logo

иҷтимоиёт

МАРКАЗИ САЛОМАТИИ № 1. ДОҒИ СИЁҲИ ХИЛЪАТИ САФЕД

Бо вуҷуди он ки баъзе  навъҳои хизматрасонии тиббӣ барои сокинони кишвар ройгон пешбинӣ шудааст, ҳанӯз ҳам ҳастанд табибоне, ки аз паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон истифода намуда, барои анҷоми ҳатто одитарин намуди хизматрасонӣ аз корафтодагон маблағ талаб мекунанд.
Зимни суҳбат бо  сокини пойтахт Ганҷинаи Абдукарим,  маълум гардид, ки дар Маркази саломатии № 1- и шаҳри Душанбе,  табиби оилавӣ С. У. барои ба рӯйхатгирии ҳомиладорӣ аз ӯ ва зани дигаре 50  сомонӣ  талаб намуда, гуфтааст, ки дафтари ҳомиладорӣ (формаи № 111) ҳамин миқдор  арзиш дорад.
Моро 50 сомонӣ талаб намудани духтур барои дафтарчаи ҳомиладорӣ ба ҳайрат овард. Ҳеҷ бовар надоштем дафтарчае, ки ҳамагӣ аз чанд варақ иборат аст, 50 сомонӣ арзиш дошта бошад. Ҳарчанд рӯирост пул талаб намудани табиб аз нафари корафтода касро муътақид месозад, ки дарвоқеъ чунин хизматрасонӣ дар маркази саломатӣ пулакӣ аст. Вагарна дар замоне ки Ҳукумати кишвар барои пешгирии ҳама гуна ҳолатҳои коррупсионӣ мубориза бурда истодааст, чӣ гуна як шахсе, ки дар муассисаи давлатӣ кору фаъолият мекунад, дидаву дониста ба амале даст мезанад, ки хусусияти коррупсионӣ дорад?
Барои зани хонашин, ки ҳеҷ манбаи даромаде надорад ва давоми сол 50 сомонӣ як тараф истад, ҳатто 1 сомонӣ ба буҷети оилааш маблағ ворид карда наметавонад, пули кам нест. Саволе ба миён меояд, ки  дарвоқеъ бақайдгирии ҳомиладорӣ дар марказҳои тиббӣ пулакӣ аст?
Омӯзиши мавзӯъ нишон медиҳад, ки дар соҳа ба хотири дастрасии бештари мардум ба тиб, хусусан ҳифзи солимии модару кӯдак ба занони ҳомила баъзе хизматрасониҳои тиббӣ ройгон пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 600 «Дар бораи  тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ», ки соли 2008  қабул гардидааст, чунин омада: «Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва кумаки махсусгардонидашуда дар сатҳи дармонгоҳӣ ба ҳомиладороне, ки ба қайд гирифта шудаанд ва зери назорати доимии муассисаи  дахлдори тиббӣ мебошанд, дар ҳаҷм ва  намудҳои  зерин ба таври  ройгон анҷом дода мешаванд: -таҳлили умумии хун 2 маротиба, таҳлили хун барои гемоглабин 3 маротиба, ташхиси хун барои RW 2 маротиба, ташхиси хун барои ВНМО 2 маротиба, ташхиси умумии пешоб 2 маротиба, ташхиси пешоб барои протеинурия 4 маротиба, ташхиси бактериявии пешоб, микроскопияи андудаи вагиналӣ, ташхиси фаросавтӣ 2 маротиба».
Воқеан, тавре ки  Фирдавс Рауфов, сардори шуъбаи  ташкиливу дастурии Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии  тибби оилавии кишвар тасдиқ кард, имрӯз дар тамоми муассисаҳои аввалияи кумаки тиббию санитарӣ таҳлилҳои лабораторӣ барои занони ҳомила  ройгон  мебошанд. Вале мавсуф дар суҳбат, ҳамчунин, иброз дошт, ки дар аввалин ташрифи зани ҳомила ба маркази саломатӣ, ки он ба 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ рост меояд, зан дар муассиса қайд гардида, ба ӯ дафтари ҳомиладорӣ кушода мешавад, ки он ҳам ройгон аст. 
Аммо ҷойи таассуф аст, ки баъзе аз кормандони соҳа дидаву дониста занонро ба доми фиреб мекашанд ва аз ин гуна  имтиёзҳо маҳрум месозанду  барои иҷрои коре, ки аслан бояд ройгон анҷом бипазирад, аз корафтодагон (дар ҳаҷми хурд ҳам бошад) маблағ талаб менамоянд. Дар ҳоле ки  маблағи ғайриқонунии аз корафтода талабшуда, новобаста аз он, ки дар кадом ҳаҷм аст, амали характери коррупсионидошта маҳсуб меёбад ва қонунгузории кишвар онро манъ намудааст.
Пас, оё амали С. У. ришваситонӣ маҳсуб намеёбад? Охир, тавре аён гардид, на танҳо бақайдгирии занони ҳомила, балки кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва кумаки махсусгардондашуда дар сатҳи дармонгоҳӣ ба ҳомиладороне, ки зери назорати доимии муассисаи  дахлдори тиббӣ мебошанд, бояд ройгон роҳандозӣ шаванд.
Чунин амали номатлуб - бо баҳонаи гуногун аз ҳомиладорон пул талаб намудан, на танҳо дар Маркази саломатии № 1, балки дар дигар марказҳои саломатии пойтахти кишвар низ мушоҳида мегардад, ки аз зиёд шудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳа гувоҳӣ медиҳад.
Зимнан, дар соли 2017 кормандони соҳаи тиб ба 60 ҷинояти ришваситонӣ даст задаанд ва ҳоло аз рӯи ҷинояти ришваситонӣ баъд аз соҳаи маориф дар ҷойи дувум меистанд.  Ин далелро Абдукарим Зарифзода, муовини аввали директори Агентии назорати  давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дар суҳбат бо хабарнигорон изҳор доштааст.
Агар мо нисбат ба  чунин амали табибон бетарафӣ зоҳир намоем, он паси парда хоҳад монд ва касе нахоҳад донист, ки дар баъзе марказҳои тиббӣ ҳомиладорон аз имтиёзҳое, ки Ҳукумати кишвар ҳанӯз 9 сол пеш барояшон муайян намудааст, маҳруманд.
Пас, ногузир аст, ки ҳар чи зудтар пеши роҳи  чунин амалҳо аз ҷониби масъулон гирифта шавад. Вагарна кӣ медонад, пушти ин 50 сомонӣ боз кадом маблағҳои нақди корафтодагон пинҳон аст, ки на ба буҷети ҷумҳуриявӣ мерезанд?!   
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.03.2018    №: 46    Мутолиа карданд: 899
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед