logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

КРОССВОРДИ «ДӮСТӢ»
Ҷойҳои холии ҷумлаҳоро бо калимаҳои мувофиқ пур намоед. Калидкалимаҳои кроссворд низ дар ҳамин
холигиҳо нуҳуфтаанд.
….. - и  байни халқҳои тоҷику ӯзбек аз азал пойдор аст. Мардуми мо тайи солҳои охир …… - и дидори якдигар буданд. Чанде пеш гурӯҳи эстрадии ……. ва овозхони маъруфи ӯзбек  …… дар Тоҷикистон бо барномаҳои рангини консертии хеш баромад намуда, рӯҳи мардуми тоҷикро болида карданд. Мардуми тоҷику ӯзбек  ……. ва ……….  ҳастанд. Пас аз кушода шудани сарҳад аз чеҳраҳои мардумонамон шодиву нишот  ….. мешуд. Умед аст, ки дар оянда нақшаҳои ҳар ду давлат дар амал …… мешаванд. Мардум ҳоло ……. рафтуомад доранд. Аз иқдоми сарони ҳар ду кишвар мардум шоду ……  - анд.

ПАДАР, ҲАР КӢ ҲАМ БОШӢ, АЗ САРИ МО МАРАВ!
Падар ҳар рӯз ба хона маст меомад. Ҳамсараш – модари  бачаҳоро  дашномҳои гӯшношунид мекард. Ҳарчанд дили Далер ба модараш месӯхт, аммо ёрӣ расонда наметавонист. Хоҳару додараш бошанд, бо шеваи худ падарашонро накуҳиш карда, як навъ норозигии худро изҳор медоштанд. Ҳатто ҳафтаҳо бо падар ногапӣ шуда, худро аз ӯ канор мегирифтанд. Вале Далер чун ҳарвақта, гӯё ҳодисае рух надода бошад, хидмати падарашро ба ҷо меовард, ба хона дарояд аз ҷо мехесту салом медод, ба дасташ об мерехт, гапашро ба замин намегузошт.
Дар яке аз чунин рӯзҳо мард ширамаст ба хона омад ва пурсид: «Медонам, ки аз мастии ману ранҷҳои мерасондаам огоҳӣ, дилат дард мекунад. Аммо чаро ҳамоно меҳрубону дилсӯзӣ, мисли хоҳарчаву додарат аз ман дурӣ намеҷӯӣ?»
Писарак чунин посух дод: «Ҳамсинфи ман Шаҳзод падар надорад. Вақте баъзе бачаҳо «сағира» - аш мегӯянд бо алам гиря мекунад. Азоби бепадариро аз ӯ шунида, дилам ба ӯ бештар месӯхтагӣ шуд.  Аз ин сабаб падарҷон, маст ҳам шавӣ, ҷангу ҷанҷол ҳам барпо кунӣ, дили моро озор ҳам диҳӣ, намур! Дашном бидеҳу дар сари мо бимон…»
Баъди ин суханони Далер, ки тоза ба 13 қадам мондааст, дили мард сахт такон хӯрд. Гӯё тарсакие хӯрда бошад, дар як лаҳза ҳушёр шуд. Саршори аламу хорӣ шудани дилашро ба касе нафаҳмонда, ашки ногаҳониро зуд аз чашмаш тоза кард. Дар назди худ қавл дод, ки дигар наменӯшад. Ва ҳамин тавр ҳам кард.
Бузургмеҳри БАҲОДУР


10 ТАҲҚИҚОТИ НОДИРИ ОЛИМОНИ ШАРҚ
КОҒАЗ
Бино ба иттилои муаррихон, дар асрҳои миёна илм ва китобдорӣ дар кишварҳои Шарқ хеле тараққӣ мекунад. Онҳо собит намудаанд, ки саноати омода намудани коғаз бори аввал маҳз дар Шарқ инкишоф ёфтааст. Аз рӯи маълумотҳо аввалин корхонаи истеҳсоли коғаз соли 794 аз ҷониби писари Ҳорун - ар - Рашид дар шаҳри Бағдод сохта шудааст. Баъди 6 сол чунин корхона дар Миср сохта мешавад. Дар Аврупо корхонаҳои истеҳсоли коғаз дертар ба фаъолият мепардозанд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ


КӮДАКИ ДОРОТАРИН
Духтарчаи шашсолае аз Чин, ки У Сини ном дорад, доротарин кӯдаки мамлакати хеш ба ҳисоб меравад. Боигарии духтарча беш аз 154 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Соли 2009 вақте ки падари У дар садамаи автомобилӣ ба ҳалокат расид, саҳмияҳояш ба ӯ мерос монданд. Аз ин рӯ, ӯро ҳамчун доротарин кӯдаки сайёра ба китоби "Рекордҳои Гиннес" дохил намудаанд. 
Таҳияи Кароматулло РАҲМАТОВ

 

ГАРДАН БА ҚАЛАМ ЧӢ РОБИТА ДОРАД?
Мушоҳида кардаед, ки баъди соатҳои зиёд паси компютер нишастан, гарданро ҳатто каме тоб додан дарднок аст? Мушакҳои китфатон низ ба дард меоянд? Сабабаш беҳаракатии тӯлонист.
Барои ба гардан ё китфи худ “лутф” кардан вақти зиёд ва хароҷот дар ягон фитнес – толор лозим нест. Рӯзе ҳеҷ набошад як маротиба қаламро байни дандон гирифта, пеши худ дар ҳаво алифборо аз А то Я нависед. Худи ҳамон рӯз ҷавоби ин ғамхориро эҳсос хоҳед кард: гардан бидуни дарду ғиҷиррос ба ҳар тарафе, ки хоҳед, тоб хӯрдан мегирад.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


СТАЛИН ДАР БОРАИ ПИСАРАШ
Вақте Яков – писари  Сталин ба дасти душман асир афтод, ниҳоят маъюс буд ва сахт ғам мехӯрд. Бо вуҷуди ин, вақте хабар ёфт, ки душман омода аст писарашро бо Паулюс иваз кунад, «ҳамаи асирон фарзандони мананд»,- гуфта, рад кард.
Кор то гуфтушуниди дуҷониба расид. Вақте раиси шведии Салиби Сурх граф Бернадот, ки ҳамчун миёнарав дар гуфтушунидҳо ширкат мекард, масъаларо дигарбора ба миён гузошт, Сталин бо қатъият гуфт: «Ман аскари қаториро бо фелдмаршал иваз намекунам».
Чун посухи Сарфармондеҳи Олиро бисёриҳо шуниданд, он аз даҳон ба даҳон вориди таърих шуд.
Аз русӣ тарҷумаи
М. ОДИНАЕВА


9 НАФАРЕ, КИ ТО СИННИ 30-СОЛАГӢ ҚАҲРАМОНИҲОИ ТАЪРИХӢ НИШОН ДОДААНД
1. ИСКАНДАРИ МАҚДУНӢ
Шоҳи Мақдуния, лашкаркаш, офарандаи як қудрати ҷаҳонӣ ва бунёдгузори ин давлати бузург буд.
Дар замонҳои атиқа (пеш, куҳан) Искандар ҳамчун яке  аз сарлашкарони бузургтарини таърихӣ машҳур гардида буд. Ӯ дар синни 20-солагӣ ба сари тахт омада, тамоми Юнонро тобеи худ намуд, империяи форсро комилан зери тасарруфи худ даровард ва ба Ҳиндустон лашкар кашид.
Шаҳрҳое, ки Искандари Мақдунӣ бунёд намудааст, дар замони мо низ аз шаҳрҳои калонтарини як қатор мамлакатҳо маҳсуб меёбанд.
Искандари Мақдунӣ дар синни 32-солагӣ вафот кард.
Таҳияи Умар АЛӢ


800 ДОЛЛАР - НАРХИ ЯК ЧОЙНИК
Коллексионери британиягӣ чойники замоне ба 20 доллар харидаашро дар яке аз музоядаҳо бо нархи 800 доллар фурӯхт, - хабар додааст нашрияи Корреспондент.net.
Коллексионер чойники дастааш шикаста ва бесарпӯшро соли 2016 аз як музоядаи дигар харида буд. Мувофиқи тахминҳо, чойникро соли 1763 кулолгари аз Англия ба Калифорния омада - Ҷон Бартлем сохтааст.
Ашёи сохтаи Бартлем хеле нодир ба ҳисоб меравад. То ҳол аз офаридаҳои ӯ ҳамагӣ 6 ашё маълум асту халос.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


ФУТБОЛ ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА
Оё медонед, ки футбол аз оғози пайдоишаш то имрӯз борҳо мамнӯъ эълон шудааст. Дар Англияи  қарни XII бозӣ бо тӯб дар майдону бозорҳо, кӯчаҳои танг бидуни қоидае бо ширкати тӯдаи одамон, ки теъдодашон то ба сад нафар мерасид, доир мегашт. Ҳадафи асосии бозӣ тӯбро соҳиб шудан буд. Пас аз он ба нафари тӯбро соҳибгашта издиҳоми дигари одамон дармеафтоданд. Ба ин минвол футбол ба атроф харобиҳо меовард, иштироккунандагонро маъюб менамуд ва ҳатто ба роҳгузарҳое, ки рабте ба футбол надоштанд, осеб мерасонд. Шоҳ Эдуард II дастур дод, ки бозиҳои футбол танҳо дар майдонҳои ноободу хароб баргузор  гарданд. Эдуард III бошад, ба хотири он ки одамон тамоми рӯз бекор аз пайи задани тӯб мегаштанду намуди маъмули камонварӣ фаромӯш шуда буд, комилан футболро манъ кард.
Манъи онро танҳо дар асри XVI аз байн бардоштанд, вале бо вуҷуди ин ҳам, то ин муддат мардум бозиро идома медоданд.
Дар Русия бошад, бозӣ бо тӯб ба хидматкунандагони мазҳабӣ хуш намеомад, зеро одамон нисбат ба калисо ба бозӣ бо завқу ҳавас мерафтанд. Аммо, дар ин ҷо низ «шалига» - яке аз намудҳои футболро натавонистанд, маҳв намоянд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Шиновари бетолеъ
Ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ шуд шиновари бетолеи франсузи 42 - сола Ги Делаж ба вақти аз як соҳил ба соҳили муқобили уқёнуси Атлантик шино карданаш. Ҳанӯз дар давраи аввали шиноварии беақлона (дар километри 3900 – ум) вай пай бурд, ки дар шафаташ наҳанге дар шиност. Аммо бахташ хандид, наҳанг сер буду хоҳиши ғизо хӯрдан надошт. Вале бадтараш ин буд, ки Ги дар амади бо худ гирифтааш хоб рафта наметавонист: ӯро бемории баҳрӣ пайваста азоб медод.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ДАРАХТИ ШИРДЕҲ
Аввалин маротиба беш аз сад сол пеш дарахти ширдеҳро Александр фон Гумболдт тасвир намуда буд. Ин дарахт дар Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ, инчунин, дар қаламрави Осиёи Марказӣ дар Сейлон ва Ҳиндустон мерӯяд. Дарахт то 30 метр қад дорад. Пӯсташ ҳамвор, мағзаш сурхи тиллоранг буда, сахт ва вазнин мебошад. Меваи хурд ва нохӯрданӣ дорад.
Дарахти ширдеҳ аз худ шираи ширмонанд ҷудо менамояд, ки онро истеъмол кардан мумкин аст. Нисбат ба шири ҳайвон шираш ғафс буда,  бӯи баласонӣ ва мазаи дорчинро дорад. Он дар муддати як ҳафта турш нашуда, бо об нағз омехта мешавад. Ширро аҳолии маҳаллӣ ҳамчун ғизо истифода бурда, нӯшокии рӯҳафзо меҳисобанд. Вақти ҷӯшондан рӯйи шир мум пайдо мекунад, ки аз он шамъ тайёр мекунанд. Инчунин, аз шири ин дарахт панир ҳам мепазанд.
Табибони мардумӣ онро ҳамчун қувватдиҳанда барои калонсолон ва кӯдакон тавсия медиҳанд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


15 корномаи ҶБВ
18 танки фашистон сӯхта буд…
28 нафар панфиловчӣ аз ҳайати шахсии ротаи 4 – уми баталиони 2 – юми полки тирандозии 1075 корномае аз худ ба мерос монд, ки имрӯз низ таърихнигоронро ба шигифт меорад. 
Моҳи ноябри соли 1941 ҳуҷуми фашис-тон ба Москва шиддат ёфт. Душман ҳамаи монеаҳоро тикаву пора намуда, мехост пеш аз ҳукмрон гаштани сармои қаҳратун ҷангро бо ғалаба анҷом диҳад. Дар ана ҳамин вақт муҳофизони пойтахт зери фармондеҳии Иван Панфилов дар роҳи мошингард, се километр дуртар аз Волоколамск – шаҳрчаи хурде дар наздикии Москва – шинак гирифтанд. Муҳорибаи одаму танк ба амал омад, ки 4 соат тӯл кашид. Дар ин муддат 18 танки фашистон сӯхт. Ҳуҷумҳои пайдарпайи душман зада гардонда шуданд.  Нақшаи фюрер ба бод рафт.
Аз рӯи қиссаҳо роҳбари сиёсии рота Василий Клочков пеш аз муҳорибаи ҳалкунанда ба ҷанговарон рӯй оварда гуфтааст: «Россия паҳновар аст, аммо ҷойи ақибнишинӣ нест – дар қафо Москва!».
Ҳуҷуми фашистон боздошта шуд. Муҳориба барои Москва, ки ба он дар рафти ҷанг баҳои ҳалкунанда медоданд, бо торумори душман анҷом пазируфт.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
тарҷума аз русӣ


ОИНАИ КАЛОНТАРИНИ ҶАҲОН ҚИСМАТИ АВВАЛИ ОН СОХТА ШУД
Технолог ва муҳандисони олмонӣ шаш сегменти аввали оинаи 39 - метраро омода сохтанд, ки ба мега - телескопи E-ELT насб карда мешаванд, - иттилоъ медиҳад маркази матбуотии Абсерваторияи Аврупои ҷанубӣ.
Телескопи E-ELT (European Extremely Large Telescope – «Телескопи аврупоии фавқулбузург»), ки сохтмонаш моҳи майи соли 2016 дар кӯҳи Армасонеси Чили  оғоз шудааст, яке аз телескопҳои калонтарин дар ҷаҳон буда, соли 2020 ба истифода дода мешавад. Оинаи 39 – метраи он аз 798 сегменти шашкунҷаи 1,4 метра иборат аст.
Ин телескоп масъалаҳоеро ҳал менамояд, ки айни ҳол ягон расадхонаи рӯйизаминӣ ва кайҳонӣ аз уҳдааш намебарояд. Он, аз ҷумла аксҳои экзосайёраҳоро  мегирад ва  «дугоникҳои Замин»-ро ҷустуҷӯ  менамояд, асрори даҳри қадимаро меомӯзад ва суратҳои ситораҳои галактикаҳои дурро ба даст меорад. Ғайр аз ин, олимони расадхонаи сохташаванда кӯшиш менамоянд, ки акси «вартаи сиёҳ» дар галактикаамонро гиранд ва суръати ҳаракати онро муайян намоянд. Маблағи умумии телескоп аз як миллиард доллар зиёд аст.
Тарҷумаи Ш. ҚУРБОН


МОСКВА АНДАР МОСКВА
Шояд кам касоне медонанд, ки дар зери Москва боз як шаҳри дигар арзи ҳастӣ менамояд, ки достонзеб аст.
Қисса ин аст, ки дар асри XVII бо фармони шоҳ Алексей Романов зери дарёи Москва роҳи махфии зеризаминӣ сохта шуд. Замони шӯравӣ дар ин шаҳри зеризаминӣ паноҳгоҳҳои зиёде сохта буданд. Яке аз онҳо паноҳгоҳи Сталин бо номи «Бункери 42» мебошад. Он дар зери истгоҳи метрои Таганск, дар чуқурии 65 метр бунёд гардидааст. Инчунин, роҳи автомобилгарди Москваи зеризаминӣ бо Кремл васл гардидааст.
Соли 1996 паноҳгоҳ ба осорхона табдил ёфта, дарҳои худро ба рӯи тамошобинон боз намуд. Айни замон, дар ин шаҳри ғайриодӣ филиали осорхонаи марказии Қувваҳои Мусаллаҳи Русия фаъолият менамояд, ки дар он намунаи тамоми асбобҳои ҷангӣ маҳфуз аст.  
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


СЕЛФИ БЕМОРӢ АЗ НОБОВАРӢ
Равоншиносон зимни пажӯҳиш исбот намудаанд, ки агар инсон дар як рӯз зиёда аз 3 маротиба  худро акс гирад, ин нишонаҳои вайрон шудани ҳолати рӯҳии ӯ  мебошад. Агар шахс селфиҳои  худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн накунад, ин беморӣ на он қадар хатарнок аст. Мутахассисон бар он  назаранд, ки шахси  аз меъёр зиёд аксгирандаву барои ҷалби таваҷҷуҳи дӯстони интернетияш онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнсозанда, аз норасоии таваҷҷуҳи атрофиён танқисӣ мекашад. Ба маънои дигар, он гуна  таваҷҷуҳе, ки дилаш мехоҳад, бе селфии ҷолиб ба даст оварда наметавонад.
Коршиносон бошанд, бар он ақидаанд, ки ин гуна беморӣ аз нобоварӣ ба худ пайдо мешавад.
Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ


ҚУВВАТИ ЯК АНГУШТ
Устоди якҳарбаи шарқии кунг - фу Фу Бингли ҳамчун соҳиби ангушти боқувваттарин шинохта шудааст. Он маҳсули машқҳои пайвастаи варзишист. Ӯ аз синни 7 - солагӣ то ба имрӯз машқ мекунад.
Бингли метавонад бо як ангушт рост истад ва то 12 маротиба хаму рост шавад. Ин ҳунари ҳайратангез ӯро шомили китоби «Рекордҳои Гиннес» кардааст.
Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2018    №: 56    Мутолиа карданд: 339

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед