logo

фарҳанг

ҒАФУРОВШИНОСИ НОМӢ

Як зумра муҳаққиқон, ғафуровшиносони маъруф чун А. Мухторов, С. Абдуллоев, Ҳ. Холҷӯраев, У. Ғаффоров, Р. Масов, Ҳ. Пирумшоев, В. Набиев, Ш. Шарипов, О. Каримов, А. Усмонов ва дигарон дар асоси санадҳои бойгонӣ, мероси илмии Бобоҷон Ғафуров ва рисолаву мақолаҳои ба зиндагиномаи ӯ бахшидашуда, доир ба рӯзгор, эҷодиёти илмӣ, фаъолияти ҳизбию давлатӣ ва ҷамъиятии ин фарзанди фарзонаи миллат асару рисолаҳо, мақолаҳо ва хотироти худро интишор намуда, дар ташаккул ва рушди ғафуровшиносӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Дар ин ҷода саҳми профессор Ғафур Ҳайдаров ҳамчун яке аз  ғафуровшиноси номӣ беҳамтост. Ба қалами ин олими закӣ ва сермаҳсул танҳо оид ба зиндагӣ ва фаъолияти аллома Бобоҷон Ғафуров беш аз 50 асару мақолаи илмӣ тааллуқ дорад.
Профессор Ғафур Ҳайдаров ҳанӯз ба муносибати 60 - солагии зодрӯзи Бобоҷон Ғафуров чанд мақолаи илмии хешро дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ аз  қабили “Олими маъруф ва арбоби ҷамъиятӣ”, “Соҳибҷашни маъруф”, “Глашатай дружбы между народами", “Рӯзгори шоиста” ба табъ расонд.
Тибқи маълумоти профессор Ғафур Ҳайдаров фаъолияти Бобоҷон Ғафуров аз охири солҳои 20 - уми асри гузашта ба сифати мухбири аввалин рӯзномаи тоҷикии “Овози тоҷик” оғоз гаштааст. Ӯ ҳамзамон дар рӯзномаи “Қизил Тоҷикистон” (ҳоло “Халқ овози”) ҳам мақолаҳои хешро интишор намуда, минбаъд ба симати ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи мазкур фаъолият доштааст. Бобоҷон Ғафуров бо интишори мақолаҳои зиёди илмӣ - оммавӣ, дар тарғибу ташвиқи  сиёсати ҳукумати шӯравӣ дар байни мардум саҳм гирифта буд. Мақолаҳо ва фелетонҳои Бобоҷон Ғафуров барои фош ва торумор намудани унсурҳои бегона, мазаммат ва тарбияи танбалону муфтхӯрон, ба амал баровардани сиёсати аграрии ҳизб, татбиқи ғояҳои инқилоби маданӣ ва баланд бардоштани шуури сиёсии аҳли меҳнат кумак расондааст. Тибқи нақли ҳамзамонони Бобоҷон Ғафуров ҳар як мақолаи ӯ душманони ҳаёти навро ба таҳлука меандохт, шояд барои ҳамин борҳо ба ҷони ӯ сӯиқасд ташкил намуда буданд.
Дар мақолаи дигар профессор Ғафур Ҳайдаров ёдовар мегардад, ки Бобоҷон Ғафуров соли 1931 барои баланд бардоштани  дониш ва ихтисоси худ ба Донишкадаи умумииттифоқии коммунистии журналистикаи Москва барои таҳсил фиристода шуда, онро соли 1935 сарбаландона хатм менамояд ва нахустин рӯзноманигори тоҷик буд, ки соҳиби маълумоти олии касбӣ гашта буд. Соли 1936 Бобоҷон Ғафуров аввал ба сифати инструктори КМ ҲК Тоҷикистон, минбаъд мудири шуъбаи матбуот ва нашриёти КМ, мудири сектори сиёсӣ - равшаннамоии КМ фаъолият намудааст. Дар солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Бобоҷон Ғафуров котиби КМ ҲК Тоҷикистон оид ба таблиғот ва ташвиқот буд.
Дар асару мақолаҳои профессор Ғафур Ҳайдаров дар баробари самтҳои гуногуни рӯзгор ва осори Бобоҷон Ғафуров, инчунин, фаъолияти ҳизбию давлатии ӯ ба таври васеъ инъикоси худро ёфтааст ва хизматҳои эшонро дар солҳои азнавбарқароркунии хоҷагии халқ пас аз ҶБВ (1941 - 1945) чунин ёдовар гаштааст: “Бобоҷон Ғафуров дар солҳои душвори пасазҷангӣ дар давоми даҳ сол (1946 - 1956) дар вазифаи масъули котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон фаъолият намуда, бо кӯшишу заҳматҳои бевоситаи эшон дар соҳаи саноат, хоҷагии қишлоқ, ҳаёти мадании мамлакат дастовардҳои хеле бузург ба даст омад. Дар шаҳри саноатии мамлакат Чкаловск (ҳоло Бӯстон) корхонаи бузурги сатҳи умумииттифоқи комбинати кӯҳӣ - кимиёвӣ (комбинати 6-ум) ба фаъолият оғоз намуд, ки дар баланд бардоштани иқтидори саноати атомӣ ва мудофиавии ИҶШС нақши муҳим бозид. Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар рушди илму фарҳанги мамлакат беназир аст. Маҳз бо кӯшишу ғайрати ӯ соли 1948 дар мамлакат Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), 14 апрели соли 1951 Академияи илмҳои Тоҷикистон ва соли 1956 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон таъсис ёфта буд.
Бобоҷон Ғафуров солҳои 1956 - 1977 сарвари Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС буда,  бисёр масъалаҳои муҳими таърих, иқтисодиёт, фарҳанги Шарқи шӯравӣ ва хориҷӣ бо роҳбарии академик Бобоҷон Ғафуров ва иштироки шахсии ӯ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода шуданд.
Тавре ки профессор Ғафур Ҳайдаров қайд кардааст, шиносоӣ бо фаъолияти илмӣ ва эҷодии академик Бобоҷон Ғафуров аз он гувоҳӣ медиҳад, ки олим асосан дар се самти илми таърих тадқиқот бурдааст: якум - Инқилоби Октябр ва масъалаи миллӣ; дувум - таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус тоҷикон; сеюм - масъалаҳои ҳаракати миллӣ - озодихоҳии халқҳои Шарқи мустамликавӣ.
Дар зарфи солҳои 1956 - 1976 бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров, ки вазифаи раиси Кумитаи шӯравии лоиҳаҳои “Шарқ - Ғарб” - и ЮНЕСКО - ро бар дӯш дошт, мавзӯи “Омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ” ба барномаи фаъолияти ЮНЕСКО ворид карда шуд. Баҳри иҷрои барномаи мазкур Бобоҷон Ғафуров саъю кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод. Соли 1968 дар Душанбе таҳти раёсати Бобоҷон Ғафуров Конфронси байналмилалии ЮНЕСКО доир ба таърих, археология ва тамаддуни Осиёи Миёна дар замони Кӯшониён барпо гардид. Соли 1969 дар шаҳри Самарқанд оид ба санъати замони Темуриён Симпозиуми байналмилалии ЮНЕСКО баргузор гардид. Соли 1972 бошад, дар шаҳри Ашқобод Конфронси илмии байналмилалии ЮНЕСКО оид ба масъалаҳои инкишофи иҷтимоӣ ва мадании Осиёи Марказӣ дар асрҳои XIX - XX баргузор шуд.
Боз як самти дигари фаъолияти илмии Бобоҷон Ғафуров, ки аз мадди назари Ғафур Ҳайдаров дур намондааст, ин нашри асарҳои зиёд доир ба рӯзгору эҷодиёти аҳли қалам, олимон ва мутафаккирони Шарқи мусулмонӣ аз қабили Фирдавсӣ, Берунӣ, Деҳлавӣ, Форобӣ, Иқбол ва дигарон буда, ба туфайли ин заҳматҳо аҳли илми ҷаҳон дар бораи дараҷаи баланди ҳаёти маданию маънавии Осиёи Марказӣ воқиф гардиданд.
Нашри шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” дастоварди беназири илми таърихнигорӣ дар даврони шӯравӣ маҳсуб меёбад. Профессор Ғафур Ҳайдаров низ дар қатори олимони дигар доир ба аҳамияти нашри ин асари бунёдӣ фикру андешаҳои хешро дар мақолаву асарҳои худ баён намуда, ба корномаи илмии аллома Бобоҷон Ғафуров чунин баҳо додаанд: устод дар бунёди ин китоби муҳташам, бемуболиға шуҷоат ва мардонагӣ нишон доданд.
Ҳамин тариқ асарҳои илмӣ, мақолаҳо, хотираҳо ва мукотибаҳои профессор Ғафур Ҳайдаров сарчашмаи муҳими таърихӣ ба ҳисоб рафта, дар омӯзиши паҳлуҳои камтаҳқиқшудаи зиндагию осори илмии академик Бобоҷон Ғафуров ва таърихи илми даврони шӯравӣ аҳамияти калони илмӣ доранд ва бидуни шубҳа, номи профессор Ғафур Ҳайдаров дар радифи ғафуровшиносони номӣ қарор дорад.
Ҷамолиддин АБДУКАРИМОВ,
 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.03.2018    №: 52-53    Мутолиа карданд: 589

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед