logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИ БОХТАР. ҲУНАРВАР ҲАМ ФАРҲАНГОФАР АСТ

Дар кохи Лоҳутии шаҳри Бохтар бо мақсади рушд ва таблиғи ҳунарҳои мардумӣ миёни ҷавонон ва ба ҳамин васила гиромӣ доштани фарҳанги қадимии миллӣ чорабинии  бошукӯҳ баргузор гардид.

Меҳмонон ва сокинони шаҳр имкон ёфтанд, ки бо беш аз 200 навъи маҳсулоти дастсохт, ки ҳамагӣ эъҷози дастони ҳунарварони бохтариянд, шинос шаванд. Матоъҳои гуногун, чӯбҳои дарахтони туту чормағзу зардолу, сангҳои кӯҳсорон, филизоти дар назари аввал дурушт дар зери дастони устоҳои зебоиофар гӯё ба забон омада, ба ҳар бинанда дар хусуси табиати дилфиреби Тоҷикистон, мардумони меҳмоннавоз ва соҳибтамаддунаш бо забони санъат садҳо ҳикоёти ширин ироа мекарданд.
Исмоилзода Абдуалим Абдулазиз, раиси шаҳри Бохтар, зикр кард, ки бо баргузории чунин чорабиниҳо имкон фароҳам меояд, ки дар ҷодаи ҳунармандӣ шахсони боистеъдод рӯйи кор оянд ва ба аҳли ҷомеа муаррифӣ шаванд. “Мардуми тоҷик аз азал ҳунарманду ҳунардӯст буд. Хушбахтона, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷгузорӣ ба ин ҷузъи фарҳанги миллӣ бар он нафаси тоза таҷаллӣ карда истодааст. Мардумони огоҳ хуб медонанд, ки агар ҳунарҳои мардумӣ ё худ маҳсулоти дастсоз ҷаззобу диданӣ бошанд, сайёҳон, албатта, ҳам барои аз наздик тамошо кардани кори устоҳо ва ҳам барои бо худ армуғоне бурдан ба кишвари хеш ба онҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Дар ин росто, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодааст, ки бо роҳи тавсеа додан ва дар лаҳзаҳои зарурӣ расондани кумаки маънавӣ сифати маҳсулоти дастии ҳунармандони шаҳрро боз ҳам беҳтар гардонад”, - афзуд А. Исмоилзода. 
Дастандаркорони чорабинӣ ба ҷуз аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ҳамзамон, баҳри муаррифии беҳтари мавзеъҳои қадимӣ ва истироҳатбоби шаҳр гӯшаи кишваршиносиро созмон дода буданд, ки тавассути аксу мусаввара ва видеонавору макетҳои  меъморӣ таваҷҷуҳи касро ба худ ҷалб мекарданд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2018    №: 46    Мутолиа карданд: 301

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед