logo

Хабарҳо

Суғд. Авлавият ба саноат

Дар назар аст, ки солҳои наздик яке аз коргоҳҳои пуриқтидори мамлакат – Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон», воқеъ дар шимоли кишвар, дубора ба фаъолият оғоз намояд.
Ин нукта зимни мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори ширкати «Ли Сзя Инвестмент»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Жангуан мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ  бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар вилояти Суғд якчанд корхонаҳои саноатӣ бунёд гардида, дар ин радиф саҳми Ҷумҳурии Мардумии Чин басе назаррас аст.
Ли Жангуан аз сатҳи  ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои дубора фаъол намудани Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» баён дошт.
Таъкид гашт, ки аз ҷониби мутахассисони ширкати «Ли Сзя Инвестмент» ташхиси Кони Мансури шарқӣ ва Кони Мансури ғарбӣ гузаронда шуда, тибқи хулосаҳо, барои фоидаовар шудани корхона ҳаҷми истеҳсолот бояд 3 баробар зиёд, яъне истихроҷ ва коркарди маъдан аз 500 ҳазор то ба 1,5 миллион тонна расонда шавад.
Аз ин рӯ, баҳри амалишавии ин иқдом навсозии таҷҳизоти корхона зарур мебошад, ки дар навбати худ он имкон медиҳад, дар Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» 1500 ҷойи кори нав ташкил гардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 388

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед