logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

МОДАР ВА АРӮС. ПИСАР КИРО ИНТИХОБ КАРД?
Писаре хост дӯстдоштаашро хостгорӣ кунад. Духтар гуфт:
- Ба он шарт, ки модарат дар базми арӯсӣ набошад. Ҷавон дар кори худ дармонд ва назди устоди худ рафта гуфт:
- Вақте яксола будам, падарам аз дунё гузашт ва модарам барои он ки маро ба воя расонад, дар хонаҳои мардум либос мешуст. Ҳоло духтаре, ки дӯсташ медорам, дар миён шарт гузоштааст, ки танҳо бидуни ҳузури модарам ба издивоҷ розӣ аст. Бояд чӣ кор кунам?
Устод ба ӯ гуфт:
- Ҳамин ҳоло ба хона рав ва дасту пойҳои модаратро бишӯй, фардо назди ман биё, то бигӯям чи кор бояд кунӣ. Ҷавон ба хона рафту ба шустани дасту пойҳои модар шурӯъ кард. Ҳангоми молидани дас-тони модар пай бурд, ки аз шиддати шустани либосҳои мардум беқувват ва фарсуда шуда буданд. Пойҳои кафидааш дас-тони писарро мехарошид. Ҳар боре обро рӯи захмҳояш мерехт, модар оҳи сарде берун мекашид. Ин вақт аз чашмони писар ашк сарозер гашта, вуҷудаш ба ларза афтод. Дигар нахост, балки натавонист то фардо сабр кунад. Худи ҳамон рӯз назди устоди худ ҳозир шуд ва дар ҳоле ки ҳанӯз ҳам гиря гулугираш буд, гуфт:
- Сипосгузорам, ки роҳи дурустро бароям нишон додед, устод. Ман модарамро ҳаргиз ба чизеву  касе иваз намекунам, зеро фаҳмидам, ки ӯ тамоми ҳастиашро ба ман бахшидааст.
Таҳияи Қурбон АҲМАДЗОД


10 ТАҲҚИҚОТИ НОДИРИ ОЛИМОНИ ТОҶИК
Ручка
«Ба ман қаламе созед, ки даст ва либосамро бо ранг олуда насозад!» - бо чунин дархост соли 953 яке аз шоҳони Шарқ ба донишмандони замонаш муроҷиат намуд. Маҳз ҳамин дархости шоҳ боис гардид, ки олимон ручкаеро ихтироъ намуданд, ки ранг дар дохили он ҷой дода шуда буду аз нӯги перо ба коғаз мечакид. Таърих номи шоҳ  ва олими  ихтироъкорро ҳифз нанамуда, аммо ихтирои анҷомдодаи  онҳо ҳазораи дуюм аст, ки аҳамияти худро гум накардааст ва ҳоло аз он васеъ истифода мешавад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


ИЛТИҶОИ ФАРЗАНД
Падар ба хона дер ва чун ҳарвақта хаста омад. Писари панҷсолааш, ки ӯро назди дар интизор буд, якбора пурсид:
- Падар, бигӯед, ки маошатон чанд сӯм аст.
- Ту чӣ кор дорӣ?
- Ҳеҷ, падар фақат маошатонро донистан мехоҳам, ақаллан бигӯед, ки дар як соат чанд сӯм мегиред?
- Фарзанд 500 сӯм, - бо тааҷҷуб посух дод  ӯ.
Пас, метавонед ба ман 300 сӯм қарз диҳед?
- Боз барои бозича пул пурсидӣ? Зуд рафта, дар ҳуҷраат хоб рав, - якбора асабонӣ шуда, гуфт падар .    
Кӯдак хомӯш ва ноумед ба ҳуҷраи хобаш даромад.
Падар пас аз лаҳзае таскин ёфта, аз кирдораш пушаймон шуд ва ба назди фарзандаш рафта пурсид:
- Азизам, ту хобӣ?
- На,- ҷавоб дод ӯ.
- Бубахш маро. Аз кори зиёд хаста шуда будам, - гуфта ба писараш 300 сӯмро дароз кард.
Кӯдак хурсандона аз таги болишт қадре пул бароварда, бо пулҳои додаи падараш ҳамроҳ кард.
Падар боз ба хашм омада, ба ӯ гуфт:
- Модоме ки пул доштаӣ, чаро аз ман пурсидӣ?
- Ба он хотир, ки пулам кифоят намекард. Акнун бошад, маблағи заруриро ҷамъ овардам. Падар, ин ҷо расо 500 сӯм аст. Мумкин аст ман як соати вақтатонро бихарам? Илтиҷо мекунам, фардо аз кор барвақттар биёед, то хӯроки шомро ҳамроҳ  бихӯрем, - гуфт ӯ.  
Тарҷумаи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


ФОРМУЛАИ МАРЛИ МЭТЛИН: ирода, боварӣ ва меҳнат
Ҳунарпешаи шинохтаи амрикоӣ Марли Мэтлин ягона зани ношунавоест, ки на танҳо дар филмҳо нақшҳои хотирмон меофарад, балки ҷоизадори «Оскар» низ мебошад.
Ӯ мисли дигар кӯдакон солим ба дунё омада, дар якунимсолагиаш ҳисси шунавоиро аз даст медиҳад. Волидон бо ҷанҷол ҳам бошад, духтарашонро ба мактаби бачагони солим супурданд. Зеро баръакси атрофиён онҳо ба ӯ бовар доштанд. Барномаҳои мухталифро аз худ карда, бо Марли кор мебурданд. Марлии қавиирода зуд онҳоро аз бар карда, аз рӯйи ҳаракати лаб фикрҳои мусоҳибонашро мехонд ва зуд ҷавоб мегуфт.
Дар зиндагӣ низ муваффақ шуд. Бисту як сол дошт, ки яке аз нақшҳои марказии филми «Фарзандони бародари хурдӣ» - ро офарид. Барои ин нақш Марли Мэтлин чаҳорумин зане гашт, ки дебюташон ба онҳо ҷоизаи «Оскар» овардааст.
Солҳои 90 – ум силсилафилми «Шубҳаи асоснок» дар Амрико ғулғула ба миён овард. Ин лоиҳаи муваффақ ба Мэтлин, ки яке аз нақшҳоро дар он бозида буд, дар ду номинатсия ҷоизаи «Глобуси тиллоӣ» - ро оварда, пасон, чор маротиба соҳиби ҷоизаи олии телевизионии «Эмми» низ гардид.
Марли, ҳамчунин, соҳиби оилаи хушбахт ва чор фарзанди дӯстрӯ аст.  Шавҳар ва фарзандонаш шунаво буда, дар муошират бо ӯ мушкилӣ надоранд.  
Таҳияи М. ТАБАРӢ


ДУХТАРАКИ ЗАБОНДОН
Бела Девяткина,  зодаи шаҳри Москва, ки ҳамагӣ чор сол дорад, бо ҳафт забон: русӣ, англисӣ, франсузӣ, хитоӣ, испанӣ, немисӣ ва арабӣ озодона ҳарф мезанад.
Модари Бела – Юля Девяткина аз  чормоҳагӣ бо фарзандаш бо забони англисӣ ва аз даҳ моҳагӣ бо забони франсузӣ гап мезанад. Забонҳои боқимондаро Бела аз устодони худ омӯхтааст.
Забономӯзӣ барои Бела душвор нест. Ӯ дар як ҳафта 3 – 5 ва ҳар рӯз аз 2 то 4 соат дарс мехонад.
Таҳияи М. БАХТИБЕКОВА


51 ГОЛ БО САР
Собиқ ҳамлагари тими мунтахаби Англия оид ба футбол Питер Крауч шомили китоби «Рекордҳои Гиннес» шуд. Мавсуф дар дастаҳои гуногуни Премйер – лигаи Англия дар 436 дидор 105 гол задааст, ки аз ин 51 тояш бо сар мебошад. Моҳи майи соли 2015 Крауч рекорди қаблие, ки ба номи Алан Ширер (46 гол) сабт шуда буд шикаст ва номи худро дар сархати ин номгӯй сабт кард.
Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад
Ба қисмҳо тақсимкунии лавҳаи соат
1) Бо ёрии панҷ хати рост лавҳаи соатро тавре тақсим кунед, ки дар ҳар як қисм ҳосили ҷамъи ададҳо ба ҳамдигар баробар бошад.
2) Бо як хати рост лавҳаи соатро ба ду қисм тавре тақсим намоед, ки ҳосили ҷамъи ададҳои ҳар як қисм ба ҳамдигар баробар бошанд.
3) Бо ду хати рост лавҳаи соатро тавре тақсим кунед, ки ҳосили ҷамъи ададҳои дар ҳар як қисм буда ба ҳамдигар баробар бошанд.
Ҷавоби муамморо  расм гирифта, ба мо ирсол намоед!
93-547-00-05 Вайбер,     Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 - 40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


15 корномаи ҶБВ
Қасосгирандаи наврас
Зина Портнова (1926 - 1944). Пионер. Разведкачии дастаи партизанҳо ба номи Ворошилов дар ақибгоҳи фашистон.
Зина дар Ленинград таваллуд шуда, дар ҳамин ҷо ба мактаб рафтааст. Вале ҷанг ӯро дар Беларус дарёфт. Вай ба таътили тобистона омада буд. Дар соли 1942 Зинаи 16 – сола узви ташкилоти пинҳонкорони «Қасосгирандагони наврас» гардид. Дар шаҳр варақаҳои зиддифашистӣ паҳн менамуд. Баъдтар дар ошхонае ба кор даромад, ки ба афсарони немис хизмат мерасонд. Дар ин ҷо фаъ-олияти диверсиониро ба роҳ монд. Якчанд афсарро ба ҷаҳаннам фиристонд. Аз нотарсиаш рафиқони ҳарбии ботаҷрибааш ҳам ба ҳайрат меафтоданд.
Дар соли 1943 Зина Портнова ба ҷангал назди партизанҳо рафт ва кори диверсиониашро дар байни душман идома дод. Вале як хоини Ватан ӯро ба фашис-тон фурӯхт. Дар маҳбас ӯро мезаданд, нохунҳояшро меканданд, аммо вай мавқеи партизанҳоро фош накард. Дар яке аз чунин истинтоқҳо Зина аз миз тапончаи душманро чанг зада гирифту дар як они воҳид се гитлерчиро парронд ва худаш низ аз тири автомат оғуштаи хун гашт.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


7 шахсияти шинохтае, ки дар филм нақши худро бозидаанд
7. Шоҳрух Хон
Тӯли фаъолияти ҳунармандии худ Шоҳрух Хон  барои иҷрои беҳтарин нақши мардона соҳиби 8 ҷоизаи «Filmfare Award» гаштааст. Ӯ соли 1992,  баъди нақшофарӣ дар филми «Девона», шуҳратманд мегардад. Филмҳои минбаъдаи Шоҳрух чи дар Ҳиндустон ва чи берун аз он шуҳрати беандозаро касб намудаанд.
Шоҳрух Хон сарватмандтарин ва яке аз маҳбубтарин ҳунармандони Ҳиндустон буда, бо унвони «Шоҳи Болливуд» маъруф аст.
«Ишқ, ҷудоӣ, зиндагӣ», «Нури ишқи ту», «Вохӯри дар фурудгоҳ», «Аз зиндагӣ болотар» ва «Сабрина дар Болливуд» намунаи филмҳои мебошанд, ки Шоҳрух Хон дар онҳо нақши худро бозидааст.
Таҳияи Комрон САФАР


БОЗ БОРОН
• Сокинони Угандаи Африқои Шарқиро бо тундар тарсонда намешавад, чунки дар ин мамлакат дар як сол 250 маротиба борон ва раъду барқ мешавад.
• Борон сабаби пайдоиши пешгӯии обуҳаво дар радио гардид. Вақте соҳиби радиостансияи амрикоӣ зери борон монд, ӯ рубрикаи нави пешгӯии обуҳаворо таъсис дод, ки дар бораи боридан ё наборидани борон якчанд маротиба дар шабонарӯз маълумот медод.
• Саломалейки халқи Ботсвани Африқои Ҷанубӣ «Пула» аст, ки маънояш борон мебошад. Ҳамчунин, воҳиди пулии ин мамлакат низ борон ҳисобида мешавад.
• Дар Британияи Кабир дар асри XVII қонун дар бораи борон қабул гардид. Барои нодуруст пешгӯӣ кардани обу ҳаво мутахассиси обуҳавосанҷро қатл мекарданд.
• Ҳар сол ба замин 519 000 метри мураббаъ борон мерезад.
• Аз аввал чатр барои муҳофизат аз офтоб хизмат мекард. Бори аввал чатрро соли 1750 Ҷонас Хенвей барои паноҳ бурдан аз борон истифода бурд.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Рекордҳо барои дилхушӣ
Як амрикоии нақоранавоз дар 20,3 сония ба 400 нақора зарба задааст. Ганс - Эрих Пранге, аз Юккёрмюнд, дар 90 дақиқа 5690 маротиба зонуқат (шину хез) кардааст. Патрик Домен, аз Йюлих, дар 111 соату 11 дақиқаву 11 сония паиҳам шарбатҳои нав ба навро ба ҳам омехтааст, соҳиби қаҳвахонае аз Люхов Никола Хаддади 58 – сола дар 2 дақиқаву 21 сония 1000 шамъи фурӯзонро хомӯш намудааст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


МАСЛИҲАТИ СТАЛИН
Солҳое, ки ҷанг акнун авҷ мегирифт, Сталин фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли техникаву лавозимоти ҷангиро хеле ҷиддӣ зери назорати шахсӣ дошт. Роҳбарони сохторҳои мудофиавиро лозим меомад, ки дар як моҳ чандин маротиба дар бораи таъмини саривақтии фронт шахсан ба ӯ гузориш диҳанд. Дар яке аз чунин гузоришҳо, комиссари халқӣ оид ба мусаллаҳсозӣ Ванников ба саволҳои Сталин посух гардонда, аз ҷумла чунин гуфт:
- Ҳар коре, ки имкон дорад, иҷро мекунем, рафиқ Сарфармондеҳи Олӣ.
Сталин дар ҳоле ки дар рӯ ба рӯи Ванников меистод, рост ба чашмони ӯ нигариста, таъкид мекунад:
- Мо ваколатҳои шуморо маҳдуд намекунем, корҳои ғайриимконро низ анҷом диҳед.
Тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


ПОЙАФЗОЛ АЗ ПӮСТИ МОҲӢ
Устоҳои олмонӣ қарор додаанд, ки ба истеҳсоли умумии пойафзол аз пӯсти моҳӣ шурӯъ намоянд. Намунаҳои нахустини пойафзоли истеҳсолнамудаи онҳо, воқеан ҳам хеле зебо мебошанд.
Истеҳсолкунандагон пинҳон намедоранд, ки чунин пойафзол ба харидорон хеле гарон хоҳад афтод. Аз ҷумла, дар хабар гуфта шудааст, ки нархи як ҷуфти пойафзол аз 1000 евро боло мебошад. Аммо онро бо вуҷуди қимат будан, дар натиҷаи нигоҳубини хуб, метавон то 20 сол бемалол истифода намуд.
Барои офаридани  ҷуфти чунин пойафзол як ҳафта вақт сарф мешавад. Як устохона метавонад соле ба ҳисоби умумӣ то 45 ҷуфт пойафзол  тайёр намуда, ба фурӯш барорад.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


СЕ ҚУТТӢ ЗАҲРИ РАБЛЕ
Франсуа Рабле, нависандаи шинохта, ки дар меҳмонхонаи шаҳри Лиони Фаронса  иқомат дошт, бояд ба Париж мерафт. Аммо маблағаш тамом шуда буд. Барои ҳал намудани ин мушкилӣ се қуттӣ омода карда, руйи мизи меҳмонхона, дар як ҷойи чашмрас гузошт. Рӯйи қуттиҳо чунин навишт: «Заҳр барои Шоҳ», «Заҳр барои Малика», «Заҳр барои Шоҳзода». Вақте пешхизмат онро дид, зуд ба дигарон хабар дод.  Франсуаро дастгир карда, таъҷилан ба пойтахт, назди шоҳ бурданд то «ҷинояткор» ба  ҷазо ҳукм шавад.
Баробари расидан ба назди шоҳ Франсуа Рабле он се қуттии омода кардаашро ба чой андохта нӯшид. Баъдан ба шоҳ асли воқеаро нақл кард, ки чи гуна аз мушкилии бепулӣ осон берун омада, ба марказ расидааст.
Таҳияи  Сафаргул  АЛИМОВА


3 МИЛЛИОН РУБЛ НАРХИ ЯК ШОҲМОТ
Сокини шаҳри Новосибирски Русия шоҳмоти атиқаи нархаш 2,8 миллион рубларо (49 ҳазор доллар) ба савдо гузошт. Хабарро дар ин бора нашрияи «Авито» пахш намудааст.
Мувофиқи хабар шоҳмот як нусха буда, дастӣ сохта шудааст. Барои сохтани муҳраҳои он зиёда аз 20 килограмм устухони мамонт истифода шудааст. Катакҳоро ҳам аз ҳамин масолеҳ сохтаанд.
Фурӯшанда ба харидор кафолати истифодаи якумраи маҳсулотро ҳам додааст.
Таҳияи М. ПАЙК


10 ҶОНВАРИ ҒАЙРИОДӢ
Дарандаи растанихӯр
Энтелодонтҳо ҳайвоноти давраи олигосент буда, ба гурӯҳи ҷуфтсумҳо ва оилаи хукшаклҳо шомил мешаванд. Ин ҷонвар аломатҳои хосси хирс ва хукҳои ваҳширо доро буд. Аммо олимон бар он ақидаанд, ки энтелодонтҳо бештар ба хукҳои ёбоӣ шабоҳат доштанд.
 Ин ҷонвари аҷоиб  30 миллион сол пеш дар Америкаи Шимолӣ  ба сар мебурд. Баландии қади он 2 метр буда, вазнашон то ба  1 тонна мерасид. Онҳо соҳиби ҷоғ ва дандонҳои мустаҳкам будаанд. Инчунин, қувваи босираи онҳо  хуб инкишоф ёфта буд. Аҷибаш ин аст, ки андозаи сари онҳо ба як метр мерасид.
Аз рӯйи тадқиқоти олимон маълум гардид, ки энтелодонтҳо нахуст ҷонвароне мебошанд, ки дар баробари даранда будан рустаниро низ истеъмол менамуданд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ЭКОАВТОМОБИЛ.  ОН БО ЯК ЛИТР БЕНЗИН 2 ҲАЗОР КИЛОМЕТРРО ТАЙ МЕКУНАД
Донишҷӯёни испанӣ аз Донишгоҳи Мигел Эрнандеси шаҳри Элч автомобиле сохтанд, ки бо як литр бензин 2 ҳазор километрро тай менамояд. Ин мошин дар озмуни  Shell Eco - Marathon, ки дар шаҳри Роттердами Нидерландия баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори баҳои баланд шуд.
Дарозии он 3,2, бараш 0,6 ва баландиаш 0,5 метрро ташкил медиҳад. Вазни ин автомобил, ки номаш «Datil 12» аст, ҳамагӣ 38 килограмм аст.
Хотиррасон менамоем, ки соли гузашта моделеро сохта буданд, ки дар рафти мусобиқа бо як литр бензин 1455 километрро тай намуда буд.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2018    №: 47    Мутолиа карданд: 355

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед