logo

фарҳанг

ВЛАДИМИР НОРОВ: "МО ЯК МАРДУМЕМ, КИ БО ДУ ЗАБОН ҲАРФ МЕЗАНЕМ"

Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 11 маркази фарҳангии тоҷикон фаъолият дорад. Дар 250 муассисаи таълимӣ хонандагон ба забони тоҷикиву ӯзбекӣ, аз ҷумла дар 55 мактаб ба забони тоҷикӣ, таҳсил менамоянд, яъне таҳсили 61 ҳазор хонанда ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Дар 3 муассисаи олии таълимии кишвар гурӯҳҳои тоҷикӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Барномаҳои телевизионӣ ва 5 нашрияи ҷумҳуриявию минтақавӣ ба забони тоҷикӣ барномаву матолиби хешро пахш ва нашр менамоянд.
Дар ин бора Владимир Норов, директори Институти стратегӣ ва тадқиқоти байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, зимни як нишаст дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои гуногуни ду кишвари ба ҳам дӯст сурат гирифт, ибрози назар намуд.
Худобердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи ҳамоиш оид ба ҳамкорӣ ва муносибатҳои ба ҳам наздики ҳар ду муассиса сухан ронда, иброз дошт, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имзои Меморандуми ҳусни тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти стратегӣ ва тадқиқоти байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.
Владимир Норов иброз дошт, ки дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек аз қаъри асрҳо реша дорад. - Мо як мардумем ва бо ду забон ҳарф мезанем. Ман худам аз Бухороям ва ҳар рӯз дар хона бо забони ӯзбекӣ ва тоҷикӣ гуфтугӯ мекунем, - иброз дошт ӯ ва афзуд. - Мо барои таҳкими муносиботи дуҷониба имкону захираҳои фаровон дорем, ки истифода аз он ба нафъи ҳар ду давлат хоҳад буд. Назар ба гуфтаи ӯ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор дар таърихи муносибатҳои дипломатӣ 27 созишнома ба имзо расонда мешавад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»,
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, коромӯз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2018    №: 50    Мутолиа карданд: 207

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед