фарҳанг
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. ҲИФЗУ ТАҲКИМИ ОН РИСОЛАТИ ВАТАНДОРИСТ
Ваҳдат барои миллати мо ба як ҳарфи гӯшнавозу хушоҳанг ва гиромиву азиз мубаддал гаштааст, зеро мо онро сари ҳар қадам, дар ҳар замону макон бо меҳри самимӣ ба забон меорем. Дар замони мо зери мафҳуми ваҳдат оромиву осудагӣ, ҳатто бахту иқболро мефаҳманд, ки ин беҳуда нест, чунки маънии оромиву осудагӣ ва хушбахтӣ барои миллати сарафрози тоҷик дар як радиф қарор гирифтаанд.
Тамоми ҷаҳониён имрӯз аз ҳар чизи дигар дида ба оромиву субот, зиндагии осуда ниёзи бештар пайдо кардаанд, чунки авзои дунёи муосир мураккабу печидагиҳое дорад. Дар ин муҳити хатарзо ва ноором беҳтарин ва заруртарин неъмат барои ҳамаи мардуми олам ваҳдат хоҳад буд. Ваҳдати миллӣ дар радифи Истиқлолияти давлатӣ аз бузургтарин ва арзишмандтарин дастовардҳои миллати тоҷик ҳисоб меёбад. Барои мо, қабл аз ҳама, озодӣ арзиши олӣ дорад, ки онро истиқлолият насиби мо сохт ва баъдан амнияту осудагӣ қадру манзалати бузургро дорост, ки онро ваҳдати миллӣ муқаррар намуд. Аз ин ҷост, ки ба қадри ин ду неъмати худодод расидан вазифаи маънавӣ ва қарзи фарзандии ҳар як фарди ҷомеа аст.
Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия 27-уми июни соли 1997 як ҳодисаи камназири таърихист. Имзои ин санади таърихӣ ва тақдирсоз миллати тоҷикро ба ҳам овард, фирориёнро ба Ватани аҷдодӣ бозгардонд, роҳро ба сӯйи ободию созандагӣ боз кард, муҳимтар аз ҳама, шуълаи умедро ба фардои нек дар дили мардум барафрӯхт, ки ҳосили талошҳои фарзанди фарзонаи халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин буд, ки бо иродаи мардуми шарифи тоҷик дар сатҳи олии қонунгузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат пазируфта шуданд, ки нишони эътироф ва арҷгузорӣ ба хизматҳои мондагори ин абармарди таърих аст.
Вазифаи шаҳрвандиву маънавии мост, ки сабақҳои талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ҳамеша дар ёд дошта бошем, то дигарбора бо ин даҳшат рӯ ба рӯ нашавем. Сарвари давлат ин маъниро махсус таъкид кардаанд: «Сабақҳои талхи ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳаёти осоиштаи халқи моро ба фоҷиаи миллӣ табдил дод, набояд ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири халқи мо ва наслҳои имрӯзу фардо фаромӯш гардад. Бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки мо Созишномаи сулҳро ба осонӣ ба даст наовардем. Сабақҳои ҷанги шаҳрвандӣ чун зангӯлаи таърих моро ба ҳушёрӣ даъват менамоянд ва водор месозанд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар саросари кишвар ҳамеша ҳифз ва чун гавҳари қиматбаҳо эҳтиёт намоем».
Ҳамчун ҷузъи тафаккури миллӣ қабул гардидани ғояи ваҳдати миллӣ иқдоми хеле муҳим мебошад. Ғояи ваҳдати миллӣ барои расидани ҳар тоҷикистонӣ ба қадри Ватан, фарҳанги куҳанбунёд, муқаддасоти миллӣ, аз қабили истиқлолият, озодӣ, рамзҳои давлатӣ нақши муассир мебозад. Аз ин рӯ, гиромидошт ва арҷ гузоштан ба ваҳдати миллӣ - ба ин сарвати бебаҳо ва неъмати гаронмоя, талқину таҳкими он рисолати шаҳрвандӣ ва маънавии ҳар як сокини кишвари азизи мост.
Ҷангибек УЛФАТШОЕВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.02.2018 №: 47 Мутолиа карданд: 140