logo

фарҳанг

ҲИСОР. ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА АСОЛАТИ МИЛЛӢ

Ҳунарҳои мардумӣ дар Ҳисор тӯли ҳазорсолаҳо марҳила ба марҳила инкишофу такмил ёфта, бозгӯи  фарҳанги волою маърифату маънавиёти баланд ва тамаддуни қадимаи ин шаҳри бостонист.
Дар шаҳр қариб тамоми ҳунарҳои мардумӣ дида мешаванд. Хусусан ҳунарҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, чакандӯзӣ, тоқидӯзӣ, зардӯзӣ, зарбофӣ, бӯрёбофӣ ва сохтани асбобҳои мусиқӣ, ки нишона аз анъанаҳои фарҳанги ниёгонамон мебошанд, хеле рушд намудаанд.
Мардуми шаҳр бо муҳаббати беандоза гулдӯзиҳои хосси водиро аз қадим нигоҳ дошта омадаанд. Намунаҳои беҳтарини онҳо шаҳодат аз таъриху тамаддуни мост. Ҳунармандон бо истифода аз риштаҳо шероза, кашидадӯзиҳои гуногун, сӯзанӣ ва ҷойнамоз мебофтанд. То миёнаи асри XX дар ҳар хона тайёр намудани абрешим ба ҳукми анъана даромада, шуғли ҳамарӯзаи занон ба ҳисоб мерафт.
Кашидадӯзӣ то ҳол шуғли асосии бонувони водии Ҳисор ба ҳисоб рафта, барои ороиши сарулибос, иқоматгоҳ, ҷиҳози хона ва дигар васоити зиндагии хонаводаҳо мубаддал гаштааст. Асбобҳои асосии кашидадӯзӣ, аз қабили сӯзан, дарафш, ангуштпона ва чанбарак то ҳоло дар ҳар хонавода мавҷуд буда, мавриди истифода қарор доранд.
Ба гуфтаи Парвиз Пӯлодӣ, мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор, ҳунарҳои мардумӣ, ки асолати миллии моро муаррифгаранд, бояд ва ҳам рушд ёбанд эҳё гарданд.
- Ҳар минтақаи Тоҷикистон ҳунару санъати хосси худро дорад. Масалан, дар ҷануби кишвар ҳунари чакандӯзӣ, дар шимол атласбофӣ ва дар шаҳр алочабофӣ рушд намудааст. Гулдӯзиҳои мавзеъҳои Алмосӣ, Қаратоғ беҳамто буда, барои оро додани хонаи арӯсон истифода мешуданд. Ҳамин аст, ки то ҳол дар Ҳисор гулдӯзӣ барои арӯсон ҷиҳози пурқимат ба ҳисоб меравад. Зардеворӣ, чойхалта, ойинахалта, ҷома, миёнбандҳо, тоқии гулдӯзии ҳисорӣ, қолинҳои дастбоф, сӯзаниҳои гуногуни арӯсон, ки онҳо асосан аз матоъҳои карбос, сатин ва шоҳӣ дӯхта мешуданд, то имрӯз дар шаҳри Ҳисор маъмуланд, - гуфт П. Пӯлодӣ.
Имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳр дар маҷмӯъ 30 дастгоҳи қолинбофӣ ва 16 дастгоҳи адрасбофӣ фаъоланд, 342 нафар дар назди раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр, коллеҷи омӯзгорӣ, литсейҳои касбӣ - техникӣ ҳунари қолину адрасбофиро омӯхтаанд.
Баҳри таҳкиму рушди ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзондани онҳо ба насли ҷавон дар шаҳр курсҳои гуногуни омӯзишӣ ба роҳ монда шуда, дар якчанд ҷамоати деҳот асбобҳои қолинбофии дастӣ ва адрасбофӣ ҷойгир карда шудаанд. Тавассути раёсати агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва бахши муҳоҷират дар шаҳри Ҳисор 32 нафар дар соли 2015 ва 46 нафар дар соли 2016 курсҳои кӯтоҳмуддати қолинбофии дастӣ ва адрасбофиро хатм карданд. Дар соли 2017 бошад, 191 нафар занон ва духтарони маҳаллӣ соҳиби сертификат гаштанд ва онҳо дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳми худро гузошта истодаанд.
Қурбон АҲМАДЗОД,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2018    №: 55    Мутолиа карданд: 669
22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ

ИҚДОМИ ЯК ДОНИШКАДА

ХУҶАНД. ВЕБ-СЕМИНАР ОИД БА ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ COVID – 19

САНОАТ. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛ 15,3 ДАРСАД ЗИЁД ШУД

СУҒД.РОҲАНДОЗИИ ТАЪТИЛИ САМАРАНОК

ПАЙРАВӢ АЗ ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

РАФАЭЛ НАДАЛ БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАР ДАР ТАЪРИХИ ИСПАНИЯ

МАСТЧОҲ СИМОИ ИДОНА МЕГИРАД

18.05.2020


СУҒД. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

НУРОБОД ҲУСНИ НАВ МЕГИРАД

ФУТБОЛ. ЧЕМПИОНАТИ БЕЛГИЯ НИЗ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ АНҶОМ ЁФТ

ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.05.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ БӮСТОН

ТОҶИКИСТОН. БОЗ 403 МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ДАР ИСФАРА МАКТАБИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ОРИОН» БУНЁД МЕШАВАД

КӮДАКОН. КОРОНАВИРУС ҚУДРАТИ "ЗАБТ" - И ОРГАНИЗМИ ОНҲОРО НАДОРАД

ДАРВОЗ. САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ НОҲИЯ БЕШТАР МЕГАРДАД

БОЗОРИ ТРАНСФЕРӢ. АРЗИШИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ

ПЕШНИҲОДИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАҲОИ ИДМ ВА СҶТ БАРОИ МУБОДИЛАИ ТАҶРИБАИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. САҲМИ РАЁСАТИ КҲФ ДАР ПЕШГИРИИ COVID-19

14.05.2020


КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ. ТАЪСИСИ МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед