logo

иҷтимоиёт

НИЗОРАМОҲ ЗАРИФОВА – ЧЕҲРАИ МОНДАГОР

Дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Модар вохӯрии яке аз ходимони барҷастаи давлатӣ Низорамоҳ Зарифова бо устодону донишҷӯён  баргузор гардид. Ин бонуи матиниродаи навадупанҷсола аз наврасӣ ба хидмати халқу Ватан камар баста, дар роҳи озодии занон, ташкили нахустин ҷамъиятҳои бонувон, ҳимояи ҳуқуқ ва саводнокии онҳо талошҳо кардааст.
Дар чорабинӣ муовини ректори донишгоҳ Файзалӣ Акрамов сухан гуфта, таъкид намуд, ки рӯзгору фаъолияти чунин шахсиятҳои бузург барои ҷавонони мо оини ватандорӣ, садоқату самимият ва диловариро меомӯзад.
- Солҳои 1941-1945, дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Низорамоҳро мебоист ҳамчун котиби Созмони ҷавонони шаҳри Кӯлоб мушкилоти ҷавонони ин минтақаро ҳал намояд, ба фронт ёрӣ расонад, на танҳо ҷавонписаронро, балки духтарони болаёқату шуҷоъро ҷисману рӯҳан ба ҷанги зидди фашизм омода кунад, онҳоро ҳар рӯз аз вазъи майдонҳои муҳориба огоҳ созад ва дар баробари ин садҳо супоришҳои дигари давлативу ҷамъиятиро ба сомон расонад, - изҳор дошт Ф. Акрамов.
Бо садоқат ва масъул-иятшиносӣ Низорамоҳ Зарифова ба вазифаҳои пурмасъулияттар таъйин мешуд. Бино ба гуфтаи қаҳрамони мо, яке аз воқеаҳои таърихии рӯзгори ӯ иштирокаш дар Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав буд. Ин зани дурандеш ҳарчанд қабл аз ин аз минбарҳои баланд сухан гуфта бошад ҳам, ин бор суханронии ӯ тамоман рангу бӯи дигар дошт. Мебоист масъалаи бунёди Неругоҳи  барқи обии Норакро ба миён гузошта, назди намояндагони кишварҳои дигари шӯравӣ аз ҳар ҷиҳат манфиатбахш ва зарур будани ин сохтмони бузургро собит месохт.
Ҳамон рӯзи таърихиро Низорамоҳ чунин ба ёд овард: «Бо тамоми кӯшишу ғайрат ҳаяҷони ботиниву зоҳирии худро пахш карда, бо лаҳни каме сактадори русӣ ҳарф мезадам ва вобаста ба тобиши маъноии ҷумлаҳо баъзе аз онҳоро бо қатъият ва хитобдор мегуфтам, то бовару эътимоди ҳозиронро ба даст оварда бошам. Чун суханам поён ёфт, шурӯъ аз раиси вақти Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ А. Н. Косигин то вакилони халқ ҳамагӣ кафкӯбӣ карда, ҳамовозии худро барои сохтмони НБО Норак баён доштанд».
Ин мардонагии Низорамоҳ Зарифова ҳанӯз вирди забонҳо буда, роҳи дуру дарози тайкардаи чунин шахсиятҳои идеалӣ омӯзиш ва ҷустуҷӯҳои зиёдро мехоҳад. Бавижа, ташкил ва рушди Шӯрои занон ва дар заминаи он шакл гирифтани Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавзӯъҳоест, ки бояд омӯхта шавад ва хидматҳои Низорамоҳ барин бонувони ҷасуру фидоӣ дар ин ҷода пурра инъикос ёбад.
Б. САЛИМОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.02.2018    №: 49    Мутолиа карданд: 606
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед