logo

иҷтимоиёт

МАСЪУЛИЯТШИНОС БУДАН МУҲАББАТ ДОШТАН АСТ

Фарзанд меваи умр ва идомабахши ҳаёти инсон аст. Агар дарахт бенуқсон нашъу намо ёбад, пас меваи он ҳам судбахшу самаровар хоҳад буд, зеро ғизои таркиби он аз сарчашмаи қобили эътимод мебошад. Фарзанд ва муносибати волидон низ айнан чунин мафҳумро дорад.

Дар ҳолате ки волидон худ неруи зеҳниву ақлонии рушдёфта ва масъулиятшинос бошанд, пас фарзандони онҳо низ дар чунин муҳит рушд хоҳанд кард. Аммо, агар волидон бепарво бошанду нисбати ҳаёти фарзандон камтаваҷҷуҳӣ зоҳир намоянд, пас фарзандон низ дар оянда чунин муносибатро бо онҳо раво хоҳанд дид. Дар урфият низ мегӯянд: “Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав”, ё “Ҳар чи корӣ - ҳамон медаравӣ”. Бинобар ин, волидонро лозим меояд, ки нисбати ҳаёти имрӯзу фардои фарзандони худ бемасъулиятӣ нишон надиҳанд. Вале сухан сари мафҳумҳое чун “масъулият чист ва масъулиятшинос будан чӣ маънӣ дорад?” меравад. Шояд мо боре наандешидаем, ки ин ибораҳо ҳама дар зери як мафҳуми асосӣ - муҳаббат доштан ҷамъбаст мегардад.
Бубинед, вақте мо ба таърихи шахсиятҳои маъруфи олам менигарем, дармеёбем, ки онҳо ба касбу кору шахсияти хеш зиёд таваҷҷуҳ намуда, кор кардаанд, ки ин ҳамон муҳаббат доштан нисбати худу хостаҳои хеш аст. Самари нахлистони боғбон ҳам аз заҳматҳои содиқона анҷомдодааш аст.
Аҳмади Дониш дар асари хеш “Наводирулвақоеъ” оид ба ин масъала чунин ибрози андеша намудааст: “...ва ин муҳим дар мобайни заношавҳарӣ аст, ки бо ҳамдигар мувофиқ бошанд. Ва, агар носозгор бошанд, ҳама ғавғо дар сари бом бошад ва асрор дар миёнаи роҳи омм”.
Дар боби 2, моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” низ омадааст, ки “Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд”, аммо вақте ба меъёрҳои ахлоқӣ менигарем, вазифаи маънавии модарон дар ин самт бештар аст.
Ботину ҷавҳари фарзандон аз сиришти поки модар сарчашма мегирад.
Биёед ба як лаҳзаи ҳаёти ибратбахши шахсияти  шинохтаи дунёи илм - Томас Эдисон нигарем.
Рӯзе Томас аз мактаб баргашту модарашро бо чеҳраи ғайриодиву пурҳаяҷон дарёфт. Модар ӯро истиқбол гирифту гуфт:
- Бароят аз мактаб номае омадааст, онро мехонам: “Писари шумо доҳӣ аст. Мо дар мактаб ба қадри лаёқату истеъдоди ӯ таълим дода наметавонем. Ӯро ба ягон мактаби дигар монед”. Бо хондани ин ҷумлаҳо аз чи бошад, ки дар чашмони модар ашк ҳалқа зад. Солҳо сипарӣ шуданду модар ҳам аз дунё гузашт. Томас олими маъруфи замон шуд. Рӯзе ӯ дар хона нишасту ҷевони китобҳои куҳнаашро кушод ва аз даруни китобе варақае ёфт, ки дар он чунин навишта шуда буд: “Писари шумо камақл аст. Дигар ӯро ба мактабамон роҳ намедиҳем. Худатон тарбият кунед”. Ихтироъкори маъруф Томас Эдисон гирист ва дар дафтари хотироташ навишт: “ Томас Элвар Эдисон кӯдаки беақл буд, ки ба шарофати модари қаҳрамонаш доҳии аср шуд”.
Пас ба хулосае меоем, ки омили асосии ягонагиву сарҷамъӣ, осудагиву ободӣ ва муҳимтар аз ҳама ҳамдигарфаҳмиву масъулиятшиносӣ нисбати ҳаёти худу дигарон муҳаббат доштан аст.
Ашӯрбибӣ ШУКУРОВА,
омӯзгори мактаби № 49,
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2018    №: 55    Мутолиа карданд: 306

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед