рушди босуръати иқтисод, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти халқ, талабот барои истифодаи об ба маротиб зиёд гардидааст. Бар замми ин, гармшавии иқлими сайёра ва аз ҳад зиёд обшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии оби нӯшокӣ мебошанд, боиси нигаронии олимони соҳа шудааст.
Аҷододони мо низ ҳамеша дар сарзаминҳои сабзу хуррам зиндагӣ доштанд. Ҳатто ҳангоми ҳуҷуми аҷнабиён ба асорати онҳо гардан наниҳода, баъди муборизаҳои шадид ба кӯҳистоне, ки обҳо ва чашмаҳои фаровон дошт, паноҳ оварда, сарбаландона зиндагӣ намудаанд.
Шукрона, ки Худованд дар сарзамини биҳиштосои мо неъмати обро арзонӣ доштааст. Халқи тоҷик аз қадим ин неъматро қадр намуда, ҳамеша барои сарзабзии диёри худ онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд. Халқи тоҷик аз азал ин неъматро сарвати умумӣ дониста, ҳеҷ гоҳ аз он чун василаи фишор истифода накардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар идомаи ин одати неки халқи тоҷик бо риояи ҳаққи ҳамсоягӣ сароҳатан баён доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар ягон ҳолат обро аз ҳамсоягон дареғ намедорад.
Албатта, қабули ин ҳама иқдомот ва пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ саҳлу осон нест. Пазируфтани онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ худ гувоҳи сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буда, мо ва ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки ин неъмати бебаҳоро самаранок ва сарфакорона истифода барем.
Мансур НАЗАРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2018    №: 45    Мутолиа карданд: 342

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед