logo

фарҳанг

АЛЛОМАИ ДАВР

Ҳар кӣ н - омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Умри алломаи давр устод Бобоҷон Ғафуров маҳз барои омӯхтану пасон омӯзондани мардум сарф шуда буд. Ӯ 31 декабри соли 1908 дар шаҳри бостонии Хуҷанд таваллуд ёфт ва ҳамагӣ 65 сол умр дид, аммо чи қадар ҳосили фаровон ба бор овард. Мавсуф таҳсилоти олии нопурраро дар риштаи ҳуқуқ дар Самарқанд (1930) ба даст оварда, дар Донишгоҳи умумишӯравии рӯзноманигории шаҳри Маскав (1931-1935) хонда буд. Чанде рӯзноманигорӣ кард ва аз соли 1940 ба корҳои ҳизбӣ ва фаъолияти таърихшиносию таърихнигорӣ машғул гардид.
Бобоҷон Ғафуров раисии Кумитаи шӯравии ЮНЕСКО «Шарқ - Ғарб» - ро низ муддате ба уҳда дошт. Даҳ сол котиби аввали КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ё худ сарвари вақти ҷумҳурӣ буд.
Зиёда аз 400 мақолаи илмӣ, китобҳои «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» (1947) ва «Тоҷикон» (1972) - ро таълиф намудааст. «Тоҷикон» дар Маскав ба забони русӣ нашр гардид. Албатта ба олимону муҳаққиқон бештар маълум аст, ки барои таълифи ин миқдор мақолаи илмӣ ва китобҳо дар бораи таърихи халқи тоҷик чандин сарчашмаҳоро хонда, аз онҳо иқтибос гирифта, нуқта ба нуқта, қадам ба қадам таҳаввули як халқро омӯхта, то ба як миллати бутун созмон ёфтани он тадқиқ намудан кори осон нест.
Ҳамин аст, ки устод Садриддин Айнӣ барин як шахсияти бузурги таърихӣ Б. Ғафуровро ёвари илмӣ буд. Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Носирҷон Маъсумӣ, А. Баҳоватдинов, Зариф Раҷабов ва С. А. Раҷабовро дар Академияи илмҳо маҳз ин аллома ба хотири бунёду густариши илм ҷамъ овард. Онҳо илми таърихшиносии тоҷикро ба хубӣ пеш мебурданд.
Дар тӯли таърихи миллати тоҷик мавҷудияти чунин як рӯйдоде чун «сӯфия» кори басо мураккаб маҳсуб мешуд. Аллома дар таълимоти ваҳдати вуҷуд ва сайри сулуки намояндагони он, сар карда аз Мансури Ҳаллоҷ, «Рисолаи Қушайрия» - и шайх Абулқосими Қушайрӣ, Абулҳасани Харақонӣ, шайх Абусаиди Абулхайр, ки вақти вохӯриаш бо Абуалӣ ибни Сино гуфта буд: Ҳарчи ман мебинам, ӯ медонад ва баръакс - ҳарчи ман медонам, ӯ мебинад...
Пасон аз осори Имом Муҳаммади Ғазолӣ, Аҳмади Ғазолӣ ва дигарон сухан кардааст. Устод Б. Ғафуров барҳақ иброз доштааст: «Як зумра адибони мутасаввиф, аз ҷумла Бобо Кӯҳӣ, Ансории Ҳиравӣ, Саноӣ, Фаридаддини Аттор, Низомии Ганҷавӣ бо забони содаву равон аз ормонҳои башардӯстонаи худ ва мардум ҳарф задаанд».
Аз ҷумла, гуфта, ки «Имом Муҳаммади Ғазолӣ дар китобаш «Таҳофат – ул – фалосифа» бо нияти рад намудани нуктаи назари пайравони фалсафаи машшоия нуктаҳои асосии онро чунон дақиқ ифода намуда, ки он ба муддати дароз беҳтарин василаи омӯзиши ин фалсафа истифода гардид ва инкишофи он ба ақлгароӣ ва адлкорӣ, озодманишии Маздак ва ақоиди ӯ гардид».
Устод Б. Ғафуров дар асарҳои худ, хусусан дар «Тоҷикон», дар бораи Ҷалолиддини Балхӣ  ва   Саъдии Шерозӣ сухан гуфта, онҳоро бузургтарин шоирони тасаввуф меномад. «Девони Кабир» ва «Маснавӣ»  сатҳи олии инкишофи маснавиҳои ирфонӣ мебошанд, - таъкид менамояд ӯ.
Диққати маро ин ақидаи устод низ ба худ ҷалб менамояд:   «Эҷодиёти Саъдӣ бо таъсири назми қадимаи тоҷик (аз устод Абуабдуллоҳи Рӯдакии Панҷрӯдӣ сар карда) ташаккул ёфт ва ба он пайваст, ба таърихи адабиёти тоҷик ворид гашт».
Нур ТАБАРОВ, адиб,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.02.2018    №: 48    Мутолиа карданд: 437

20.02.2020


РУШДИ УСТУВОРИ ШАҲРСОЗӢ. ДАР ДУШАНБЕ ДОИР БА ИН МАВЗӮЪ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОИР ГАРДИД

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ "ДАСТАРХОНОРОӢ"

ДУШАНБЕ. ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. МУЛОҚОТИ ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО ГУРӮҲИ КОРИИ КМИ ҲХДТ

РАШТ. ҲАМОИШИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГУ МЕҲНАТ

ГӮШТӢ. МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК АЗ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҲАМА АГЕНТИИ ХУСУСИИ ШУҒЛРО МЕБАНДАНД

ҚАЗОҚИСТОН: 90 ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАЪДИ БЕТАРТИБИҲО ДАР ҶАНУБИ КИШВАР

ДАР УХАН БОЗ 12 БЕМОРХОНАИ МУВАҚҚАТӢ БАРОИ БЕМОРОНИ COVID-19 КУШОДАНД

ПЙЕР ВИМОН: «ТАҲРИМОТИ ЗИДДИРУСӢ БАР ЗАРАРИ ХУДИ АВРУПО ШУДАНД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ОИД БА ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ «ҲАҶ-2020»

КОДЕКСИ ОБ ИСТИФОДА ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ ОБИРО БА ТАНЗИМ МЕДАРОРАД

МАСОИЛИ ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ МАТРАҲ ШУДАНД

КОНФРОНС БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

ЛИЖАРОНӢ. ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ДОДАНИ ЛИТСЕНЗИЯРО ТАҶДИДИ НАЗАР МЕКУНАНД

ҚАЗОҚИСТОН. 13 ФУРУДГОҲИ МАСИРИ ҲАВОИИ МАҲАЛЛӢ МЕСОЗАД

САРВАРИ ФЕЪЛИИ АФҒОНИСТОН АШРАФ ҒАНӢ БОЗ ПРЕЗИДЕНТ ИНТИХОБ ШУД

ТИҶОРАТ БАЙНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН МОҲИ ЯНВАР ДУ БАРОБАР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед