logo

сиёсат

БОНУВОН ВА УМУРИ ДАВЛАТДОРӢ

Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан - модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳои заруриро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Таърих гувоҳ аст, ки нобаробарҳуқуқӣ, вазъияти сахти зан дар оила ва ҷамъият, ҳамчун шахс эътироф нашудани ӯ, ҷаҳолат ва шинохти зан чун моликият, ки аз одитарин ҳуқуқҳо маҳрум буд, занҷири сарбаста ва тангеро мемонд дар вуҷуди нозуки бонувон. Тазоди зиндагӣ дар он буд: мард, ки ӯро зан ба дунё оварда, тарбия намудааст, аз ҳуқуқҳои сиёсӣ бархӯрдор буду нафаре, ки ӯро ташаккул додааст, ин ҳуқуқҳоро надошт.

Ҳамин нобаробарии сиёсӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ буд, ки боиси эътирози занон гардида, ҳаракати нерумандеро дар ҷаҳон ба миён овард. Талоши бонувон ҷиҳати иштироки фаъолона дар ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишварҳои гуногун самаровар гардида, дар шинохти чеҳра, қудрат, тавонмандӣ ва ҷасорати онҳо саҳифаи наверо боз намуд.
Мустақилона ва боҷуръатона баробари мардон дар соҳаҳои гуногун қадам задани  занони тоҷик дар шикасти қолабҳо ва тасаввуротҳои куҳна, ки рисолати занро бениҳоят маҳдуд мекарданд, инқилоби ҷиддие гашта, баҳри ташаккули тафаккури нав вобаста ба мавқеъ ва манзалати онон заминаи мусоид фароҳам овард.
Муҳимтарин воқеаи таърихӣ, ки барои  баланд бардоштани иштироки занон дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат намудааст, ин ғалабаи Инқилоби октябри соли 1917 буд, ки баъди он занон озод шуданд ва ба баробарҳуқуқӣ ноил гардиданд.
Бояд зикр намуд, ки дар ҳар давру замон занон бо меҳнати шоистаи худ дар таърихи миллат нақши сазовор гузоштаанд. Низомҳо дигар мешаванд, сиёсатҳо тағйир меёбанд, вале зан - модар, ки ҷавҳари ӯро меҳру муҳаббат, самимият ва покию иффат ташкил медиҳанд, ҳама вақт неруе боқӣ мемонад, ки ҷамъият ба ӯ эҳтиёҷ дорад.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ мақоми зан дар ҷомеаи тоҷик ҷойгоҳи шоиста касб намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 27 декабри соли 1993 Конвенсияи байналмилалӣ «Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон», «Ҳуқуқҳои кӯдакон», «Ҳуқуқҳои   занон» - ро қабул кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа иқдомоти шоистаеро анҷом додаанд, таъкид менамоянд, ки «нақш ва мақоми зан дар ҷомеаи мо аҳамияти калон дорад. Зеро, чӣ масъалае, ки моҳияти иҷтимоӣ ва сиёсӣ дошта бошад, мо рӯи даст нагирем, маълум мешавад, ки ҳалли он бе иштироки занон, бе назардошти фикру пешниҳодоти онҳо имконнопазир аст». Талошҳои судманди Пешвои муаззами миллат дар ин самт давра ба давра иштироки фаъоли занонро дар умури давлатдорӣ таъмин намуда, саҳми онҳоро дар пешбурди хоҷагии халқи мамлакат чашмрас намуд.Бонувони тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-1997 бадтарин рӯзҳоро аз сар гузаронданд. Дар ин давра, 25000 зан шавҳари худро аз даст дод, 55 000 кӯдак ятим монд, беш аз 100 000 нафар ҷони худро аз даст дод, ки ин ҳолат ба рӯҳу равони аҳолӣ, махсусан занон зарари  ҷиддӣ расонд. Сарфи назар аз талафоти бузург, зарбаи тақдирро босаброна таҳаммул карда, дар қатори мардон барои пойдор намудани сулҳу  субот дар кишвар сарбаландона мубориза бурданд.
Сол ба сол иштироки бевоситаи бонувон дар низоми қонунгузорӣ, намояндагӣ дар порлумон, идоракунии ҳокимияти давлатӣ бештар гардида, дар интихоботи порлумонии соли 2015 - ум 12 бону вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳамзамон 6 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ низ аз шумори занон аст, ки далели боло рафтани обрӯ ва мақоми зан-модар дар ҷомеа аст.
Ин ҳама бори дигар гувоҳ аз он медиҳад, ки зан - модари тоҷик як неруи бузурги созанда, тарбиятгари насли наврас, пешбарандаи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  нигоҳдорандаи сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҳама давру замон буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Маҳбуба КАМОЛОВА,
сармуҳаррири «Народная газета»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2018    №: 49    Мутолиа карданд: 327

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед