logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ РӮЗГОРИ МАРДУМРО БЕҲБУДӢ МЕБАХШАД

Дар вилояти Хатлон риояи талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мунтазам дар ҷаласаҳои васеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, комиссияҳои доимӣ ва вохӯриҳо бо аҳолӣ мавриди баррасиву таҳлил  қарор гирифта, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас андешида мешаванд . Натиҷаи ҳамин тадбирҳо буд, ки дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузории ҷашну маросим ва маъракаҳо ба низом даромада, қонуншиканӣ сол ба сол коҳиш ёфта истодааст.
Тавре мудири шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии вилоят Сафарбек Шарифзода иттилоъ дод, феълан дар вилоят 26 комиссияи доимии вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, 155 комиссияи доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 66 комиссияи ҷамъиятии вилоятӣ ва 2307 комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ фаъолият доранд, ки ҷиҳати риояи бечунучарои муқаррароти қонун дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Соли сипаришуда 197 ҳолати риоя нагардидани қонуни мазкур ошкор шудааст, ки нисбат ба солҳои қаблӣ бамаротиб кам мебошад.
Боиси тазаккур аст, ки қонуни танзим на танҳо пеши роҳи худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт, балки ба афзоиши амалҳои хайр мусоидат намуд. Чуноне  Сафарбек Шарифзода иброз дошт, давоми соли сипаришуда иттиҳодияҳои динӣ ва ашхоси саховатпеша ба хона - интернатҳо, маъ- юбону барҷомондагон, кӯдакони ятиму бепарастор, пирони яккаву танҳо, хонаҳои бачагон ва ниёзмандон ба маблағи зиёда аз 720 ҳазор сомонӣ кумак расонданд.
Кароматулло РАҲМАТОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2018    №: 47    Мутолиа карданд: 329

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед