logo

фарҳанг

МАШЪАЛАФРӮЗ

Дур аз Ватан зистану фаъолият доштан ва ҳамзамон, асолату ҳувияти миллии хешро ҳифз кардан, на кори осон аст. Вале, дар баробари ин, дар кишвари дигар ҳамчун меҳанпараст чароғи робитаҳои тоҷикони бурунмарзиро бо Тоҷикистон фурӯзон доштан, қаҳрамонист.
Қодиршоҳи Мурувват солҳост, ки тарғиби фарҳангу забон, санъату маданияти тоҷиконро дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба дӯш гирифтааст. 
Ӯ хатмкардаи факултети шарқшиносии ДМТ буда, солҳо дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Минбаъд ҳамчун муҳаррири телевизиони шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) фаъолият бурда, тавассути барномаҳояш дилу дидаҳоро тасхир намуд. То соли 1992 масъули Бунёди забони тоҷикӣ дар Бохтар буд ва соли 1993 бо амри тақдир дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон муқимӣ гашт.
Дар баробари иҷрои дигар корҳо худро бо адабиёт, забон ва дар маҷмӯъ фарҳанги тоҷик бештар омезиш дод ва дере нагузашт, ки ба яке аз фаъолтарин узви Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикон ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гашт. Як гурӯҳ тоҷикони бедордили қирғизистонӣ дили гарм ва шуҷоату худшиносии Қодиршоҳро пай бурда, ташкил ва гузарондани чорабиниҳои мардуми моро дар Қирғизистон ба ӯ вогузор намуданд. Ӯ то соли 2003 дар Маркази тарҷумонии «Сленга» - и Бишкек фаъолият бурда, 16 китобро аз қирғизӣ ба забонҳои русиву тоҷикӣ баргардонд. Дар баробари ин, барои маърифати ҳуқуқии тоҷикони Қирғизистон Конститутсияи Ҷумҳурии Қирғизистонро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуд.
Соли 2005 муовинии раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистонро ба ӯ бовар карданд.
Албатта, эҳсоси масъулият дар вуҷуди ӯ аз дӯстдории Ватан ва виҷдони бедор сарчашма гирифтааст. Воқеан ҳам, Қодиршоҳ худро масъул ва вазифадор медонад, ки барои аз байн нарафтани фарҳанги миллӣ, мактабу маорифи тоҷикӣ ва танинандоз будани лафзи ширини тоҷикӣ дар ин кишвари дӯст кӯшиш намояд. Зеро мақсаду мароми ягонаи Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикон ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қирғизистон низ аз ҳамин иборат аст.
Қодиршоҳи Мурувват минбаъд муовин ва аз соли 2010 инҷониб сардабири нашрияи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо» аст. Ин минбар ба ӯ дари имкониятҳои тозаро боз кард. Зеро ӯ аз оғоз дар оташдони матбуоти даврӣ обутоб ёфта, инак, тадриҷан ҳадафҳои созандаашро тавассути ҷаридаи тоҷикӣ роҳандозӣ менамояд.
Дар робита бо марказҳои фарҳангии тоҷикони дигар минтақаҳо, омӯзгорон ва аҳли қалам «Паёми Ала-Тоо» - ро ба ҷаридаи маҳбуби тоҷикон табдил дод. Дар саҳифаҳои он намунаи осори адибони тоҷик, хабарҳои муҳимтарин аз ҳаёту фаъоляти онҳо пайваста нашр шуда, барои эҷоди кӯдакон низ як саҳифаи алоҳида ҷудо гардидааст.
Баъдан бо ташаббуси раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикон Равшанбек Собиров, китоби «Тоҷикони Қирғизистон» бо забони русӣ дар Бишкек ба чоп расид, ки дар ҳаёти фарҳангии ҳаммиллатони мо рӯйдоди фараҳбахше буд. Дар он таърихи будубоши тоҷикон дар ин сарзамин, минтақаҳои тоҷикнишини он ва шахсиятҳои маъруф маълумоти фаровон дарҷ шудааст. Минбаъд дар якҷоягӣ бо тоҷикону қирғизҳо  китоби «Чароғи дӯстӣ» интишор ёфта, нусхаи аввалини он ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.
Китоби муҳими дигар, ки соли 2008 чоп шуд, «Аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон аз назари коршиносони хориҷӣ» аст, ки аз тарафи кормандони мақомоти давлатӣ, вакилони парлумон, шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангии  Қирғизистон баҳои баланд гирифт. Аксарият таъкид доштанд, ки чунин китоби арзишманд барои шиносондани воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон басо зарур ва саривақтист.
Иқдоми муҳими дигари ҷамъияти тоҷикон дар соли 2008 тарҷумаи нуҳ китоби дарсӣ барои синфҳои 1 - 4 - и мактабҳои тоҷикии Қирғизистон  буд, ки ба Соли забон дар Тоҷикистон рост омад. Соли дигар Қодиршоҳ ба ифтихори гиромидошти  Имоми Аъзам ба Душанбе ташриф овард ва ӯро муяссар шуд, ки асари тозанашр - «Китоб ал- Муснад» -  Абуҳанифаро ҳини мулоқот бо Пешвои миллат муаррифӣ намояд.
Қодиршоҳи Мурувват имрӯзҳо ҳам сертакопӯст. Ин тараф як гурӯҳ тоҷикони қирғизистониро тариқи квотаҳо ба мактабҳои олии Тоҷикистон фиристоданӣ бошад, аз тарафи дигар ба ифтихори 140 - солагии устод Садриддин Айнӣ дар мактаби ба номи ӯ гузошташуда маҳфиле оростанист, ки барораш мехоҳем.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2018    №: 46    Мутолиа карданд: 614
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед