logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ, ҚАЗОҚИСТОН, ШАҲРИ ОСТОНА, 14 МАРТИ СОЛИ 2018

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 14 марти соли 2018 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар овони 25 - умин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ баргузор гардид, сарони давлатҳо дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва ошкорбаёнии ҳамаҷониба дурнамои тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро муҳокима намуданд.
Роҳбарони давлатҳо таъмиқи тағйирнопазирии самти сиёсиро оид ба рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва дӯстӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон тазаккур дода,
бо изҳори эътиқод бар он, ки баровардани ҳамкориҳои дуҷонибаи бисёрҷанба ба сатҳи сифатан нав ҷавобгӯйи манфиатҳои дарозмуддати ду халқи ба ҳам бародар буда, ҳамчун омили муҳим барои таъмини субот, амният ва рушди устувори Осиёи Марказӣ хизмат хоҳад кард,
бо такя ба принсипҳое, ки дар аҳдномаҳо дар бораи асосҳои муносибот аз 13 январи соли 1993 ва оид ба шарикии стратегӣ аз 14 сентябри соли 2015 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дарҷ шудаанд,
чунин изҳор менамоянд:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба хислати стратегии муносибатҳои дуҷониба, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ аҳамияти мутлақо бузург медиҳанд.
Сарони давлатҳо наздик ва мувофиқ будани мавқеъҳои худро дар масъалаҳои калидии сиёсати байналмилалӣ таъкид дошта, инчунин, нияти худро оид ба фаъолтар сохтани ҳамкорӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ, МҲТБО, Маркази минтақавии иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозии  зиддимухаддиротӣ барои Осиёи Марказӣ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ собит намуданд.
Дар ин росто Президентҳо фаъолияти Ҷумҳурии Қазоқистонро ҳамчун аъзои ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ дар солҳои 2017-2018 ва пешбурди ба хотири манфиатҳои умумии кишварҳои Осиёи Марказӣ баланд арзёбӣ карданд.
Президентҳо зарурати густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароии динӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар чолишу таҳдидҳо ба амнияти байналмилалӣ ҳам дар сиғаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи сохторҳои байналмилалӣ қайд намуданд.
Роҳбарон 3 - 4 майи соли 2018 дар Тоҷикистон баргузор гаштани Конфронси байналмилалии сатҳи баландро таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва тундгароӣ”, ки ҳамчун заминаи воқеӣ барои муколама ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар ин арса хизмат хоҳад кард, бамавриду саривақтӣ номиданд.
Роҳбарони ду кишвар ҷонибдории худро ба манзури ҳар чи зудтар барқарор кардани сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тасдиқ карданд ва майлу талоши хешро барои рушди ҳамкориҳои дарозмуддат бо Афғонистон таъкид карданд.
Ҷонибҳо аҳамияти ташаббуси Тоҷикистонро дар бораи эълон гардидани солҳои 2018-2028 “Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" таъкид намуда, инчунин, баргузории Конфронси марбутаи байналмилалии сатҳи баландро 20-22 июни соли 2018 дар ш. Душанбе муҳиму бамаврид маҳсуб ёфтанд.
Тарафҳо ҷонибдори истифодаи фарогир ва оқилонаи захираҳои обу энергетикии Осиёи Марказӣ буда, зарурати эҷоди абзорҳои устувор ва дарозмуддати ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақаро таъкид карданд. Онҳо роҳандозии фаъолияти гурӯҳи кории муштаракро оид ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар ҳама самтҳои ҳамкорӣ марбут ба соҳаи об истиқбол намуданд.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки истифодаи одилона, оқилона ва фарогири захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ барои расидан ба рушди устувор, субот ва рифоҳи тамоми минтақа омили муҳим мебошад.
Президентҳо нақши муҳими Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро дар муттаҳидсозӣ ва афзоиши самаранокии ин иқдомот ҷиҳати рафъ кардани пайомадҳои фоҷиаи Арал тазаккур дода, омодагии ду кишварро барои ҳамкориҳои фаъолона ва зичи минбаъда дар доираи Бунёди мазкур баён карданд.
Сарони давлатҳо манфиатдории мутақобилаи ҷонибҳоро дар истифодаи фарогирӣ ва оқилонаи захираҳои обу энергетикии Осиёи Марказӣ ба инобат гирифта, нақши мусбати иншоотҳои гидроэнергетикии дар дарёҳои фаромарзӣ бунёдшавандаро барои мусоидат ба рушди иқтисодӣ - иҷтимоии тамоми минтақа дар асоси меъёр ва қоидаҳои эътирофшудаи байналмилалӣ зикр намуданд.
Сарони Тоҷикистону Қазоқистон бо қаноатмандӣ тамоюли  мусбат дар рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишварро зикр намуда, ҳавасмандии муштаракро ҷиҳати таъмини афзоиши доимии ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, диверсификатсияи сохтори он ва вусъат додани шаклҳои дарозмуддати ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузорӣ изҳор доштанд.
Ҷонибҳо авлавиятнокии ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи нақлиёт ва рушди долонҳои транзитӣ, ки дастрасии кӯтоҳтарин ва самаранокро ба бозорҳои хориҷӣ таъмин менамоянд, таъкид карданд.
Президентҳо фаъолияти Комиссияи байниҳукуматиро оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ҷаласаи сездаҳуми он 12-13 феврали соли 2018 дар ш.Душанбе бомуваффақият баргузор гардид, ба таври мусбат арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо нақши ҳамоҳангсозии Комиссияи муштаракро ҳамчун абзори самараноки суратбахши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар соҳаҳои афзалиятноки шарикии дуҷониба таъкид карданд.
Роҳбарони давлатҳо ҷонибдории тарафҳоро аз густариши ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва саноати мудофиавӣ тасдиқу таъкид карданд.
Сарони давлатҳо дурнамои имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи фаъолияти кайҳонӣ ва нияти татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судмандро дар ин ҷода зикр намуданд.
Роҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар, ҳавасмандгардонии муҳоҷирати меҳнатӣ ва танзими масоили ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, башарӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин арсаро муҳим арзёбӣ карданд.
Сарони давлатҳо умумияти фарҳангию таърихии ду халқро зикр карда, ҷонибдории худро аз рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, санъат, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ, варзиш ва дигар арсаҳо тасдиқу собит намуданд.
Бо дарназардошти нақши хоссаи диаспораҳои тоҷику қазоқ дар наздиксозии ду халқи бародар, ҷонибҳо омодагии хешро ба идомаи корҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷомеаҳо вобаста ба нигаҳдорӣ ва рушди забони модарӣ, фарҳанг, анъана ва урфу одатҳои миллӣ, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои дахлнопазир ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони тарафҳо таъкид сохтанд.
Роҳбарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон  аҳамияти татбиқи дурусти шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи имзошуда, инчунин, тавсеаи минбаъдаи асоси шартномавӣ - ҳуқуқии равобити миёни ду давлатро, ки барои таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ пойдевор мебошад, зикр намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозӣ изҳори миннатдорӣ намуда, аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев даъват ба амал овард, то дар фурсати муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҷавобӣ анҷом диҳад. Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон даъвати мазкурро бо арзи сипос қабул кард. Муҳлати сафар бо роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда хоҳад шуд.

Президенти                                     Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Ҷумҳурии Қазоқистон
Эмомалӣ РАҲМОН                          Нурсултон Назарбоев
                   ш. Остона, 14  марти соли 2018.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2018    №: 55    Мутолиа карданд: 319

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед