logo

илм

ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Давраи Истиқлолияти давлатӣ дар баробари ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зарурати таҳқиқи илмии равандҳои таҳкими истиқлолиятро ба миён гузошт.

Аввалин шуда ин масъаларо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар назди олимони ҷомеашинос як қатор вазифаҳои муҳим гузоштанд. Дар ин замина як идда олимони ҷомеашинос асарҳои ҷолиб эҷод намуданд.
Профессор Муҳаммад Абдураҳмон аз ҷумлаи олимоне мебошад, ки бо таълифи китоби «Истиқлолияти сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ» дар таҳқиқи проблемаҳои илмии Истиқлолияти давлатӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Асари Муҳаммад Абдураҳмон, ки ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино пешниҳод шудааст, дорои аҳамияти махсуси илмӣ мебошад. Дар пешгуфтори китоб аз забони муаллиф омадааст, ки «Истиқлоли сиёсӣ дар баробари дигар равандҳои ҷомеа, ниёз ба ваҳдати миллӣ ва амнияти дохилию хориҷӣ дорад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (соли 2016) зикр менамоянд: «Мову шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳилаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ  шудем. Аз ин  рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ҳар чи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем».
Муаллиф зимни таҳқиқи масъалаи мазкур андешаҳои худро оид ба давлатдории миллӣ баён намуда, истиқлоли сиёсиро барои миллати тоҷик ҳамчун дастоварди бузурги аср унвон карда, иброз медорад, ки мафҳумҳои соҳибихтиёрӣ, давлатдории миллӣ дар рушди илми муосири ҷомеашиносӣ нақши муҳим доранд.
Бо назардошти муҳимияти масъалаи мазкур, дар китоб муаллиф асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон аз эҳёи миллат» ва маърифати  олимони тоҷик Муҳаммад А. Н. «Тоҷикистон дар масири истиқлолият», Зокиров Г. Н. «Истиқлолияти сиёсӣ», Т. Раҳмонов «Осори мунтахаб» ва дигар ҳуҷҷатҳо, ба монанди «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатӣ», «Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон» - ро мавриди таҳлил қарор додааст.
Ба андешаи муаллиф, истиқлоли сиёсӣ яке аз равандҳои пурсамари таъмини  рушди ҷомеа, идораи давлат ва манбаи тавоноест, ки истифодабарии оқилонаи он ба хотири дар амал татбиқ намудани ҳадаф ва идеяҳои миллӣ натиҷаи пурбор дода метавонад. Маҳз бо назардошти вазъи Тоҷикистони соҳибистиқлол, пас аз хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, муҳаққиқ дар асар истиқлоли сиёсиро ҳамчун озодии иродаи миллӣ, шаъну шараф, қудратмандӣ ва яке аз рукнҳои асосии ҳастии давлати мустақил дониста, барои ҳимояи он таъкиду пешниҳодҳои муфид намудааст.
Аз нигоҳи мо, асари Муҳаммад Абдураҳмон «Истиқлоли сиёсӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ» асари арзишманди илмӣ буда, диди амиқи муаллифро дар таҳқиқи проблемаҳои сиёсатшиносӣ нишон медиҳад.
Асари мазкур барои доираи васеи хонандагон, сиёсатмадорон, муҳаққиқон, хусусан барои олимони ҷавон, таҳқиқоти ибратомӯз буда, ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ сазовор аст.
К. ОЛИМОВ,
академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои фалсафа, профессор,
Ю. ЯҚУБОВ,
академики АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои таърих, профессор,
А. ИСКАНДАРОВ,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2018    №: 47    Мутолиа карданд: 2919

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед