logo

иҷтимоиёт

МАҚОМИ ЗАН. ҲУКУМАТ БА ОН ТАВАҶҶУҲИ ХОССА ДОРАД

Дастгирии соҳибкории занон, ба касбомӯзӣ ҷалб намудан ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо аз масъалаҳое мебошанд, ки Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ин самт занони мамлакатро ҳамеша дастгирӣ менамояд. Мақсад аз ин дастгириҳо, пеш аз ҳама, барои беҳбуди шароити кору зиндагии занон аст.
Ба ин хотир ва таъмини иштироки занон  дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва идора намудани давлат бо ташаббуси Пешвои миллат то имрӯз санадҳои гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки онҳо дар баланд бардоштани мақом ва манзалати занон дар бунёди  ҷомеаи демократӣ нақши  муҳим мебозанд.
Аз ҷумла, соли 1998 бо қарори Ҳукумати кишвар «Нақшаи миллии тадбирҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани  мақом ва нақши зан дар солҳои 1998 - 2005» тасдиқ гардид. Санади муҳими дигар дар ин самт ин Фармони  Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки он бори дигар дунявӣ будани  ҷомеаи  Тоҷикистонро таъкид месозад.
Баъдтар бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ «Стратегияи  миллии фаъолгардонии  нақши занон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2020» тасдиқ гардид.
Армуғони дигар таъсис додани Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» барои донишҷӯдухтарони ятиму бепарастор буд, ки дар он ҳамасола духтарони зиёд таълим мегиранду касб меомӯзанд. Барои иқомати зиндагии ин духтарони ятим шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Ба хотири рушди соҳибкории хурд ва миёна ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави кор соли 2006 гранти  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Аз соли 2006 то 2017 аз ин ҳисоб 14 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Аз ин ҳисоб ҳамасола зиёда аз 400 нафар занони кишвар бо кор таъмин мешаванд.
Ин ва даҳҳо санадҳои дигари қабулгардида ба беҳтаргардии вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавии хонаводаҳо, баланд бардоштани  мақоми  зан дар ҷомеа, иштироки фаъоли онҳо дар  идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои боистеъдод аз ҳисоби  духтарон, беҳтар шудани вазъи сиҳатии модару кӯдак замина гузоштанд.
Пас аз андешидани тадбирҳои муҳим шумораи занон дар хизмати давлатӣ ва намояндагӣ дар ташкилотҳои байналмилалӣ сол то сол зиёд гардид.
Умуман, сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии занон созанда аст ва ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки оянда онҳо дар рушди кишвар саҳми аз ин ҳам бештар мегузоранд. 
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2018    №: 49    Мутолиа карданд: 273

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед