logo

иҷтимоиёт

БОНУВОНИ ДИПЛОМАТИ ТОҶИК

Зан ва сиёсат  мафҳумҳои дорои маъниҳои гуногунанд. Агар бо гуфтани мафҳуми зан пеши назар вожаҳои модар, хоҳар, ҳалимӣ, меҳрубонӣ, олиҳаи Замину Осмон биёянд, пас, муҳтавои сиёсат мардонагӣ, ҷасорат, фаъолияти пурмасъул, муҳофизи ягонагии марзу бум, амалисозии сиёсати дохиливу хориҷӣ, амнияти милливу давлатӣ ва амсоли инҳост.
Имрӯз сафи занҳои сиёсатмадор, аз ҷумла бонувони дипломат ва довталабони ин касб, зиёд гашта истодааст.  Чаро тоҷикдухтарон ба ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир месозанд ва дар ин ҷода чӣ гуна метавонанд муваффақ бошанд?
Омили асосӣ сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Маҳз ташаббусу дастгириҳои Сарвари давлат буд, ки тӯли 26 соли Истиқлолияти давлатӣ дар баробари рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон оид ба баланд бардоштани мавқеи Зан - Модар дар ҷомеа, аз ҷумла занҳои дипломат,  як қатор қонуну қарорҳо, фармону дастурҳо ва барномаҳо ба тасвиб расиданд.
Қабули Консепсияи сиёсати хориҷии кишвар (2002-2015) ва аз нав дида баромадани қонун “Дар бораи хизмати дипломатӣ” (2015) ва дар маҷмӯъ беш аз 20 ҳуҷҷати муҳим доир ба масъалаи баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа қабул карда шуд, ки онҳо барои бонувони мамлакат, аз ҷумла дипломатҳо, боз ҳам заминаҳои мусоиди фаъолиятро фароҳам оварданд.
Рӯ меорем ба таърихи сиёсати хориҷии кишвар ва мақоми занҳои дипломати тоҷик аз соли 1993 дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ. Агар дар соли 1993 дар дастгоҳи марказӣ ҳамагӣ 8 зан фаъолият дошта бошад, ҳоло анқариб 40 дарсади кормандони вазоратро бонувон ташкил медиҳанд. Бархе аз онҳо дар сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва қисмати дигаре дар дастгоҳи марказӣ ҳамарӯза фаъолият доранд. Боиси  тазаккур аст, ки қисмати зиёди бонувонро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд.
Дастгоҳи марказии вазорат барои фаъолияти бонувони дипломат ҷиҳати баланд бардоштани имиҷи кишвари азизи мо – Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳама шароитро фароҳам оварда, онҳоро дар ин кори мушкил ва пуршараф дастгирӣ мекунад.
Аз ҷумла, шӯрои занҳои дипломат дар назди вазорат амал мекунад, ки он пешниҳодҳои ҳамарӯзаи бонувонро мавриди баррасӣ қарор дода, дар баланд бардоштани мавқеи онҳо дар дохили сохтор ва берун аз он саҳми назаррас дорад.
Имрӯз дипломатҳо имкони таҳсил дар Академияи дипломатии Русия ва давлатҳои Аврупову Амрикоро доранд. Бо ифтихор гуфта метавонем, ки бонувони мо дар ташаккулу такомули мактаби дипломатияи тоҷик саҳмгузоранд. Китоби “Асосҳои хизмати дипломатӣ”, ки аз ҷониби Р. Раҳмонова таълиф шуд ва ҳамчун дастури рӯимизии дипломатҳои ҷавон барои корбарӣ истифода мешавад, аз  мисоли равшани ин гуфтаҳост.
Зан - дипломати тоҷик имрӯз пешбарандаи сиёсати дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлат аст. Ӯ муаррифгар ва тарғибгари сиёсати обии кишвар, сиёсати иқтисодӣ ва ҳамзамон пешбарандаи рисолати азалии худ - модари тоҷик аст, ки дар баробари сиёсатмадор буданаш, тарбиятгари фарзанд, модари мушфиқ ва ҳамсари меҳрубон буданро низ ба дӯш дорад.
Боиси ифтихор аст, ки муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ маҳз аз миёни занҳои дипломат аз зинаи сардори сарраёсати консулӣ ва ҳамзамон роҳбарии шӯрои занҳои Вазорати корҳои хориҷӣ сар карда, то ба муовини вазири корҳои хориҷӣ ва билохира ба ҳайси роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расиданд.
Бешак, занҳои тоҷик дар пешбурди сиёсати дохилию хориҷии кишвари маҳбубамон саҳмгузор буда, барои таҳкими сулҳ, ваҳдат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо дили нарм ва азми қавӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ дода, минбаъд низ ҳиссаи худро хоҳанд гузошт.
Шаҳлои РУСТАМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2018    №: 51    Мутолиа карданд: 503

23.06.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Невен Мимитса

Масоили амният ва суботи минтақа матраҳ гардиданд

Ҳамоиш ба муносибати 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ба кор шурӯъ кард

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед