logo

фарҳанг

"ҶУМҲУРИЯТ" 93 – СОЛА ШУД

Нахустшумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият" 15 марти соли 1925, яъне 93 сол пеш дар шаҳри Душанбе бо номи «Иди тоҷик» нашр ва дастраси хонандагон шуд. Ин рухдоди таърихиву фарҳангӣ, воқеан, барои ҷумҳурии навтаъсис ба иди ҳақиқӣ табдил гардид. 

 
Имрӯз дар толори «Шарқи озод» бо баргузории ҷамъомади тантанавӣ сана ва рухдоди мазкурро қайд карданд. Дар он Масрур Абдуллозода, мушовири Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Давлат Сафар, сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Наҷмиддини Шоҳинбод, котиби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,  сармуҳаррирони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони «Ҷумҳурият» ширкат варзиданд.
Масрур Абдуллозода аҳли эҷоди рӯзномаро таҳният гуфта, таъкид дошт, ки дар ин муддат вобаста ба сохти сиёсӣ, талаботи давр рӯзнома агарчи борҳо тағйири ному алифбо карда бошад ҳам, тағйири марому мақсад ва ҳадафҳои бузурги давлатсозиву миллатсозӣ нанамудааст.
Шахсиятҳои барҷаставу маъруф чун Қаҳрамонҳои Тоҷикистон, устодон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода аз муаллифони фаъоли рӯзнома буданд, ки дар пойдории миллат, шукуфоии кишвар, боло бурдани сатҳи маърифати мардум саҳми бориз гирифтанд. 
- «Ҷумҳурият» тавонист мактаби худро ба вуҷуд оварад ва дар тарбияи мутахассисони соҳа хидмати бузургро ба фарҷом бирасонад, -  изҳор дошт М. Абдуллозода.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки рӯзномаро дар солҳои гуногун адибон, шахсиятҳои маъруфи сиёсиву фарҳангӣ мисли Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Самад Ғанӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзуллоев, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Муҳаммад Ғоиб сарварӣ кардаанд. Адибони маъруф Фазлиддин Муҳаммадиев, Ғоиб Сафарзода, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Салимшо Ҳалимшо, Абдулҳамид Самад, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Мутеулло Наҷмиддинов, Зиё Абдулло, Ширин Бунёд дар ҳамин даргоҳ фаъолият доштанд.
«Ҷумҳурият» ҳамеша дар мубориза барои манфиатҳои  миллӣ пешгому парчамбардор буд. 
Соли 1995 он мақоми нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт ва 14 марти соли 2000 бо фармони Президенти мамлакат нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шуд. 
Мақому мартаба ва маҳбубияти рӯзнома сол ба сол дар миёни хонандагон болотар ва бештар мегардад. Дар саҳифаҳои он матолиби муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва таҳлиливу таҳқиқӣ ба нашр мерасанд. Ҳар ҳафта он 5 маротиба бо теъдоди наздик ба 47 ҳазор нусха аз чоп мебарояд. 
Озмунҳои таъсисёфтаи рӯзнома дар шинохти бештари фидоиёни миллат дар даврони сангини таърих, Қаҳрамонҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Бобоҷон Ғафуров ва шоиру публитсисти шаҳир Ғоиб Сафарзода дар ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, дӯстдории сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи бузургтарин манофеи миллӣ таъсири нек гузоштанду мегузоранд.
Дар ин рӯз кормандони фаъоли рӯзнома  Сайвалӣ Азизов, Гулистон Мавлонназарова, Манзура Шамсова, Фирӯз Ҷумъаев, Шафоатулло Шокиров, Мансур Абдуғаффоров, Қобиламо Гулҷонова, Зафар Ҳасанов, Хуршед Толибов, Зебо Назарова ва дигарон барои саҳмашон дар рушди матбуоти кишвар бо унвонҳои Аълочии матбуот, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ифтихорномаҳои  Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадр гардиданд. 
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири «Ҷумҳурият» бо қарори Академияи ВАО ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Сармуҳаррири сол эълон гардид ва сарвари мушовираи сармуҳаррирон таъйин шуд. Мавсуф дар ҳамоиш бо изҳори сипос таъкид дошт, ки сиёсати созанда ва дастуру раҳнамоии муассиси рӯзнома, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки аз ин минбари баланд ба хотири пойдории давлату миллат, шукуфоии кишвар, боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа дуруст ва сари вақт истифода бикунем. 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.03.2018    №: 55    Мутолиа карданд: 368

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед