logo

фарҳанг

ВАО НИШОНАИ БАРҶАСТАИ ОЗОДИИ СУХАН

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ журналистикаи тоҷик ба комёбиҳои қобили мулоҳиза даст ёфт. Шумораи ВАО - и расмию хусусӣ ба садҳо адад расид, ки нишонаи барҷастаи озодии баён ва таҳкими ҷомеаи мардумсолорӣ дар Тоҷикистон аст.
Қобили зикр аст, ки бузургони ҷаҳони илму сиёсат, матбуот ва журналистикаро ба гунаҳои мухталиф таъриф дода, аммо зарурат, моҳият ва мавҷудияташро ҳама яксон муҳим хондаанд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон матбуотро «чашму гӯши халқ», Садриддин Айнӣ «солномаи таърихи миллат», Карл Маркс «ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум», Лев Толстой «як лаҳзаи аломати таърих» ва Мирзо Турсунзода «мактаби адабиёт» номидаанд. Бояд гуфт, ки матбуоти миллиро наметавон бе матбуоти маҳал тасаввур кард. Масъалаи рушди ВАО дар маҳалҳо актуалист, то замоне ки худи журналистика вуҷуд дорад ва ҳосили эҷоди вай ҳаётан муҳим боқӣ мемонад.
Вале муруре ба авзои матбуоти маҳаллӣ ва дурнамои рушди он нишон медиҳад, ки имрӯз ВАО  -   и маҳал бо як идда мушкилот мувоҷеҳанд. Ҳоло соҳибрасонаҳо ва ҳайатҳои эҷодӣ бар сари ин мавзӯъ меандешанд, ки чаро теъдоди нашри рӯзномаҳо дар муқоиса бо шумораи аҳолии маҳаллӣ ночиз аст, кай нашрияҳо аз моҳномаю ҳафтанома ба рӯзнома табдил меёбанд, омилҳои дар рӯзномаҳои маҳаллӣ ба кор нарафтани мутахассисони ҷавон чист, барои беҳбуд бахшидани сифати кор ва муҳтавои матолиби журналистӣ чӣ бояд кард? Ин ҳама саволҳоеанд, ки ташхису таҳлили ҷиддӣ ва иқдоми таконбахши масъулонро мехоҳад.
Мутаассифона, дар аксар шаҳру навоҳӣ танҳо як газета фаъолият мекунад. Мавҷуд набудани рақобати эҷодӣ ва журналистони ҳирфаӣ, надонистани усулҳои мудерн ва муассири пешниҳоди иттилоъ ва ба кор набурдани унсурҳои ҷолибсозии мавод яке аз омилҳои ба кундӣ пеш рафтани матбуоти маҳаллист. Баёни ғалати иддае аз тележурналистон, риоя нашудани одоби касбӣ, сарфи назар кардан аз таъмини тавозуни назарҳо дар гузоришҳо, захираи заифи луғавиро аз ҷумлаи мушкилоти касбии телевизионҳои маҳаллӣ номидан мумкин аст. Бинандаи имрӯзаро тарзу усулҳои куҳнаи хабаррасонӣ қаноатманд сохта наметавонад. Муносибати ҷиддии муҳаррирон ба контенти барномаҳо сабаби афзоиши рағбати тамошогар ба телевизион мегардад.
Эҷодкор бо вориди ҷаҳони журналистика шудан рисолати ҷиддиву азимеро ба дӯш мегирад. Журналист будан маънои инсони ҳадафманду қавиирода ва ҳамзамон ба ҳама дастрасу ҳамроз ва ёрирасон буданро дорад. Ҳамон вақт журналисти хуб будан метавон, ки сарфи вақту неруи худро барои омӯзиши ҳама гуна зуҳуроти ҷомеа дареғ надорӣ, тавонӣ ҳунару истеъдод ва матлаби худро ба аудитория расонӣ, аудиторияе, ки ҳамеша сахтгир асту мунтақид ва ҳамзамон «эркаву эҳсосӣ». Бо вуҷуди он ҳам, беҳтарин лаззат ва кайфият барои журналист ин аст, ки вақте ӯ дармеёбад, ки бо мусоидати қалами ӯ нафаре забон ва адаб омӯхт, ҷӯяндае адолатро дарёфт, касе ба ояндаи беҳтар бовар кард, роҳгумкардае ба сӯйи ростӣ ҳидоят ёфт.
Сардабирони нашрияҳои ноҳиявӣ мегӯянд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба нашрияҳои ноҳиявӣ таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир намекунанд. Дар соли 2017 теъдоди нашри аксари нашрияҳои маҳаллӣ дар қиёс бо соли гузашта коҳиш ёфт. Масалан, дар ноҳияи Кӯшониён, ки беш аз 200 ҳазор аҳолӣ дорад, нашрияи ноҳиявии “Бохтар” бо теъдоди камтар аз 500 нусха ба чоп мерасад. Яъне, тахминан ба беш аз 400 сокини маҳаллӣ як нусха газета мерасад. Дар ноҳияи Носири Хусрав теъдоди нашри рӯзномаи ноҳиявии “Бешкент” низ камтар аз 500 нусха аст. Яъне, ВАО-и маҳал дар таъсиргузорӣ ба афкори омма ва ташаккули он қудратманд нестанд. Табиист, иттилооте, ки аз роҳи журналистика, саҳеҳтараш ВАО, паҳн мегардад, мебояд барои аудитория аҳамияти баланди иҷтимоию роҳнамоӣ дошта, афкор ва ҷаҳонбинии оммаро ташаккул диҳад, тавонад рӯйдодҳо, ҷараёнҳо ва тамоюли воқеияти замонро ҳамчунон зинда тасвир кунад, ки аудитория худро шоҳиди мустақим эҳсос намояд, дар бораи қонуниятҳое, ки рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, мазҳабӣ-идеологии ҳаёти ҷомеаро муайян мекунанд, маълумоти сареҳ бидиҳад. 
Ҳама гуна ВАО танҳо тавассути пешниҳоди матолиби хонданӣ, барномаю гуфторҳои мутобиқ ба завқу хоҳиши истеъмолгарон таваҷҷуҳи аудиторияро ба худ ҷалб мекунанд. Ин бештар ба дараҷаи эҷодкорӣ, ҳунармандӣ ва салиқадории журналист вобастагӣ дорад.
Журналист ва матбуот, новобаста аз шакли фаъолият, як рисолат доранд, ки он ҳам бозтоби воқеияти рӯз аст.
Вазифаи қаламкашон ин аст, ки ҳомии арзишҳои инсонӣ бошанд, журналистикаи замони муосирро аз ифроту бадгӯиву баднамоӣ эмин нигоҳ доранд.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии
Бохтар ба номи Носири Хусрав


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2018    №: 51    Мутолиа карданд: 236

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед