logo

фарҳанг

"ҶУМҲУРИЯТ". АЗ ҶОИЗАИ ВОҲИД АСРОРӢ ТО ҶОИЗАИ АБУЛҚОСИМ ЛОҲУТӢ

Шоми 12 марти соли ҷорӣ дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Рӯзи матбуот чун ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса  таҷлил гардид. Дар он  намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар ва аҳли қалам сарҷамъ омада буданд. Чорабинии идона бо суханронии Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, оғоз ёфт.
- Имрӯз ҷомеаи мо ба сухани созанда, иттилооти солиму беғараз, гуногунандешӣ, демократикунонӣ ва таҳлилу баррасии воқеаҳои дохилу хориҷи кишвар бештар аз ҳарвақта ниёз дорад. Мо бо такя ба матбуотчиён метавонем чунин фазои озоди иттилоотиро ба вуҷуд биёрем, ки мафкураи мардум нисбат ба ҳодисаҳои рӯз ва шахсиятҳои барҷаста рӯшан шавад, - иброз дошт Ш. Орумбекзода. Инчунин, таъкид гардид, ки ҳоло шумора, шакл ва сатҳу сифати васоити ахбори омма ба куллӣ тағйир ёфта, танҳо рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ аз соли 1991 то имрӯз зиёда аз 400 адад афзудааст.
Фараҳбахштар аз ҳама ин буд, ки яке аз кормандони собиқадори рӯзнома, адиб ва публитсисти шинохта Абдуқодири Раҳим ба Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ сазовор гардид. Мавсуф наздик ба 35 сол аст, ки дар ҷолибу хонданӣ кардани саҳифаҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» ранҷ бурда, маводи публитсистии худро дар шакли китобу маҷмӯаҳо низ интишор додааст. Аз ҷумла, китоби тозанашри ӯ - «Оби дари хона тира нест» аз тарафи журналистону олимони соҳа пазироии гарм ёфта, тақризҳои зиёде ҳам бар он навишта шуданд.
Ҷоизаро ба Абдуқодири Раҳим муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назира Амирбекзода супурда, таъкид намуд, ки давлату Ҳукумати кишвар неруи зеҳниву амалии рӯзноманигоронро қадр мекунад ва ҳамчун фишанги таъсиррасонӣ дар бунёди ҷомеаи демократӣ аз он истифода мебарад.
Ҷоизаи дигари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Воҳид Асрорӣ ба рӯзноманигорони ҷавон ва донишҷӯёни фаъоли бахшҳои журналистикаи мактабҳои олии кишвар супурда шуд. Боиси ифтихор аст, ки ҳамкори мо Лола Ризоӣ низ сазовори ин ҷоиза гашт. Дар ин радиф, Ҳафизулло Тоирӣ, Меҳрубон Имомова, Нуралӣ Раҳимзода ва Саодат Розиқзода ба ин ҷоиза сарфароз гардиданд.    
Дар доираи чорабинии мазкур марҳилаи аввали озмуни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарин шеър ва мақола бахшида ба 140 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ҷамъбаст гардид. Муҳаммад Ғоиб барои шеъри «Айнӣ» - аш, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр гардида буд, сазовори ҷойи аввал, Абдураҳмони Абдуманнон ва Абдулҳамид Самад барои мақолаҳои беҳтарин сазовори ҷойи дувум  шуданд. Ҷойи сеюм насиби маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» гардид. Ғолибони озмун бо диплом ва мукофоти пулӣ қадр карда шуданд.
Чун анъана як қатор рӯз-номанигорони варзида ва собиқадорони соҳа ба ифтихори рӯзи касбии хеш бо нишонҳои сарисинагии аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг қадрдонӣ гаштанд. Аз ҷумла, рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои нашри матолиби ҷолиб оид ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ бо дипломи Вазорати фарҳанг ва сармутахассиси рӯзнома Гулистон Мавлоназарова бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гаштанд.
Дар чорабинӣ намояндагони як қатор вазорату идораҳои дахлдор иштирок карда, рӯзноманигорони фаъолро барои ҳамкориҳои судмандашон қадрдонӣ намуданд. Аз ҷумла, нашрияи «Ҷумҳурият» бо «Сипоснома» - и Вазорати маориф ва илм қадрд гардид.
Дар  навбати худ, Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯз-номаи «Ҷумҳурият», ба як қатор собиқадорони соҳа, донишҷӯёни фаъоли факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва оилаҳои рӯзноманигорони марҳум мукофотпулӣ супурд.
Ҷашни Рӯзи матбуот бори дигар собит намуд, ки аҳли қалам барои бедории фикрӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагии халқу диёр ранҷи шабонарӯзӣ мекашанду заҳматҳои эшонро давлату Ҳукумат низ ба таври шоиста қадр менамояд.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2018    №: 52-53    Мутолиа карданд: 197

23.06.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Невен Мимитса

Масоили амният ва суботи минтақа матраҳ гардиданд

Ҳамоиш ба муносибати 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ ба кор шурӯъ кард

13.06.2018


Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолияти корхонаҳои пойтахт

12 медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Ӯзбекистон

Боздиди ҳайати Ӯзбекистон аз НБО Роғун ва мавзеи сайёҳии Варзоб

Ҷаҳон дар як сатр

Вохӯрии таърихӣ - муқаддимаи сулҳ

Дар Муғулистон Маркази байналмилалии тадқиқотии кишварҳои рушдкунанда ташкил шуд

Сарвари Сандуқи байналмилалии асъор аз хатар ба иқтисоди ҷаҳонӣ огоҳ сохт

Бонки миллии Қирғизистон 90 дарсади даромадашро ба давлат медиҳад

12.06.2018


Баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД

Баимзорасии созишномаи ҳамкорӣ

Вазорати маориф ва илм ба ҷадвали санҷишу имтиҳонҳо тағйирот ворид кард

Баистифодадиҳии корхонаи коркарди санги хоро

Ҷаҳон дар як сатр

СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ёрӣ мерасонад

Дар Чин сафари Путинро комёбии мутлақ унвон карданд

Баррасии вазъи Афғонистон, Сурия ва Корея дар Алмаато

Мирзиёев хостори "долони озод"-и тиҷоратии СҲШ шуд

Минск аз Чин 800 миллион юан ёрии ройгон мегирад

08.06.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Никлас Линдквист

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ баргузор мешавад

Иди саиди Фитр дар Тоҷикистон 15 июн таҷлил мегардад

Муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 то 10 рӯзи корӣ тамдид шуд

Як вохӯрии судманд

РАШТ. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ вусъат мегирад

МОҲӢ. Афзоиши истеҳсол

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон

07.06.2018


Баргузории ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ

Корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода хоҳад шуд

Тоҷикистон боз дар мақоми аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед