logo

фарҳанг

МУБОРИЗ

Миллати тоҷик дар тӯли таърих дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, хосса маънавӣ, нобиғаҳои зиёдеро ба арса оварда, ба камол расондааст, ки онҳо ҳар кадом бо ақлу заковат, ҷаҳонбиниву фаросат ва инсондӯстиву миллатпарварӣ на танҳо барои пешравии миллати худ, балки барои пешрафти башарият нақши арзандае гузоштаанд. Аллома Садриддин Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров ва устод Мирзо Турсунзода аз зумраи нобиғаҳои асри ХХ  миллати тоҷиканд, ки бо кору пайкор ва эҷоди худ бо ноадолатиҳои айём мубориза бурданд, таърихи дурудароз доштани халқи тоҷикро собит сохтанд, арзишҳои миллиро эҳё намуда, эътибори миллати тоҷикро вусъат бахшиданд.
Бобоҷон Ғафуров бо вуҷуди ба корҳои давлатӣ банд будан, ҳеҷ гоҳ аз эҷод дар канор набудааст, балки ҳамеша ва ҷиддан бо кори илмӣ машғул гардида, дар шинохти таърихии тоҷикон ва муаррифии онон заҳмати зиёде кашидааст. Ӯ бо таълифоти худ мактаби таърихнигории нави тоҷикро, ки устод Айнӣ ибтидо гузошта буд, ба шакл даровард, илми шарқшиносиро на танҳо аз нобудӣ нигоҳ дошт, балки ба по гузошту рушд дод. «Тоҷикон» - и ӯ намунаи олии осори илмии таърихӣ аст, ки дар он асолати  халқи тоҷик, аз ибтидо то нимаи аввали садаи ХХ, дар заминаи далелҳои муътамад, бо усули мубоҳисаву музокира ва таҳлилу муқоиса нишон дода шудааст.
Хидмат ва заҳматҳои Б. Ғафуров дар роҳи худшиносиву худогоҳии мардуми тоҷик, инкишофи илму фарҳанг ва давлатдорӣ бемуҳобот зиёд аст. Ӯ на танҳо сиёсатмадор, роҳбар ва олим, балки ҳамчун журналист ва публитсист низ фаъолият намудааст. Аммо, қатъи назар аз он ки дар куҷо ва кадом вазифа кор кардааст, ба касбу вазифааш содиқ монда, хидмат ба мардумро маслаки доимии худ қарор додааст.
Дар ташаккули фаъолияти илмӣ, сиёсӣ ва раҳбарии Б. Ғафуров фаъолияти мухбириву рӯзноманигорӣ, ки аз нашрияи «Пролетари Хуҷанд» шурӯъ гардида, баъдан дар нашрияҳои дигар идома ёфтааст, бетаъсир набудааст. Ин фарзанди фарзона бо мутолиаи мақолаи С. Айнӣ «Ленин ва Шарқ», ки дар шумораи 12 феврали соли 1925 - и «Овози тоҷик» интишор гардида буд, ба рӯзноманигорӣ рағбат пайдо кард ва дар як муддати кӯтоҳ аз мухбири коргару деҳқон ба сафи фаъолтарин мухбирони нашрияи мазкур дохил гардид ва бо нигоштаҳои худ тадриҷан ба матбуоти ҷумҳуриявӣ, шӯравӣ ва ҷаҳон пайваст.
Рӯҳи муборизии Б. Ғафуров ҳанӯз аз аввалин нигоштааш «Ҷинояткорони Исфисорӣ» ("Овози тоҷик", августи соли 1928)  эҳсос мешавад. Дар ин нигошта амалҳои ҷинояткоронаи раиси Шӯрои ҷамоати Исфисор - Муллоғафур Абдулазиззода, котиби Шӯро Тоҳир Сангинзода ва миробони деҳа - Зунун Толибзода, Маҳмадраҷаб Шарифзода ва Муллоёр ҷасурона ва бериё фошу мазаммат шудааст. Дар нигоштаҳои  дигари ӯ «Ба бадкорон ҷазо дода шавад», «Ба золим ҷазо талаб мекунем», «Аз дафтари се нафар ҷинояткор», «Ҷинояткор Аҳмад Ҷалилов»,  «Муваффақият ва каму кости айём», «Чигунагӣ», «Аз аҳволи се нафар», «Унсурҳои бегона», ки  ҳамагӣ дар моҳҳои август ва сентябри соли 1928 дар «Овози тоҷик» дарҷ гардидаанд, шахсони мушаххаси нопоку манфур, қонуннописанд, нафароне, ки гуфтаашон ба амалашон мувофиқ намеояд, моликияти давлатро аз худ кардаву мардумро бо фиребу найранг ба кӯчаҳои сарбаста ворид сохта, обро ба тарафи худ гардониданӣ мешаванд, танқид гардидааст.
Б. Ғафуров, ҳамчун фарзанди замон ба ғояҳои давлати шӯравӣ боварӣ дошт, неруи ҳукуматро ҳамчун такягоҳаш самимона эҳтиром мекард, дар бораи амалҳои номатлуби одамон нотарсона бо ному нишонашон бо номҳои гуногун мақолаҳои танқидӣ менавишт. Дар матбуоти солҳои 1920 - 1930 ӯ бо номҳои (имзоҳои) гуногун: «Бобоҷончулоқи Исфисорӣ», «Бобоҷончулоқи Хуҷандӣ», «Бобоҷончулоқ» «Бобоҷон Ғафур», «Бобоҷон» хабару ҳисобот, мухбирномаву мақола ва фелетонҳо интишор менамуд. Мавсуф дар ҷодаи рӯзноманигорӣ муносибати хосса доштааст, ки авалан ба проблемаҳои доғи рӯз бештар дахл мекунад, баъдан дар роҳи ҳалли проблемаи дар матбуот бардоштааш, ҷасурона мубориза мебарад. Масалан, вақте ки аз чопи хабари «Ба бадкорон ҷазо дода шавад» (1928, 12 август) чанд муддат мегузарад, вале чун мебинад, ки бадкорон бе ҷазо мемонанд, бори дигар ба ин масъала бармегардад ва фелетони  «Унсурҳои бегона» (1928, 16 октябр) - ро иншо карда, ба табъ мерасонад. Чунин ифшогариву баҳри рафъи он қотеона мубориза бурданҳои Б. Ғафуров ғазаби «қаҳрамонон»-и нигоштаҳояшро ҳамеша дучанд мекард. Онҳо ӯро ором намегузоштанд, борҳо қасди куштанаш карданд, зиндагии мухбири фаъол дар зери хатар қарор дошт. Э. Муҳсинзода  аз ветеранҳои матбуоти тоҷик, дар хотироти худ нигоштааст: «Вақте ки аввалин мухбири фаъол Бобоҷон Ғафуровро бо мақсади куштан ҷустуҷӯ мекарданд, вай ҳар шаб ҷои худро иваз мекард, коммунистон бошанд, ӯро муҳофизат карда, бар зидди ҷинояткорон қатъӣ мубориза мебурданд. Ҳамин тавр, Бобоҷон Ғафуров зиндаву саломат монд».
Ин таҳдиду буҳтонҳо ва кушторҳои ваҳшиёна рӯҳияи муборизахоҳонаи Б. Ғафуровро шикаста натавонист, балки ӯ бо тахаллусҳои гуногун мақолаҳо чоп намуда, кори пуршарафи  худро идома медод.
Академик Б. Ғафуров соли 1930 дар рӯзномаи «Қизил Тожикистон» ба сифати журналист ба фаъолият шурӯъ мекунад. Фаъолияти ӯро дар ин нашрия ба ду давра ҷудо намудан мумкин аст. Давраи аввал солҳои 1930 - 1932 то барои таҳсил ба Маскав рафтан ва давраи дуюм солҳои 1935 - 1936 баъд аз таҳсил дар мактаби ҳизбии журналистӣ. Дар давраи аввал ӯ ҳамчун мудири шуъба баҳри мавқеъ пайдо кардани матбуот дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистони навтаъсис, рушди мактабу маориф ва барҳам додани бесаводӣ кӯшида, матолиби мухбиронро таҳрир ва чоп менамуд. Давраи дуюми фаъолияти ӯ пас аз хатми Донишкадаи умумииттифоқии коммунистии журналистика оғоз мегардад. Ӯро ба вазифаи муовини муҳаррир тавсия доданд, ки солҳои 1935 - 1936 дар ҳамин вазифа кор кард, баъзан чун иҷрокунандаи вазифаи муҳаррир чопи нашрияро ба дӯш мегирифт, масъулияти сиёсиаш бештар гардид. Кори матбуотро хуб медонист, доир ба нақши матбуот ва рисолати  иҷтимоии он чандин мақолаҳо навишта («Қобилияти ҷангии матбуоти республикаро боз ҳам баландтар мекунем» // Тоҷикистони сурх, 1937, Дар бораи баъзе масъалаҳои пропаганда дар матбуоти районӣ» // Тоҷикистони сурх, 1940.–11 май), барои пешрафти кори он дар назди муҳаррирону масъулон вазифаҳои мушаххас мегузошт, ҳамкасбонашро ба устувории сиёсӣ ва ҳушёрии синфӣ омода мекард, дар роҳи баланд бардоштани қобилияти ҷангии матбуот пешниҳодоти судманд менамуд. Матбуот бояд майдони инъикоси пешравиҳо, ифшои камбудиҳо, нишон додани рафъи онҳо ва муборизаву талошҳо баҳри расидан ба ҳадафҳои асосии давлату ҳукумат бошад. Ин амали ӯ, махсусан, дар солҳои ба дастгоҳи марказии ҳизб ба кор ҷалб шудану дар як вақт вазифаи муҳарририи маҷалаи назариявии ҳизб «Бо ёрии коркунони партиявӣ» (1939 - 1940; 1945 - 1946) ба дӯш доштанаш, вусъати бештар пайдо кард. Дар матбуоти замони ҶБВ Б. Ғафуров ба мавзӯи таърихи халқи тоҷик майл намуда, дар як силсила мақолаҳои илмӣ - оммавии худ рӯҳияи қаҳрамононаи халқи тоҷикро бо далелҳои таърихӣ нишон дода,  афзалиятҳои сулҳу дӯстиро бар ҷангу бадхоҳӣ асоснок мегардонад, «халқи қадимтарин», «ба маданияти деҳқонӣ асосгузошта» ва «аввалин бинокорони моҳири кӯлу рӯдҳо» дар Осиёи Миёна будани тоҷиконро нишон медиҳад. Ӯ аз муборизаҳои ин халқ бар зидди қабилаҳои бодиянишин, лашкари ғоратгари Искандари Зулқарнайн, истилогарони араб ва Чингизхон ҳикоя намуда, ба ин васила ҳисси ватандӯстии мардум ва нафрату адовати  онҳоро нисбат  ба душман - фашизми Олмон афзун менамояд.  
Ҳангоми дар вазифаи роҳбарӣ, бахусус дар айёми котиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон будан, фаъолияти публитсистии Б. Ғафуров васеъ мешавад. Ӯ дар ин давра ҳамчун ходими сиёсӣ бо намояндагони халқу кишварҳои гуногун суҳбату машваратҳо мегузаронд, дар симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ мекард. Муҳтавои чунин мулоқоту суҳбатҳо ва суханрониҳояш дар шакли мақолаҳои ҷудогона дар матбуоти даврӣ интишор мешуданд. Дар чунин мавод  баробари таҳқиқи масъалаҳои таърихи халқи тоҷик даъвати мардум ба мубориза алайҳи зулми мустаъмарӣ ва сармоя бартарӣ дорад.
Публитсистикаи Б. Ғафуров сар то по мубориза ва худи ӯ муборизи матин аст. Мубориза ба муқобили анъанаҳои замони куҳан, татбиқи одат ва маданияти нав, мубориза бар зидди ноадолатиҳои замон ва тантанаи адолат, мубориза алайҳи бесаводӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа, мубориза ба муқобили ҷангҷӯёни ҷаҳон ва расидан ба сулҳу дӯстӣ ва ҳамзистии осоишта, мубориза барои дарёфту исботи ҳақиқат ва тарғиби он… Ӯ дар мубориза ба ин масъалаҳо олимона муносибат намуда, моҳият ва аҳамияти онҳоро бо зикри далелҳои муътамад, нақли воқеияти таърихӣ, тафсили ғояи асосии замон ва рӯҳияи ҷомеа бо усули содаву фаҳмо баён мекунад.
Умуман, Бобоҷон Ғафуров дар осори публитсистиаш қатъи назар аз дахолат ба мавзӯъҳои гуногун, бо рӯҳи озодихоҳона баҳри дарёфти ҳақиқат ва расидан ба ормонҳои миллию башарӣ мубориза бурдааст.
Мурод МУРОДӢ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2018    №: 46    Мутолиа карданд: 628

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2019. «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» бори ҳафтум дар финал

Вохӯрии раҳбарони кумитаҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара

СММ: "Дар 100 сол аз сунами беш аз 250 ҳазор нафар ҳалок гашт"

Дар Сурия хоҳари Бағдодӣ бо хонаводааш боздошт шуд

Трамп бо Россия ва Чин оид ба назорати силоҳ созишнома бастанист

Дар Ӯзбекистон таҳияи сенарияи ягонаи тӯйҳоро пешниҳод доранд

Ҷаҳон дар як сатр

04.11.2019


Вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати вакилони Парлумони Аврупо

Ҷаласаи Шӯрои миллии рушди маориф баргузор шуд

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Туркманистон

Чин ва ИМА масоили асосии созишномаи тиҷоратиро мувофиқа намуданд

Соли гузашта дар дунё 8 ҳазор амали террористӣ руй дод

Қазоқистон таъсиси Шӯро оид ба рушди иқтисоди рақамӣ дар СҲШ - ро пешниҳод кард

Барномаи ҳамкории иқтисодии кишварҳои СҲШ то соли 2035 қабул шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед