фарҳанг
"ХОМАИ СОЗАНДА"
Дар вилояти Суғд низ чун дар дигар манотиқи мамлакат ба шарофати даврони соҳибистиқлолӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ фазо ва муҳити тоза ва шаффофи эҷодӣ ба вуҷуд омада, рӯзномаву маҷалла, оҷонсиҳои давлативу хусусӣ, ширкатҳои гуногуни телевизиониву радиоӣ таъсис меёбанд ва фазои иттилоотиро пурра месозанд.
Бино ба маълумоти охири расмӣ дар қаламрави вилояти Суғд 44 ҳафтанома, аз ин 23 адад хусусӣ, 1 маҷаллаи давлатӣ, 1 радиои давлатӣ, 15 радиои хусусӣ, 1 телевизиони давлатӣ ва15 телевизиони хусусӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дошта, сарфи назар аз навъи моликият дар инъикоси рӯйдоду ҳаводиси ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, ташаккули афкори умум саҳм мегузоранд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар нишасти матбуотӣ бахшида ба натоиҷи хоҷагии халқи вилоят дар соли 2017 аз дастовардҳои назарраси саноат, сохтмон, бахши кишоварзӣ, рушди иҷтимоиву фарҳангӣ, варзиш ҳарф зада, дар ин ҷода нақши басо муҳими кормандони васоити ахбори умумро таъкид кард.
- Татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти босамари шумо - кормандони рӯзномаву маҷалла, телевизиону радио вобаста буда, талошҳои шабонарӯзии ҳар хабарнигор ҷиҳати инъикоси чорабиниҳо аз мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дур нест ва хизмати васоити ахбори умум қадрдонӣ мешавад,- иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.
Баҳри дилгарму ҳавасмандгардонии кормандони васоити ахбори вилоят аз ҷониби бахши суғдии Раёсати иттифоқи журналистони вилоят ҳамасола озмун барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Ҳоҷӣ Содиқ доир мешавад. Ҳамзамон, соли чаҳорум аст, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд озмун таҳти унвони «Хомаи созанда» баргузор шуда, аз миқдори умумии зиёда аз 80 нафар муддаиён аз ҳамаи рӯзнома, маҷалла, телевизиону радио, оҷонсиҳо 38 нафар ғолиб дониста шуда, бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд, ки ин ҳам аз ғамхориҳои Ҳукумат ва давлат арзёбӣ мешавад. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд боз иқдоми нав зоҳир кард. Ҷиҳати шарҳу эзоҳи мазмуну мундариҷаи ин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии кишвар ба хориҷиёну ҳамватанон чун макони воқеии сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ миёни журналистони вилоятӣ озумуни нав эълон дошта шуд, ки бешубҳа, ин иқдом нисбат ба қаламкашони вилоят боз як дастгирии ҷиддист.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.03.2018 №: 51 Мутолиа карданд: 329