logo

Хабарҳо

Агар аз ӯ ёд ояд...

Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба ифтихори Рӯзи Модар ёдбуди яке аз сарояндагони маъруфи тоҷик Муқаддас Набиева таҳти унвони «Агар аз ту ёд ояд…» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ таъкид гашт, ки хидматҳои Муқаддас Набиева дар такомул ва инкишофи жанри эстрадаи тоҷик шоистаи таҳсин буда, дар давоми умри кӯтоҳаш тавонист ба чандин тозакориҳои ҳунарӣ даст зада, муваффақ бадар ояд. Бавижа, бори аввал ғазалиёти классиконро бо оҳангҳои замонавӣ сурудани Муқаддас на танҳо мухлисон, балки аҳли ҳунарро низ ба ҳайрат оварда буд.
Дӯсти деринаи Муқаддас Латофат Кенҷаева, пас аз марги нобаҳангоми ӯ китоби «Шарораи хотираҳо» - ро навишта, кӯшиш намуда буд, ки ба баъзе пахлуҳои рӯзгор ва осори мавсуф рӯшанӣ андозад.
- Муқаддас, бонуи озодаву наҳифпайкар, аз ноҳияи Фархор омада, фаъолияти кориашро дар ансамбли «Гулшан» оғоз кард. Дар чандин соле, ки мо бо ӯ дар бинои истиқоматии Хонаи радио мезистем, шахсияти нотакрор ва завқу дониши баланди эҷодиаш ҳувайдо гашт. Муқаддас воқеан ҳам барои санъат, ҳунар ва саҳна офарида шуда буд ва ҳоло ҳам номи ансамбли «Гулшан» тавъам бо номи Муқаддас ёд мешавад, ки бесабаб нест, - изҳор дошт Л. Кенҷаева.
Файзалӣ Ҳасан зимни ёдовар шудан аз хидматҳои Муқаддас дар олами санъати тоҷик махсус қайд намуд, ки ҳамин садои дилнишин, матнҳои баландмазмун, оҳангҳои марғуб ва сурудани самимонаи таронаҳо ному нишонаи Муқаддасро садсолаҳо зинда медорад. Санъати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ имрӯз ҳам бо номҳои бонувони овозхон Муқаддас, Хурмои Ширин ва Наргиса Бандишоева муаррифӣ мешавад, ки боиси ифтихор аст. 
Сурудҳои машҳури ӯ «То боди саборо ба гулистон гузаре ҳаст» (ғазали Ҳилолӣ), «Ситораи ман» (шеъри Мирзо Турсунзода), «Шаб ба хайр!» (шеъри Лоиқ) «Эй нури ман», «Баргаштаму оина ба дасташ додам», «Шарораи хотираҳо», «Агар аз ту ояд…» имрӯз ҳам аз таронаҳои дӯстдоштании халқи мо буда, дар бештари маҳфилу нишастҳо вирди забон мешаванд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 972

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед