logo

сиёсат

МАРОСИМИ ГУСЕЛИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ

Нимаи дуюми рӯзи 10 марти соли 2018 пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошканд баргашт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон давоми ду рӯз - 9 ва 10 марти соли 2018 идома ёфта, зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми ҳукуматҳо ва доираи соҳибкорони ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар доираи ин сафари давлатӣ Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон баргузор шуданд.
Рӯйдоди муҳим, ки бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба амал омад, ифтитоҳи гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба - Амузанг” мебошад.
Мавриди зикри хос аст, ки тайи рӯзҳои охир бо талошҳову ташаббусҳои неки сарони давлатҳо наздики 10 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд, ки мардуми ташнаи дидорро ба висоли дӯст, хешутабор ва ҳамсояи нек расонд. Акнун шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя, ки муносибатҳои дӯстию хешутабории онҳо таърихи чандинасра дорад, бемамониат рафтуомад мекунанд.
Баргузории барномаи консертии устодони санъат ва ҳунармандони тоҷику ӯзбек таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” аз тадбирҳои муҳиму хотирмони фарҳангӣ буд, ки дар он сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев самимитарин суханонро дар бораи дӯстию бародарӣ, ҳамсоягӣ, таърихи муносибатҳои хешутабории ду мардум, инчунин, кушодани дилҳо, дарҳо, сарҳадҳо ва оғӯши гарми якдигар барои идомаи равобити ҳасана баён доштанд.
Барномаи рангину пурмуҳтавои консертии тараннумкунандаи дӯстию бародарии халқҳо бошад, ба мардум муждаи оғози марҳилаи нави муносибатҳои неку бобарорро расонд.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки акнун мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шарофати сиёсати неку ояндадор ва бобарору сулҳофари Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз ин пас ҳам дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамсоягии нек ва дигар ормонҳои чандинасраи хеш зиндагӣ мекунанд.  
Умед аст, ки ин ташрифи Президенти кишвари ҳамсоя ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ барои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва хешутабории ду халқи бузург заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Маросими гусели меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон чун расми истиқболи расмӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса бо садои карнаю сурнай, оро додани майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстию ҳамсоягии нек сурат гирифт.
Бармало эҳсос мегардид, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳайати ҳамроҳаш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷаҳон таассуроти нек ба Ватан бармегарданд, зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик бо риояи анъанаи накуи аҷдодӣ - меҳмоннавозӣ ва инсондӯстӣ онҳоро қабул, меҳмондорӣ ва гусел намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.03.2018    №: 51    Мутолиа карданд: 255

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед