Хабарҳо
Толибони Афғонистон кор кардан мехоҳанд
Lenta.ru. 70 ҷангии ҳаракати ифротии «Толибон» изҳор дошт, дар сурати пайдо кардани кор дар сохтмони лӯлаи газ, ки аз Туркманистон ба Ҳиндустон тавассути Афғонистон ва Покистон мегузарад, силоҳ таслим карда, ба ҳаёти осоишта машғул мешаванд.
Доир ба ин масъала намояндагони "Толибон" аллакай бо ҳукуматдорони музофоти Ҳирот гуфтушунид анҷом доданд. Ҳукуматдорони афғон ин дархост ва бо ҷои мушаххаси кор таъмин кардани онҳоро пазируфтанд. Танҳо як шарт пеш оварданд: "Толибон" аз муборизаи мусаллаҳона алайҳи ҳукумати қонунӣ бояд даст кашанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 475