logo

сафарҳо

САФАРИ РАСМИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

14 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва рушди сайёҳӣ, директорони агентиҳои хизмати давлатӣ ва хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Истиқбол дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон
14 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷиҳати иштирок дар мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ озими шаҳри Остона - пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон гардиданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Остона намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.


Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри “Оқ-Орда” сурат гирифт.
Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон макони истиқболи расмӣ бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта, горд ва оркестри фахрӣ саф кашида буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев самимона пешвоз гирифт.
Пеш аз оғози маросими расмии истиқболи меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев нахуст бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар шинос шуданд. Сипас Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони давлатҳо аз назди сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Қазоқистон ва гузашти низомии сарбозони Горди фахрӣ сурат гирифт.
Баррасии масоили муҳими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории шарикию стратегии Тоҷикистону Қазоқистон дар мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев оғоз гардида, музокироти ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.
Дар оғози мулоқот Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш хайрамақдам гуфта, барои саҳми муносиб дар рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар вазъияти тантанавӣ ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ордени давлатии “Парасат” (Фаросат) - ро тақдим намуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ, аз пазироии самимии роҳбарият ва мардуми Қазоқистон, инчунин, барои бо мукофоти давлатии Қазоқистон сарфароз гардиданашон, ба Нурсултон Назарбоев изҳори сипос намуда, бо итминон иброз доштанд, ки ин сафар ва натиҷаҳои он баҳри таъмиқу тавсеаи равобити дуҷонибаи барои мардумони ду кишвар судманд заминаи мусоидро фароҳам меорад.
“Муносиботи ҳамкорӣ бо Қазоқистон дар сиёсати хориҷии мо мавқеи асосӣ дорад ва мо минбаъд низ барои рушди онҳо манфиатдорем. Дар соли таҷлили 25 - солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки дар ин муддат байни кишварҳоямон равобити боэътимоди сиёсӣ роҳандозӣ гардида, мо заминаҳои муҳими ҳуқуқию меъёрии дуҷонибаро фароҳам овардем”, - таъкид доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. 
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноат иброз доштанд, ки бо такя ба ин дастовардҳо мо тавонистем ҳамкориҳоямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ барорем.
Таъкид гардид, ки ҳамаи дастовардҳои мардуми Қазоқистон ба шарофати сиёсати хирадмандона ва ояндадори муҳтарам Нурсултон Назарбоев ба даст омадаанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқоти хосса аз ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои умумиҷаҳонӣ изҳори қаноат карда, ҷонибдории мавқеъ ва ташаббусу ибтикороти якдигарро дар арсаи рушди ҳамкории байниминтақавӣ ва таъмини амнияту субот мутобиқи манфиатҳои тамоми кишварҳои минтақа махсус таъкид намуданд.
Баргузории мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остонаро шакли нави ҳамкориҳои минтақавӣ номида, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт, ки ҳамаи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба оби ошомиданӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва бо итминон иброз дошт, ки ҷониби Қазоқистон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба оғози татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” дар Тоҷикистон фаъолона иштирок менамояд.
Зимни мулоқот ҳар ду ҷониб аз мавқеи ҳамсон ва ҳамгироии давлатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омодааст раисиро дар машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба уҳда гирад.
Дар ҷараёни мулоқоти ҳайатҳои расмии ду кишвар маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуда, пеш аз ҳама, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байнидавлатии ҳамкории иқтисодӣ ва татбиқи ҳадафҳои он баҳри пешбурди ҳамгироӣ дар арсаҳои муҳим, бахусус тиҷорат, саноати кӯҳию сохтмонии бахши саноат, энергетика, нақлиёт, технологияҳои иттилоотӣ ва алоқа, муносибатҳои молиявию қарзӣ ва дигар самтҳои ҳамкории иқтисодӣ, зарур шумурда шуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, ки соли гузашта ҳаҷми он зиёда аз 800 миллион долларро ташкил кард, инчунин, таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки Қазоқистон аз рӯйи гардиши мол бо Тоҷикистон дар байни шарикони тиҷоратии хориҷӣ мавқеи дуюмро соҳиб шуд.
Саҳми арзандаи Нурсултон Назарбоев дар ба даст овардани тавофуқот оид ба афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон махсус таъкид гардида, изҳори умедворӣ карда шуд, ки бо ин роҳ мо метавонем ҳаҷми гардиши молро то ба ҳадди миллиард доллар расонем.
Барои ин таклиф ба миён гузошта шуд, ки баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти ду кишвар, бизнес - форумҳо ва ба роҳ мондани робитаҳои мустақими иқтисодию маблағгузорӣ, робитаҳои байни минтақаҳо ва субъектҳои хоҷагидории ҷонибҳо ба роҳ монда шавад.
Дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, ҷонибҳо масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ва шарикиро дар дигар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла нақлиёт, сиёсати таарруфаҳои нақлиётию транзитӣ, афзоиши боркашонӣ тавассути роҳҳои заминии Қазоқистон, ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар баррасӣ карданд.
Бо дарназардошти мавқеи пешбарандаи Тоҷикистон дар самти истифодаи захираҳои об, ҳамгироӣ баҳри ҳифзи муҳити зист, таъмини истиқлолияти энергетикӣ таклиф карда шуд, ки ҳар ду кишвар метавонад, барои содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ҳамкории судмандро густариш диҳад.
Ҳамкории сармоягузорӣ низ аз самтҳои афзалиятнок ва манфиатбори ду кишвар арзёбӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 80 корхонаи муштарак фаъолият дорад ва дар Қазоқистон ҳам чунин корхонаҳо бо иштироки сармоягузорони тоҷик мавҷуданд. Ҷоннок кардани ин ҳамкориҳо барои эҷоди фазои мусоиди сармоягузорӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ мусоидати фаъол хоҳад кард. Ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва содироти он ба кишварҳои дигар низ ба манфиати иқтисоди Тоҷикистону Қазоқистон муҳим арзёбӣ карда шуд.
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, равобити ҳасанаи ҷамъиятҳои тоҷикону қазоқҳо, имзои санади байниҳукуматӣ оид ба рафтуомади мутақобил ва низоми будубоши шаҳрвандони ду давлат дар қаламрави ҳамдигар, фарҳангию башарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, илму маориф, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла дар соҳаи низомӣ, аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буданд, ки ҷонибҳо вобаста ба ҳамаи онҳо тасмимоти мушаххас гирифтанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба ҳалли масъалаҳои мубрам ва доғи ҷомеа, рафъи дигар хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин, ҳамкориҳои зичи амниятӣ табодули андеша ва пешниҳод карданд.
Зимни мулоқот аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳои ҷангзада, аз ҷумла нооромиҳо дар баъзе маҳалҳои Афғонистон, ки ба амнияти минтақа таҳдид мекунанд, изҳори нигаронӣ карда шуд.
Вобаста ба тезутунд шудани рақобати дохилисиёсӣ ва афзоиши шумораи неруҳои ҷангиёни давлати бо ном исломӣ дар қисми шимолии Афғонистон пешниҳод гардид, ки иқтидори неруҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешгоҳи муқовимат ва хатар, пурқувват карда шавад.
Ҷонибҳо бори дигар оид ба мавқеи устувор ва тағйирнопазири худ баҳри мубориза бар зидди ҳамагуна хатару таҳдидҳо, мусоидати фаъол ҷиҳати рушди иқтисодиёти ин кишвари ҳамсоя,  истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон омодагии худро иброз доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот вобаста ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули андеша сурат гирифт.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев Эъломияи муштаракро имзо карданд.
Ҳамчунин, санадҳои зерин ба имзо расиданд:
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба реадмиссия;
Протоколи иҷроияи тартиби татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба реадмиссия;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2018-2019;
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба нияти ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ;
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба нияти ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ.
Инчунин зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон 5 санади дигари ҳамкорӣ ба имзо расид:
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорат оид ба корҳои дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Қазоқистон;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон;
Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии ширкати миллии “Казах Туризм”;
Ёддошти тафоҳум байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои хизмати давлатӣ ва муқовимат бо коррупсия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ.  
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкории дуҷониба сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олиро барои таҳкими муносибатҳои шарикию стратегӣ ба манфиати мардумони ду кишвар неку бобарор арзёбӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2018    №: 55    Мутолиа карданд: 888

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед