logo

иқтисод

МАСТЧОҲ. ЗИНДАГӢ РАНГИ ТОЗА МЕГИРАД

Сокинони ноҳияи Мастчоҳ  тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати дастгирию ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои назарраси   иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардида, дар пайи меҳнати бунёдкорона ин гӯшаи зебоманзари кишварро боз ҳам ободтар  сохтанд. Муллосоқӣ Атоуллозода, муовини якуми раиси ноҳия, зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома дар ин бора чунин изҳор дошт:
- Соли гузашта  истеҳсоли маҳсулоти  кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба зиёда аз 535 миллион сомонӣ  расид, ки 115 дарсади соли пеширо ташкил медиҳад.   Наздики 13,5 ҳазор тонна ғалла, 15700 тонна зироатҳои равғандор, 16 ҳазор тонна сабзавот, беш аз 52 ҳазор тонна полизӣ,  1420 тонна картошка ва 640 тонна меваю ангур ҷамъоварӣ гардид. Корхонаҳои саноатии ноҳия ба андозаи 196 миллиону 198  ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки дар муқоиса ба соли  пешӣ 23 миллион сомонӣ зиёд аст.
Баробари афзоиши  ҳаҷми маҷмӯи маҳсулот дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифтанд. Сохтмони  варзишгоҳи замонавӣ барои 5000 ҷойи нишаст, бинои муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи навбунёди шаҳраки Суғдиён бо фарогирии 240  хонанда дар як баст, муассисаи томактабии хусусӣ дар шаҳраки Бӯстон барои 160  тарбиятгиранда ва  қасри боҳашамати фарҳанг бомаром ҷараён дорад.
Ҳамчунин, барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ дар ноҳия ба маблағи зиёд корҳо  ба анҷом расонда шуданд, ки 321 дарсади  иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Рушди соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи доимии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.  Сохтмони бинои муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи навбунёди “Меҳробод” ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати таъмири бинои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № № 7 ва 8  беш аз 600 ҳазор сомонӣ равона гардид. Бо мақсади  таъмиру навсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизот ва  компютерҳо қариб 40 ҳазор сомонӣ таъмири  муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ  наздики 500 ҳазор сомонӣ, маркази  солимгардонии мактаббачагон – «Сиёвуш» 182 ҳазор сомонӣ  ҷудо карда шудааст.
Барои дастгирии хонандагони болаёқат  дар 16 самт  стипендияи раиси ноҳия таъсис дода шуд, ки маблағи ҳар кадоми он 500 сомонӣ   мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ  ба 11 омӯзгори ҷавон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва ба 10 нафар қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардид.
Вобаста ба татбиқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангӣ барои солҳои 2016 - 2020»  ҷиҳати таъмири хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ 227 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Қасри фарҳанги маркази ноҳия ва хонаи фарҳанг дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон таъмир карда шуданд.
Бо мақсади тақвият бахшидани тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии  варзиш дар байни ҷавонон дар  ноҳия шумораи иншооти варзишии замонавӣ ба  141 адад расонда шуд. Соли рафта зимни  баргузории мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ  ва байналмилалӣ варзишгарони ноҳия  ба гирифтани 269 медал, аз ҷумла 88  тилло, 84 нуқра ва 97 биринҷӣ, мушарраф  гардиданд.
Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз самтҳои муҳим фаъолияти  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аст. Айни замон дар ноҳия ҷиҳати омӯзиши атласу қолину адрасбофӣ, сӯзанидӯзию дӯзандагӣ ва кешбофӣ беш аз 30 коргоҳу марказҳои омӯзишию истеҳсолӣ амал мекунанд.    
Заҳматкашони ноҳия соли 2017 - ро дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст намуданд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия талошу кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки аҳли заҳмати диёр дар  партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2018 ба натиҷаю комёбиҳои боз ҳам бештар ноил шаванд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2018    №: 46    Мутолиа карданд: 510

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед