logo

сиёсат

БОЗДИД АЗ “МАРКАЗИ НАЗАРБОЕВ” ДАР ШАҲРИ ОСТОНА

14 март дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба “Маркази Назарбоев” ташриф оварданд.

Сарони давлатҳоро дар даромадгоҳи бино роҳбарияти ин маркази калони илмию маърифатӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Маҷмаа ҳамчун маркази муосири илмӣ, маърифатию фарҳангӣ соли 2014 таъсис ёфта, ҳадаф аз бунёди он омӯзиши нақш ва мақоми аввалин Президенти Қазоқистон дар таърихи миллӣ ва ҷаҳонӣ, саҳми он дар муаррифии тарҳи роҳбарӣ баҳри бунёди давлатдории навин, ҳифз ва ба насли оянда мерос мондани анъанаву муқаддасот мебошад.
Фаъолияти марказ ба панҷ самт равона гардида, аз бахшҳои фаъолияти китобдорӣ, бойгонӣ, осорхона, кори таҳлилӣ ва маърифатӣ иборат аст.
Таваҷҷуҳи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар марказ бахши китобдорӣ бештар ҷалб кард, зеро дар он шумораи зиёди асарҳои нависандагони классику муосири ҷаҳон, қазоқу тоҷик, адабиёти соҳавӣ оид ба бахшҳои иқтисодиёт, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, амният, таърих ва фарҳангшиносӣ ҷамъ оварда шудаанд.
Бахши осорхона нигораҳо ва ҳуҷҷатҳои давраи роҳбарии Нурсултон Назарбоевро дар  солҳои 1997-2004 дар бар мегирад.
Баъди китобхона мавқеи асосиро дар марказ бахши таҳлилӣ ишғол мекунад, ки дар он коршиносон ва худи роҳбари давлат ба таҳлилу омӯзиши мушкилоти мубрами ҷомеа машғул мешаванд.
Дар як гӯшаи дигар тамоми унвонҳо, ҷоизаҳои роҳбарони давлатҳои хориҷ, ки Нурсултон Назарбоев барои саҳми муносиб дар таҳкими дӯстии мардумони кишварҳо сарфароз гардидааст, ҷой дода шудаанд.
Баъди тамошои “Маркази Назарбоев” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву ниятҳои нек баҳри шукуфоии кишвари дӯст ва саодату пешрафти халқи дӯсти қазоқ, соядаст гузоштанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2018    №: 55    Мутолиа карданд: 748
05.08.2021


ЛИГАИ ОЛӢ

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба Эрон рафт

ВКД. ҚАРИБ 70 ДАРСАДИ ҶИНОЯТҲОИ СОДИРШУДА ОШКОР ГАРДИД

04.08.2021


Машқҳои муштараки низомии Тоҷикистон, Россия ва Ӯзбекистон

“МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”. ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШӢ ВА МАГИСТРАТУРА

ИМА ваъда дод, ки ҳамлаҳои ҳавоиро дар Афғонистон идома медиҳад

Ҷаҳон дар як сатр

30 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. НАҚШИ ҶАВОНОН ИМРӮЗ ВА ОЯНДА

ТЕННИС

03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед