logo

фарҳанг

ЯҒНОБ. БАРДОШТ АЗ ЯК САФАР

Ҳанӯз моҳи августи соли 2011 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳини сафарашон ба Яғноб гуфта буданд: «Ман ҳамеша дар орзуи он будам, ки ба ин гӯшаи Ватани аҷдодии тоҷикон водии Яғноб омада, бо ҳолу аҳволи посдорандагони таъриху фарҳанг ва оину суннатҳои суғдиёни қадим аз наздик ошно гардам».
Тирамоҳи соли 2017 ба мо - як гурӯҳ кормандони соҳаҳои гуногуни кишвар бо дастгирии Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон низ муяссар шуд, ки ба водии Яғноб сафар намоем.
Яғноб яке аз минтақаҳои баланкӯҳи диёри биҳиштосоямон ба шумор рафта, дорои  обҳои мусаффо ва гиёҳҳои шифобахш  мебошад. Кӯҳҳои сарбафалаккашида, ҳавои софу беғубор, манзараҳои дилфиреб ва истиқболи гарму самимии сокинонаш  касро ба ваҷд меорад.
Дар  ин мавзеи хушобу ҳаво  маҳтобшаб  гулхан  афрӯхта,  давра нишастем. Савту суруди ҷаззоби яғнобиҳоро шунида, аз хастагии роҳ фориғ гаштем. Сипас, суҳбати мо атрофи расму оинҳои мардум ва таърихи ин гӯшаи диёри аҷдодӣ сурат  гирифт.  Аз сабаби шаш - ҳафт моҳ ҳукмфармо будани сардӣ дар ин минтақа сабзондани дарахтони мевадиҳанда  хеле душвор буда, аз маҳсулоти полизӣ фақат картошка нағз ҳосил медиҳад. Чорводорӣ низ шуғли асосии мардуми водӣ ба шумор рафта, аҳолӣ бо гӯшту равған ва ширу саршир тамоми сол таъминанд.
Пас аз шинос шудан бо шароити зис- ту зиндагонии мардум Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёд намудани муассисаи таълимӣ барои хонандагон, ба идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо доданд. Мактаби хуштарҳи замонавӣ дар муҳлати муайяншуда сохта ба истифода дода шуд ва имрӯзҳо наврасони  якчанд деҳаҳои ин водӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Аз тарафи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ иқдоми хубест ва онро аҳли ҷомеа хеле хуш пазируфт. Ба шарофати ин ташаббуси ватандӯстона водии Яғноб низ ба яке аз минтақаҳои сайёҳии кишвар табдил хоҳад ёфт. Зеро тамоми зебоиҳои нодири табиат дар он ғун гаштааст. 
Гулнора АЗИЗОВА,
мудири Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии
ба номи Мирсаид Миршакар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2018    №: 47    Мутолиа карданд: 438
22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

БОЗОРИ ТРАНСФЕРӢ. АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

14.05.2020


КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед