logo

сиёсат

СОҲИБКОРОН ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

Дастгирии давлатии соҳибкорӣ ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин аст, ки ҳамасола дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ  Сарвари давлат бо ташаббусҳои наву созанда, ки ба дастгирии соҳибкорӣ равона гардидаанд, баромад мекунанд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 низ дар ин самт истисно нест.

Дар ин Паём Президенти мамлакат рушди соҳибкорӣ дар соҳаи  истеҳсолӣ, ҷалби сармоя дар ин самт, кам кардани санҷишҳои соҳибкорон ва эълон намудани мораторий ба санҷишҳои соҳибкорон дар соҳаи истеҳсолӣ, пешгирии воридшавии маҳсулоти пастсифат, рушди соҳаҳои парандапарварӣ, сайёҳӣ ва истеҳсоли маводи дорувориро махсус зикр намуданд.
Баъди ироаи Паём ҷиҳати амалӣ намудани нишондодҳои он чораҳои амалӣ андешида шуда истодаанд. Аз ҷумла, 16 январи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фармонро «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба имзо расонданд.
Мувофиқи ин фармон ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ду сол мораторий эълон карда шуд.
Эълон намудани мораторий нишони дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ буда, он барои рушди соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ,  таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам намудани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои шаффоф ва мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
26 феврали соли ҷорӣ дар рӯзномаҳои расмии ҷумҳурӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ»,   қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор гардиданд, ки дар онҳо заминаҳои ҳуқуқии мораторий, имтиёзҳои андозию  гумрукӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ танзими худро ёфтанд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ»  асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, тартиби татбиқи мораторий муқаррар карда шуда, он  ба ҳифзи  ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон  равона гардидааст.
Дар қонун мафҳумҳои мораторий ба санҷишҳо, субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, давраҳои мораторий ба санҷишҳо ва ғайра возеҳу равшан шарҳ дода шуданд. Масалан, мораторий ба санҷишҳо ҳамчун муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бошад, ҳамчун шакли фаъолияти мақоми давлатии санҷишкунанда оид ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъекти хоҷагидор мутобиқи талаботи қонунгузорӣ маънидод гардидаанд.
Субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ  шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие ба шумор меравад, ки ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул мебошад. Давраи мораторий ба санҷишҳо ин муҳлатест, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гашта, дар давоми он санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонуни мазкур, манъ карда мешаванд.
Мувофиқи ин қонун рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ба соҳаи истеҳсолӣ мансубанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод карда шуда, ин Шӯро қарорро дар хусуси ворид намудани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба феҳристи субъектони дар соҳаҳои истеҳсолӣ  фаъолияткунанда қабул менамояд. Дар асоси ин қарор мақоми ваколатдор вазифадор аст, дар давоми на дертар аз се рӯз ин шахсро ба феҳристи субъектони дар соҳаҳои истеҳсолӣ  фаъолияткунанда дохил намояд.
Бояд гуфт, ки ҳарчанд мораторий гузарондани санҷишҳоро  дар давраи амали он боздорад ҳам, дар моддаи 6 қонуни мазкур ҳолатҳои истисноие нишон дода шудаанд, ки зимни онҳо гузарондани санҷишҳо иҷозат дода мешавад.
Санҷиши фаъолияти субъектони соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба иҷро намудани талаботи санадҳои меъ- ёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо огоҳондани Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ дар ҳолатҳои зерин мумкин аст:
- санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи андоз;
- агар аз ҷониби шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ (истеъмолкунандагони молу маҳсулот) нисбати фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба вайрон кардани ҳуқуқҳои онҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё ба мақомоти ваколатдори давлатии санҷишӣ аризаи хаттӣ ворид гардад (чунин санҷиш танҳо дар доираи муроҷиати пешниҳодшуда амалӣ карда мешавад);
- агар санҷиш ба муомилоти маводи доруворӣ, сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ вобаста бошад;
- дар асоси аризаи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар мавриди барҳам додани фаъолияти онҳо;
- санҷиши маҷмӯии андоз, ки тибқи қисми 6 моддаи 28 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад.
Дар ҳама ҳолат санҷишҳои гузарондашуда дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешаванд.
Дигар хусусияти ин қонун аз он иборат аст, ки дар давраи татбиқи мораторий ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 6 зикргардида вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектони соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ амали як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла:
- Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи карантини растанӣ»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат»;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» боздошта мешавад, яъне мақомоти санҷишие, ки дар асоси ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколати гузарондани санҷишҳоро доранд, наметавонанд аз онҳо истифода баранд.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кодекси мазкур як қатор тағйироти ҷиддӣ ворид карда мешаванд. Аз ҷумла, қонунҳое, ки андози навро муқаррар менамоянд, шароити андозсупорандагонро вазнин мекунанд, ё барои ҳуқуқвайронкунии андоз ҷавобгариро муқаррар мекунанд, ё уҳдадории нави андозсупорандагонро муайян мекунанд, қувваи бозгашт надоранд ва танҳо баъди як моҳи интишори расмиашон мавриди амал қарор мегиранд.
Мувофиқи  тағйироте, ки ба моддаи 29 кодекс ворид гардид, санҷишҳои нақшавии ҳуҷҷатии андозсупорандагоне, ки даромади умумии онҳо (ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо, андоз аз фурӯши алюминийи аввалия) дар давраи соли тақвимии гузашта бештар аз 25 миллион сомонӣ мебошад, на зиёда аз як маротиба дар як сол гузаронда мешаванд. Агар даромади умумӣ дар соли тақвимии гузашта аз 25 миллион сомонӣ кам бошад, санҷишҳои нақшавии ҳуҷҷатии андозсупорандагон на зиёда аз як маротиба дар ду сол гузаронда мешаванд.  Қаблан даромади умумӣ  15 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд.
Мувофиқи тағйироти ба моддаи 37 кодекс воридгардида, гузарондани назорати камералӣ барои давраҳои санҷишҳои маҷмӯиву мавзӯии гузарондашуда, такроран гузарондани назорати камералӣ, инчунин зиёда аз як маротиба дар шаш моҳ гузарондани назорати камералӣ манъ карда мешавад. Дар мавридҳои истисноӣ гузарондани назорати камералӣ бо супориши хаттии роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ мумкин аст.
Мувофиқи иловаи ба моддаи 81 ҳамин кодекс воридгардида, санадҳо ва қарорҳои мақомоти андоз, ки бар хилофи талаботи кодекси мазкур ҳисоб, таҳия ва қабул гардида, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро маҳдуд ё манъ менамоянд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Мутобиқи тағйироти ба моддаи 169 кодекс пешниҳод гардида, таҳвили (фурӯши) либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ мувофиқи номгӯ, таҳвили маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ мувофиқи номгӯ, воридоти  ашёи хом (фарнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ, воридоти техникаи кишоварзӣ мувофиқи номгӯ, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, воридоти технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ва ё ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Воридоти автомашинаҳои нав (аз санаи барориш як сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то даҳ ҳазор километр бошад) аз пардохти 50 фоизи маблағи андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Ҳамчунин, мувофиқи тағйиру иловаҳои  ба Кодекси андоз воридгардида ба субъектони  соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, фурӯши либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ, воридоти  ашёи хом барои истеҳсоли либоси мактабӣ ва таҳвили маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ, воридоти техникаи кишоварзӣ мувофиқи номгӯ, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, воридоти технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ва ё ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Мувофиқи тағйироте, ки ба моддаи 313 Кодекси андоз ворид карда шуд,  имтиёзҳои андозии дар ин модда барои  корхонаҳои навтаъсисе, ки ба силсилаи пурраи  коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ пешбинӣ гардида буданд, нисбати корхонаҳои амалкунандае, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ машғуланд, низ паҳн мегардад.
Дар баробари ин, корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво ба муҳлати шаш сол аз супурдани андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз молумулки ғайриманқул озод карда мешаванд.
Ба ғайр аз ин, дар қонун як қатор меъёрҳое пешниҳод гардидаанд, ки ба манфиати андозсупорандагон метавонанд хизмат кунанд. Чунончи  санҷиши нақшавии ҳуҷҷатии аввалини фаъолияти субъекти соҳибкории хурд, ки супорандаи андози низоми содакардашуда мебошанд, танҳо баъди сипарӣ шудани 36 моҳ аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ мумкин аст. Ин муҳлат қаблан 24 моҳро ташкил медод.
Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, аз пардохти боҷи гумрукӣ воридоти ашёи хом (фарнитура) барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳое, ки рӯйхати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, воридоти техникаи таъйиноти кишоварзӣ, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ва молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз пардохти боҷҳои гумрукӣ пурра озод карда шуда, воридоти автомашинаҳои нав (аз санаи барориш як сол нагузашта, масофаи тайнамудаашон то даҳ ҳазор километр) аз пардохти боҷи гумрукӣ 50 фоиз озод карда мешаванд.
Қаблан, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон” Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018”  ҷиҳати навсозии техникии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷик- эйр”, Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон воридоти ҳавопаймоҳо, локомотивҳо ва вагонҳои замонавии мусофиркашонӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда буданд.
Бояд тазаккур дод, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии номбурда аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор гирифтанд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида барои рушди иқтисодии мамлакат, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои кории нав ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум равона гардидаанд.
Маҳмадалӣ  ВАТАНЗОДА,
ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ -  намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.02.2018    №: 47    Мутолиа карданд: 269

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед