фарҳанг
"БУХОРОИ ШАРИФ" МИНБАРИ АНДЕШАВУ АФКОРИ МИЛЛАТ
11 март барои рӯзноманигорону кормандони васоити ахбори оммаи кишвари мо рӯзи муҳими таърихӣ маҳсуб меёбад. Зеро 106 сол муқаддам маҳз дар ҳамин рӯз нахустрӯзномаи тоҷикии Осиёи Миёна – «Бухорои Шариф» рӯи чоп омада, ба мактаби рӯзноманигории тоҷик заминаҳои устувори маънавию эҷодиро фароҳам намудааст.
Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар арафаи Рӯзи матбуот зимни мулоқот бо намояндагони васоити ахбори омма баён намуд. – Рӯзномаи «Бухорои Шариф» дар марҳилаи ҳассоси таърихӣ рӯи кор омада, барои миллати тоҷик чун рисолаи раҳнамункунанда ё амсоли бонги бедории мардум хизмат намудааст. Муаллифони сабзхомаи он дар баробари монеаҳои шадиди низоми давр тавонистанд сухан аз мактабу маориф, иқтисоду тиҷорат, сиёсату фарҳанг, ободию озодӣ, пешрафту тараққиёт ва муҳимтар аз ҳама аз иттиҳоди миллию манофеи мардуми тоҷик бигӯянд, ки дар ҳамон давру замон манфиатҳои миллии мо ва ҳақиқати таърихии ҳазорсола дар баробари афкори миллатгароёна ва туҳмату таҳқири дигар нашрияҳо қарор дошт,- таъкид намуд Шукурҷон Зуҳуров.
Бино ба назари Раиси Маҷлиси намояндагон дар он даврон афкоре ташаккул дода шуд, ки асолати миллӣ, фарҳангу тамаддун, таъриху адабиёт ва ҳатто хусусияту вижагиҳои миллии моро сарфи назар мекард. Вале ин раванд равшанфикрони моро хомӯш будан нагузошт ва барои таъсиси рӯзномаи «Бухорои Шариф», ки минбари андешаву афкори миллат бошад, иқдоми оҷилу сареъ намуда, дар нахустшумораи худ чунин нигошта буданд: «Ҷаридаи ҳар миллат забони гӯёи ҳамон миллат аст ва миллате, ки ҷарида надорад гӯё забон надорад».
Дар суҳбат бо рӯзноманигорон таъкид шуд, ки дар ягон вақту ҳолат кори рӯзнома ё худ нигориши афкори умум амали саҳлу содае набуд. Рӯзноманигорон низ шахсиятҳои шинохтаи даврони худ ва афроди аз лиҳози фикрию зеҳнӣ пешрафта мебошанд. Зеро рӯҳи ҷомеа ва афкори умум маҳсули тафаккур ва андешаву аъмоли рӯзноманигорон мебошад.
М. САФАРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.03.2018 №: 51 Мутолиа карданд: 316