logo

фарҳанг

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. ҚОЛИНБОФИИ ДАСТӢ ЭҲЁ МЕШАВАД

Ҷиҳати иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ҳарчи бештар фаро гирифтани занону духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, дар шаҳру ноҳияҳои кишвар зиёда аз 17 ҳазор нафар занону духтарон ба омӯзиши касбу ҳунар ва кор фаро гирифта шуданд. Дар ҷумҳурӣ истеҳсоли матои атласу адрас тамоюли афзуншавӣ дошта, талабот низ ба ин намуди маҳсулот зиёд аст.

Имрӯзҳо ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти  қолинбофии дастӣ ва ҳунарҳои дигари мардумӣ лоиҳаи «Навсозӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бахши қолинбофӣ ва сӯзанидӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ шуда истодааст. Мақсади татбиқи лоиҳа беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда (қолинҳои дастбоф, сӯзанӣ, гулдӯзӣ), рақобатпазирӣ дар бозори истеъмолӣ ва зиёд кардани содирот аз ҷониби корхонаҳои ватанӣ мебошад.
Барои татбиқи лоиҳа бренди «LA’AL Textiles» масъул буда, маҳсулот аз ҷониби ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», ҶДММ «Атласи Хуҷанд», ҶДММ «Дунёи нав», ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «Гулвард» ва соҳибкорони инфиродие, ки иштирокчиянд, истеҳсол мегардад. Маҳсулоти истеҳсолгардида дар пойтахт (мағозаҳои «Хонаи ман», «Душанбе мол» ва «Ёвар») ба фурӯш бароварда мешаванд. Инчунин, дар Наврӯзгоҳи пойтахт нуқтаи муаррифии маҳсулот (Show room) ташкил гардида, мунтазам фаъолият дорад. 
Тибқи маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, мутасаддиёни лоиҳа ҷиҳати муаррифии маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ иштироки фаъолонаи ҳунармандонро дар  намоишгоҳҳои дохилӣ ва байналмилалӣ таъмин месозанд. Соли 2017 маҳсулоти қолинбофии дастӣ ва нассоҷии хонагӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Москва, Алмаато ва Тошканд пешкаши тамошобинон ва харидорон гардидаанд. Ҳамзамон, дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Душанбе - 2017, ки бори нахуст бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, гӯшаи бренди «LA’AL Textiles» таваҷҷуҳи ҳозиринро бештар ҷалб намуд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2018    №: 46    Мутолиа карданд: 288

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед