logo

иқтисод

НУРОБОД. ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ

Истифодаи самараноки замин ва пешгирии ҳолатҳои қонуншикании марбут ба он дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳияи Нуробод қарор дорад.
Тавре Дӯстзода Ҳасан Тақдир, раиси ноҳияи Нуробод, ҳангоми суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ҳамасола бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла зиёд намудани заминҳои киштбоб аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо ва истифодаи самараноки замин,  дар ноҳия аз тарафи роҳбарону масъулон тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегарданд.
Бино ба иттилои ӯ, таъмини шаҳрвандон бо қитъаи замини наздиҳавлигию ташкили хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин, ба шаҳрвандон додани замин барои сохтмони корхонаҳои истеҳсолию мағозаҳои тиҷоратӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия буда, бо ҳамин мақсад ба 345 нафар барои  корҳои истеҳсолӣ ва ба 192 нафар сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дода шудааст.
Баҳри рушд додани соҳаи кишоварзӣ ба обёрӣ намудани заминҳои беоб авлавият дода мешавад. 2214 гектар замин аз ҳисоби идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия  бо об таъмин гардидааст. Дар ноҳия 5 шабакаи обёрӣ мавҷуд буда, соли сипаришуда 2 шабака заминҳои беобро бо об таъмин намуданд. Имсол дар назар аст, ки ҳамаи пойгоҳҳои обкашӣ мавриди истифодабарӣ қарор гиранд.
Рушди иқтисодии ноҳия ба вусъат бахшидани соҳаи кишоварзӣ робитаи мустақим дорад. Кишоварзон соли гузашта дар майдони 4568 гектар ғалладона, картошка, зироатҳои техникӣ, сабзавот ва хӯроки чорво кишт намуда, 2449,4 тонна ғалла, 14474, 9 тонна картошка, 162,4 тонна зироатҳои техникӣ, 3396,4 тонна сабзавот ва 2175,2 тонна мева ғундоштанд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти рустанипарварӣ ва чорводорӣ ба 140 миллиону 500 ҳазору 700 сомонӣ расонда шуд. Аз боду ҳавои мусоиди фасли тирамоҳ ва гармии зимистони имсола истифода бурда, кишоварзони ноҳия дар 900 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронданд.
- Кишоварзони ноҳия дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола заминҳои наздиҳавлигӣ ва қитъаҳои саҳроиро яхоб монда, ба мавсими кишту кори баҳорӣ омодагӣ гирифтанд. Ҳоло бинобар пештар фаро расидани фасли баҳор корҳои саҳроӣ, аз ҷумла ниҳолшинонӣ оғоз гардиданд. Бовар дорем, ки туфайли саъю талошҳои мардуми меҳнаткаш ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ноҳияи Нуробод боз ҳам рушд мекунанд, - гуфт Дӯстзода Ҳасан Тақдир.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.02.2018    №: 45    Мутолиа карданд: 339

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед