сиёсат
ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ОН
«Яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯз танзими муносибатҳои вобаста ба хизмати давлатӣ мебошад. Хизматчиёни давлатӣ неруи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд намунаи интизоми олию меҳнати фидокорона ва содиқона бошанд».
Эмомалӣ РАҲМОН
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи хизмати давлатӣ, ба дастовардҳои назаррас мушарраф шуд.
Пешвои муаззами миллат соҳаи хизмати давлатиро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими идоракунии самараноки давлат номидаанд. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ, сатҳу сифати дониш ва кордонии хизматчиёни давлатӣ дар ҳама зинаи мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.
Маҳз натиҷаи дастгирию ғамхориҳои Президенти маҳбуби кишвар ба соҳаи хизмати давлатӣ буд, ки имрӯзҳо сатҳи дониш ва таҷриба миёни хизматчиёни давлатӣ боло рафта, шумораи хизматчиёни давлатӣ то имрӯз ба 19 ҳазор нафар расидааст. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд, ки «Ҳалли муваффақонаи масъалаҳои рушди минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳама, бо самаранокии низоми идоракунӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ алоқаманд мебошад». Ин ҳарфҳо аз ҳар як хизматчии давлатӣ масъулияти бештар дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои худ талаб намуда, онҳоро ба хидмати содиқона раҳнамун месозанд.
Табиист, ки дар роҳи татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди соҳаи хизмати давлатӣ нақши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррасу намоён аст. Ин ниҳод бо дастгирии роҳбарияти олии кишвар сол ба сол иқтидори бештар касб намуда, шеваҳои кори худро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудааст. То имрӯз бо мақсади ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ зиёда аз сад санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ қабул гардида, дар рушди соҳа такони нав бахшиданд.
Дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба соҳаи хизмати давлатӣ мо хизматчиёни давлатиро водор месозад, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи самаранокии идоракунии давлатӣ аҳамияти бештар диҳем. Сатҳу сифати идоракуниро беҳтар намуда, барои хизматрасонии босифат аз тамоми имконот истифода карда тавонем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар фаъолияти касбиамон ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар робита ба ин, моро лозим аст, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши хизматчиёни давлатӣ, омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани насли навраси кишвар кӯшиш ба харҷ диҳем.
Далер ГУЛОВ, Бахтиёр НАЗАРОВ,
кормандони бахши минтақавии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон
Баёни ақида (1) Санаи нашр: 28.02.2018 №: 45 Мутолиа карданд: 452