logo

сиёсат

ОЗОДАНДЕШОН". БОЗОРИ ХУДФУРӮШӢ МЕТАСФАД

"Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созанда ва азму талошҳои фидокоронаро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар як фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту шаш сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.
Мутаассифона, имрӯз гурӯҳе аз нотавонбинон бо ҳар роҳу васила ва дар либоси гуногун мехоҳанд зиндагии шоистаи миллати тоҷикро халалдор созанд.
Як гурӯҳ бо ном «равшанфикрони тоҷик» дар хориҷ аз кишвар, аз таъсиси созмони ҷадид бо номи «Анҷумани озодандешони тоҷик» хабар доданд. Баёния дар бораи таъсиси ин анҷуман 12 феврали соли равон дар шаҳри Вена қабул ва дар сомонаҳои интернетӣ нашр шуд. Ҳайати раёсати онро Алим Шерзамонов, Темур Варқӣ, Равшани Темуриён, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Ҳакими Рабимпур ва Айюб Эгамов муаррифӣ намуданд. Дар  баёния гуфта шудааст, ки гӯё дар Тоҷикистон буҳрони амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, фасоди густардаи идорӣ ва ноадолатиҳои иҷтимоӣ, ки ба фазои ҷомеа соя афкандаву боиси эҷоди хушунату бадбинӣ дар тамоми сатҳҳо гардидааст, ба якпорчагии миллат, тамомияти арзӣ, истиқлоли давлатдорӣ ва суботи минтақа таҳдид мекунад. Ба чунин «озодфикрон» муроҷиат карда пурсиданиям, ки Тоҷикистонро бори охир кай дидаанд, ки ин гуна даъвои пучу ғаразнок доранд. Илова бар ин, аз вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон аҳли ҷаҳон огаҳанд ва касе ба ин нотавонбинон бовар ҳам намекунад. Ин «ватандорон»-и беватан кадом ватанро дар назар доранд. Тоҷикистони азизи моро ё ин, ки ватани хоҷагони хориҷии худро, ки барои  ноором кардани Тоҷикистон онҳоро маблағгузорӣ менамоянд. Ин сияҳдилон худро ҳомии зиндагии шоиставу фарҳанги писандидаи миллати тоҷик муаррифӣ карданӣ шуда, аз ғуборолуд будани домани худ бехабар мондаанд.
Дар баёния сухан аз ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии миллӣ ва байналмилалӣ меравад, вале аҳли башар медонад, ки ин зумраро ба ҷуз хоҷагони хориҷиашон, ки онҳоро чун ғуломи ҳалқабаргӯш истифода менамоянд, касе намешиносад ва эътироф ҳам намекунад.
Тоҷикистонро имрӯз чун давлати рӯ ба тараққӣ ниҳода, ҳуқуқбунёд, ягона, демократӣ ва дунявӣ тамоми давлатҳои ҷаҳон эътироф кардаанд. Кас ҳайрон мемонад, ки ин сияҳдилон боз чӣ гуна Тоҷикистон месохта бошанд.
Ҳар як фарди солимфикри Тоҷикистон имрӯз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро шиори амали худ қарор дода, барои гул-гулшукуфии он бо дили гарм меҳнат карда, хурсанд аз онанд, ки дар чунин як сарзамини биҳиштосо зиндагӣ доранд ва онро ном Тоҷикистон аст. Шукрона аз он мекунанд, ки дар оғӯши Ватананд. Ҳеҷ гоҳ ба дурӯғу буҳтон ва сафсатаҳои ғаразноки душманон бовар намекунанд.
Исломиддин НАРСОВ,
мудири шуъбаи маорифи
ноҳияи Ёвон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.03.2018    №: 56    Мутолиа карданд: 680
26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК

ДЗЮДО

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед