logo

сиёсат

БОЗДИДИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН АЗ БӮСТОНСАРОИ “ВАРЗОБ”

10 март дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Сарвари Ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсарои беруназшаҳрии "Варзоб", воқеъ дар ноҳияи Варзоб, ташриф оварданд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 9 март бо маросими истиқболи расмӣ оғоз гардида, аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию бародарии халқҳои ду кишвар неку бобарор баргузор шуд, 27 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонда шуд.
Аз ҷумла, яке аз чунин санадҳои ояндадор Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад,  ки дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба имзо расид.
Мавриди зикри хос аст, ки бо далели кӯҳсор будани 93 дарсади ҳудуди Тоҷикистон айни замон 6 самти афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ дар кишвар муайян шудааст, ки инҳо туризми кӯҳнавардӣ, туризми кӯҳиву варзишӣ, алпинизм, туризми таърихию фарҳангӣ, туризми этнографӣ ва туризми экологӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки аз соли 1999 бо истифода аз табиати биҳиштосои кишвар ва баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати ҷумҳурӣ 3 минтақаи кишвар - Варзоб, Ромит ва Балҷувон чун минтақаҳои сайёҳӣ эълон гардиданд, ки барои рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва барои ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ва сайёҳон мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, рушди соҳаи сайёҳиро дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризми дохилӣ” танзим менамояд.
Дар қароргоҳи беруназшаҳрии Варзоб сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев табиати зебову оби мусаффои дарёи шӯхи Варзобро тамошо карданд. Дар ҳақиқат боду ҳавои тозаву обҳои мусаффои ин мавзеъ ба рӯҳи инсон ҳаловат мебахшад.
Ин мавзеъ бо фазои мусоид ва табиати нотакрор макони баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ва маҳали вохӯрии сатҳи олии сарони давлатҳои хориҷӣ гардидааст.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2018    №: 51    Мутолиа карданд: 904
05.08.2021


ЛИГАИ ОЛӢ

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Эрон рафт

ВКД. ҚАРИБ 70 ДАРСАДИ ҶИНОЯТҲОИ СОДИРШУДА ОШКОР ГАРДИД

04.08.2021


Машқҳои муштараки низомии Тоҷикистон, Россия ва Ӯзбекистон

“МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”. ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШӢ ВА МАГИСТРАТУРА

ИМА ваъда дод, ки ҳамлаҳои ҳавоиро дар Афғонистон идома медиҳад

Ҷаҳон дар як сатр

30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. НАҚШИ ҶАВОНОН ИМРӮЗ ВА ОЯНДА

ТЕННИС

03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед