logo

фарҳанг

НАВРӮЗ. АВВАЛИН ФЕСТИВАЛИ ҶАШНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ  22 марти соли  равон дар шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бори аввал фестивали “Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ” баргузор мегардад.

Дар фестивал Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамчун бренди сайёҳии Тоҷикистон ба доираи васеи сайёҳон, ки дар арафаи Наврӯз ба Тоҷикистон ташриф меоранд, муаррифӣ мегардад.  Дар баробари ин, ҳунармандони кишвар  маҳсули ҳунарҳои дастии худро ба намоиш гузошта, инчунин, барномаҳои фароғатӣ - сайёҳӣ ташкил карда мешаванд. Қарор аст, ки ин тадбир минбаъд ба ҳукми анъана даромада, ба   усули  доимии ҷалби сайёҳони хориҷӣ табдил дода мешавад. Зеро Наврӯз ҳамчун омили сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани симои мамлакат, ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадима ва захираҳои бузурги сайёҳидошта мусоидат хоҳад кард.
Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон бо захираҳои бойи сайёҳӣ, аз қабили ёдгориҳои таърихиву мавзеъҳои табиӣ солҳои охир байни ҷаҳонгардон маъруфияти хосса пайдо намуд. Аз ҷумла, маҷаллаи сайёҳии бритонии “Вандерласт” (“Wanderlust”) Тоҷикистонро дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон карда, шабакаи иҷтимоии “Глоб Спотс” (“Globe Spots”) кишварамонро дар сархати даҳгонаи мамолики ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой додааст.
Ба ҷуз ин, нашри русии маҷаллаи маъруфи “National Geographic” шоҳроҳи Помирро ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намуда,  муҳимтар аз ҳама Департаменти давлатии ИМА оид ба масъалаҳои сайёҳӣ Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия додааст.
Бояд қайд кард, ки дар манбаъҳои гуногуни иттилоотии сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, дар оянда барои ташрифи гурӯҳҳои нави сайёҳӣ ба кишвар мусоидат хоҳад кард.
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2018    №: 45    Мутолиа карданд: 241

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед