logo

иҷтимоиёт

РАШТ. ОИЛА РУКНИ ҶОМЕА АСТ!

Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Рашт дар ҳифзу пешгирии вайроншавии оилаҳо ва баландбардории маърифати  навхонадорон саҳми назаррас дорад.
Тавре Сайфулло Ҳабибуллозода, мудири бахши САҲШ – и  ноҳияи Рашт, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома иттилоъ дод,  баҳри татбиқи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  мамлакат тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар ин робита нишасту вохӯриҳои масъулини соҳа бо аҳолӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар чойхона - фароғатгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии маҳалҳои дурдаст идома доранд.
Ба гуфтаи ӯ, кормандони бахши САҲШ якҷо бо сармутахассисон ва котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳамасола 14 маротиба дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва беш аз 20 маротиба дар маҳалҳои истиқоматии дурдаст баҳри фаҳмондадиҳии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, хусусан вобаста ба мустаҳкам намудани оила, ҳифз ва пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, фарҳанги номгузорӣ бо риояи анъанаҳои миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд нишасту вохӯриҳо доир менамоянд.
- Эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллатамон дар назди мо - кормандони бахши САҲШ вазифаҳои мушаххас гузошт. Мо  муваззафем, ки  дар якҷоягӣ бо мутахассисон ва котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла ҳунарҳои дӯзандагию бофандагӣ  саъю талош варзем. Эҳёи чунин ҳунарҳо дар байни занони хонанишин  ҷиҳати ҷалби онҳо ба корҳои хонагию таъмини зиндагии шоистаи онҳо мусоидат мекунад. Ҳамчунин, духтарон чунин ҳунарҳои миллиро дар хона аз модаронашон омӯхта, соҳибҳунар мегарданд. Ин амал дар солимии оила низ нақш хоҳад бозид.
Чуноне гуфтаанд, солимии оила солимии ҷомеа мебошад. Вайроншавии оилаҳои ҷавон бештар дар натиҷаи паст будани маърифати оиладории онҳо, бекорӣ ва сатҳи пасти зиндагӣ рух медиҳад. Аз ин рӯ, баҳри баланд бардоштани маърифати оиладорӣ миёни ҷавонон кор бурдан ҷиҳати ҳунаромӯзӣ аз манфиат холӣ нест. Мо бо котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар мавзӯъҳои пешгирии ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, риояи қатъии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва рафти иҷрои Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2019 мунтазам семинару машваратҳо доир менамоем. Кӯшиш мекунем, ки хизматрасонии бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия шаффоф роҳандозӣ шавад, то ин ки шаҳрвандон сари вақт бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин гарданд, - гуфт  Сайфулло Ҳабибуллозода. 
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2018    №: 46    Мутолиа карданд: 341

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед