logo

сиёсат

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ТОҶИКИСТОН

9 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Майдони фурудгоҳ ба хотири ташрифи роҳбари кишвари дӯсту ҳамсоя бо парчамҳои давлатии ду кишвар ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон идона оро ёфта буд.
Пазироии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишона аз анъанаҳои неки аҷдодии гиромидошти меҳмон, самимияти мардуми тоҷик ба муносибатҳои неки дӯстию хешутабории ду халқ, таваҷҷуҳ ба рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи равобити барои ҳар ду ҷониб судманд мебошад.
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардида бошанд ҳам, дӯстию рафоқати халқҳо таърихи қадим ва бою рангин дорад.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои фазои бузурги фарҳангӣ - гуманитарӣ, сарҳади умумӣ ва робитаҳои инкишофёфта буда, метавонанд рафтуомади озоди аҳолӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳоро фароҳам оранд, барои инкишофи таъсирбахши соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҳар ду давлат мусоидат намоянд ва иқтидори транзитии якдигарро барои баромадан ба дигар бозорҳо истифода баранд.
Мавриди зикри хос аст, ки тайи рӯзҳои охир бо талошҳову ташаббусҳои неки сарони давлатҳо наздики 10 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд, ки мардуми ташнаи дидорро ба висоли дӯст, хешу табор ва ҳамсояи нек расонд.
Умед аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои санадҳои нави меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо, барои таҳкими дӯстии мардумони ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Пас аз анҷоми маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар толори пазироии меҳмонони олимақоми Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе суҳбати кӯтоҳи самимӣ доир карданд.
Сарони давлатҳо аз имкони ин дидор ва нахустин ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳилаи нави рушду густариши муносибатҳои неки дӯстию ҳамсоягӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Субҳи имрӯз бо нишони эҳтироми хосса ба мардуми дӯсту ҳамсояи ӯзбек ва Сарвари давлати Ӯзбекистон беш аз 15 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, сокинони пойтахт ва наврасону ҷавонон ба истиқболи меҳмони олимақом баромаданд.
Дар маҳали истиқбол ва ду канори роҳи марказии шаҳри Душанбе аз ҳар гӯша садои карнаю сурнай, шиорҳои тараннумкунандаи дӯстию бародарӣ шунида мешуданд.

Имрӯз дар назди Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олимақом бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта буд, маросими истиқболи расмӣ баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.
Ҳамчунин, тибқи муқаррароти расмии маросими истиқболи сафарҳои давлатӣ ба ифтихори ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор гаштанд.
Дар ҷараёни музокироти хосаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳамаи арсаҳои манфиатҳои муштарак ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро самимона хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуданд, ки сафари аввалини ӯ ба Тоҷикистон дар маснади Сарвари давлат ба рушди тамоми маҷмӯи муносиботи ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
 - Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, таконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд, - таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
Сарони давлатҳо оид ба ҷанбаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу робитаҳои башарӣ, иртибототи нақлиётӣ, истифодаи захираҳои обу энергетикӣ, амният ва мудофиа ва густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар мубодилаи афкор намуданд.
Сарони ду давлат дар аснои мулоқот ба доираи васеи масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ таваҷҷуҳ карда, дидгоҳу назари хешро оид ба роҳҳову тариқаи ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи минтақаи Осиёи Марказӣ баён сохтанд.
Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки ташаббусу ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ҷиҳати эҷоди фазои наву созандаи ҳамкории байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ комилан ҷонибдорӣ менамоянд.
- Мо иқдомоти Шуморо дар мавриди эҷоди фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар фазои умумии мо самимона истиқбол гирифтем, зеро онҳо бо ҳадафҳои мо комилан созгору ҳамоҳанг мебошанд, - иброз доштанд Эмомалӣ Раҳмон.
Пас аз анҷоми мулоқоти хоса музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо иштироки ҳайатҳои ҷонибҳо идома ёфтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон музокироти ҷонибҳоро ҳамчун оғози марҳалаи нав дар муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ намуда, нақши муҳими Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар интиқоли ин муносибот ба маҷрои рушди созанда махсус таъкид карданд. Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба Шавкат Мирзиёев барои чунин талошҳои нек ва созандааш изҳори сипоси самимӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  аз ҷониби худ ба Президент ва мардуми Тоҷикистон барои истиқболи бародарона ва меҳмоннавозии гарми ӯ ва ҳайати расмии ҳамроҳаш изҳори сипос намуда, қаноатмандии амиқи хешро аз натиҷаҳои музокирот иброз дошт.
Шавкат Мирзиёев тамоюлҳои мусбати овони ахирро дар муносибатҳои ду кишвар, аз ҷумла ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол ва фаъол гаштани ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ, ки ба арзишҳои маънавии муштарак ва анъанаҳои ғании дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ такя менамоянд, баҳои баланд дод.
Дар иртибот ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ниятҳои баррасии ҳамаҷонибаи имконияти иштироки Ӯзбекистонро дар бунёди иншооти гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони НБО - и Роғун, баён кард.
Ҳамчунин, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла иқдоми эълон гардидани солҳои 2018 - 2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими амнияти минтақавӣ мавриди дастгирии ҷониби Ӯзбекистон қарор гирифтанд.
Мувофиқаҳои  дар рафти  музокирот бадастомада заминаи боэътимоди ҳалли маҷмӯи мушкилоти ҳалталабро, ки  тайи ду даҳсолаи ахир ба рушди табиии муносибатҳои ду кишвар монеа шуда буданд, фароҳам меорад.
Имрӯз қариб ҳамаи масъалаҳои баҳсноки вобаста ба сарҳад ҳалли худро пайдо карданд ва ин воқеият ба ҷонибҳо имконият дод, ки шартномаи дахлдорро дар ин хусус ба имзо расонанд.
Қарор оид ба ҷорӣ намудани низоми рафтуомади бераводиди ҷонибҳо ба муҳлати то 30 рӯз натиҷаи дигари муҳими мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шумор меравад.
Дар ин замина, қарори ҷонибҳо оид ба марҳала ба марҳала барқарор кардани фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон низ муассир мебошад.
Аҳамияти барқарорсозии ҳаракат аз тариқи роҳи оҳани қитъаи "Ғалаба – Амузанг" махсусан таъкид гардид. Ин иқдом на танҳо таъсири бузурги иқтисодӣ хоҳад дошт, балки  омили беҳбудии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон, ки дар он зиёда аз сеюним миллион нафар зиндагӣ мекунад, хоҳад шуд.
Қарордодҳои дар рафти гуфтушунид бадастомада, ҳамчунин, барои дар вақтҳои наздик барқарор кардани иртибототи ҳавоиву автомобилӣ байни дигар шаҳрҳо бар иловаи хатсайри ҳавоие, ки феълан байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар амал мекунад, заминаи заруриро ба вуҷуд меоранд.
Ҳамаи ин натиҷаҳо рафтуомади мутақобили шаҳрвандонро ба таври назаррас сабук гардонда, ҳамзамон ба минбаъд ҳам наздиктар шудани ду халқи бародар, баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангиву башарӣ  ва дигар робитаҳои ҷонибҳо мусоидат менамояд.
Дар рафти музокирот аҳамияти рушди робитаҳо байни минтақаҳои ду кишвар, ки ба фаъолнок кардани унсури бунёдии муносиботи байнидавлатӣ - ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ  мусоидат менамояд, таъкид гардид.
Ҷонибҳо аз шаш баробар зиёд шудани  тиҷорати дуҷониба дар вақтҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуда,  таъкид карданд, ки ният доранд дар ояндаи наздик ҳаҷми онро ба ним миллиард доллари ИМА  расонанд.
Тарафҳо аҳамияти таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаи фарҳангиву башарӣ таъкид намуданд. Дар ин замина сухан аз ҷумла дар бораи он рафт, ки асарҳои адабии классикиву муосир ба забонҳои давлатии ду кишвар тарҷума гардида,   сатҳи омӯзиш ва таълими забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ дар муассисаҳои таълимии Ӯзбекистону Тоҷикистон мутаносибан баланд бардошта шавад.
Сарони ду давлат, бо назардошти сатҳи баланди эътимоди сиёсии байни тарафҳо ва ҷидду ҷаҳди онҳо ҷиҳати тавсеа ва таъмиқи бемайлони ҳамкориҳояшон,   дар мавриди омӯзиши масъалаҳои вобаста ба аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият даровардани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи шарикии байнидавлатии стратегӣ изҳори ният намуданд.
Ба ин восита, тарафҳо на танҳо натиҷаҳои кори муштаракро дар марҳалаи кунунии муносибатҳояшон таҳким мебахшанд, балки самтҳои асосии рушду тавсеаи онҳоро барои дурнамои дарозмуддат, аз ҷумла дар соҳаи таъмини амният ва ҳамкорӣ дар мубориза бо хатароту таҳдидҳои муосир муайян менамоянд.
Президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори боварӣ намуданд, ки сафари имрӯза марҳалаи наверо дар муносибатҳои дуҷониба ҳусни оғоз бахшида, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар раванди рушди мусбату созандаи онҳоро дар масири болоравии бебозгашт таҳким мебахшад.
Дар охири мулоқот Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ даъват ба амал овард. Даъват бо камоли хушнудӣ пазируфта шуд.
Дар фарҷоми музокирот маросими баимзорасонии бастаи  калонҳаҷми санадҳои дуҷониба, ки аз 27 созишнома иборат буда, аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегиранд, сурат гирифт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Изҳороти муштараки ҷонибҳоро дар хусуси таҳкими дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ва Шартномаи байнидавлатӣ оид ба қитъаҳои алоҳидаи Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба имзо расонданд.
Дар ҳузури сарони ду давлат санадҳои зерини байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонда шуданд:   
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи автомобилии байналмилалӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи ҳавоӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар таъмини фаъолияти сарбанди “Фарҳод”;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон;
- Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон;
- Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳокимияти шаҳри Тошканд оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супурдани андоз аз даромад ва сармоя;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи транзити боркашонии ҳарбӣ, махсус ва контингенти низомӣ тавассути ҳудуди давлатҳои тарафҳо;
- Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкориҳои ҳарбӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;
- Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм;
- Созишнома байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ;
- Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ;
- Протокол оид ба  боздошт намудани молҳо аз низоми савдои озод ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи савдои озод аз 10 январи соли 1996;
- Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ташкили тартиби содаи амалисозии амалиёти гумрукӣ ҳангоми гузарондани маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
- Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мубодилаи маълумот оид ба гузарондани маҳсулот дар савдои мутақобила байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;
- Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи фаъолияти намояндагони сарҳадӣ;
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
- Ёддошти тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

Маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон
Нимаи дуюми 9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд.
Намоишгоҳ баъди буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шурӯъ кард.
Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти беш аз 100 корхонаи ӯзбекистонӣ ба намоиш гузошта шуд. Асосан ширкатҳои ҷумҳурии ҳамсоя 60 намуди техника, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои соҳаи электротехникӣ, кимиё ва нуриҳои минералӣ, фармасевтӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, чарм, мебел, полиграфӣ, молҳои саноатӣ ва электротехникии маиширо ба маъраз гузоштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев намоишгоҳро тамошо карда, барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба соҳибкорон маслиҳатҳои муфид доданд.
Сарони давлатҳо баргузории чунин намоишгоҳҳоро омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.
Дар ҳамин ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо пахши тугмаи рамзӣ гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба - Амузанг”-ро ифтитоҳ намуданд.
Маросими ифтитоҳи гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг” тавассути гузориши телевизионӣ мустақиман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон инъикос гардид. Гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг” вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо вилояти Хатлон пайваст мекунад.
Баъди солҳои тӯлонии баста будани қитъаи роҳи оҳани “Ғалаба - Амузанг” роҳи  пайвасткунандаи қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон имрӯз ба шарофати сисёсати неку хирадмандонаи сарони ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя ифтитоҳ гардид. Имрӯзҳо мардумони мо ба марҳилаи нави муносибатҳои некбинонаи байни ду кишвар қадамҳои устувор мегузоранд.
Ҳаракати қатораҳо дар гузаргоҳи байнидавлатии “Ғалаба-Амузанг” ифодакунандаи воқеии заҳматҳои тӯлонӣ ва пайвастаи сарони давлатҳо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мебошад.
Ин иқдоми хирадмандонаи сарони ҳар ду кишвар ба рафтуомади озоду бемамонияти шаҳрвандон, тақвияти робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ, мустаҳкам гардидани робитаҳои дӯстии миллати шарафманди тоҷику ӯзбек, афзун гардидани гардиши молу коло, самаранок истифода бурдани захираҳои ҳар ду кишвар ва дар маҷмӯъ ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии арзандаю шоиста, заминаи воқеӣ мегузорад.
Тоҷикистону Ӯзбекистонро таърихан муносибатҳои неку дӯстонаи чандинасра ба ҳам мепайванданд ва ин дар оянда бояд дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пайваста идома ёфта, мувофиқи имкониятҳо ба манфиати ҳар ду кишвар ривоҷу равнақ ёбад.
Дар баробари ин, айни замон дар ҳудуди вилояти Хатлон корхонаҳои азими истеҳсолӣ аз қабили коргоҳҳои сементбарорӣ, варақаҳои гаҷӣ, коркарди нафт, креолит, нуриҳои минералӣ, корхонаҳои коркарди намаки ошӣ ва ғайра сохта шудаанд ва тибқи дурнамо дар солҳои наздик афзоиши боркашонӣ дар ин минтақа то 5 миллион тонна солона пешбинӣ мешавад, ки ин гувоҳи ояндаи нек ва рушди соҳа мебошад.

Иштирок дар консерти тантанавӣ таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”
9 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ҳамчунин, дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо суханронии сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар қаноатмандию нишоти худ ва мардуми Тоҷикистонро аз нахустин ташрифи давлатии меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сарзамини офтобию меҳмоннавози Тоҷикистон изҳор намуда, онро қадами муҳиму устувор дар роҳи таҳкиму тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстии мардумони мо аз қаъри таърих реша мегирад ва он бояд бо талошу ташаббусҳои муштараки халқҳо то абад поянда бимонад.
Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд.
Дар баромади худ сарони давлатҳо, инчунин, оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешутаборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.
Дар ҳақиқат имрӯз макони баргузории барномаи консертӣ толори Кохи Борбад бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз самимияту дидори мардумони бо ҳам дӯсти ду кишвари ҳамсоя фазои тозаи идона дошт.
Консерти тантанавии “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, идома ёфт.

Боздид аз Кохи Наврӯз
Шоми рӯзи 9 март сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Кохи боҳашамати Наврӯз ташриф оварда, толорҳои барҳавову зебо ва бо санъати асили миллӣ ороёфтаи онро тамошо карданд.
Маҷмааи "Кохи Наврӯз" дар маркази пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, соли 2015 бо усули меъмории миллӣ ба истифода дода шуд.
Маҷмаа 5-ошёна буда, масоҳати 40 ҳазор метри мураббаи толорҳои он бо санъати волои гаҷкорӣ, оинабандӣ ва чӯбкории ҳунармандони тоҷик оро ёфтааст. Ҳамчунин, 15 айвончаи тобистонаи хурду калон, фаввораҳои ранга ба бино шукӯҳу шаҳомат мебахшад. 11 толори маҷмаа бо ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, мозаика аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангубор, чӯбкорӣ, сангтарошӣ истифода бурда шудааст.
Кохи Наврӯз аз толорҳои боҳашамати “Дидор”, “Аржанг”, “Гулистон” ва “Зарандуд” иборат мебошад.
Толори “Дидор” аз гаҷкорӣ ва наққошӣ иборат буда, даромадгоҳи он бо нақшу нигори «кундал» оро дода шудааст. Дар деворҳои толор гаҷкорӣ дар рӯи оина иҷро шуда, нақшу нигори миллӣ акс ёфтааст. Сақфи он бо рангҳо хеле зебо наққошӣ карда шудааст. Аз ду тараф зинапояи чӯбин бо кандакорӣ оро дода шудааст. Масоҳати толор 1100 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Толори “Аржанг” аз 29 намуд сангҳои нимқиматбаҳои Тоҷикистон сохта шудааст. Дар девор аксҳо аз рӯи мусаввараҳои Камолиддини Беҳзод иҷро карда шудааст. Масоҳати толор 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Толори “Гулистон” - толори кандакорӣ намоиши ифтихори кандакории тоҷик мебошад. Дар ин толор бештар аз 6000 метри мураббаъ кандакорӣ дар чӯб иҷро шудааст. Он 16 сутун дорад. Қандили бузургаш 3 тонна буда, булӯрӣ мебошад. Масоҳати толор 1650 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Толори “Зарандуд” баландтарин толори бинои Кохи Наврӯз аст. Қандили бузургаш 6 тоннаву 700 кг вазн дошта, 1600 чароғак дорад. Дар ҳар як қисми девор рамзи тоҷи заррин бо ҳафт ситораро дидан мумкин аст. Дар сутунҳо ва болои он нақшҳо бо тиллои маҳин ороиш дода шудаанд ва, бинобар ҳамин, онро толори тиллоӣ мегӯянд. Деворҳои толор бо гаҷкорӣ дар оина ва шиша оро дода шудааст.
Бо ин шукӯҳу шаҳомат имрӯзҳо Кохи Наврӯз макони баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гаштааст.
Баъди   тамошои толорҳои Кохи Наврӯз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳунари волои устоҳои тоҷик ва ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёди чунин як макони бузурги фарҳангӣ баҳои баланд доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.03.2018    №: 50    Мутолиа карданд: 227

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед