logo

илм

Соли 2009 - соли илм ва рушди инноватсия

-Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар фаъолияти семоҳаи сеюми соли равон як қатор корҳои илмӣ ва илмиву ташкилиро анҷом дод, - қайд намуд Маҳмадшо Илолов, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ.
Аз ҷумла бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташаббуси ин муассисаи илмӣ, - афзуд ӯ, - Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои ИДМ Симпозиуми байналмилалии «Рӯдакӣ ва фарҳанги ҷаҳон» баргузор гардид, ки дар кори он қариб 70 олими хориҷӣ аз кишварҳои ИМА, Фаронса, Олмон, Русия, Эрону Афғонистон, Ҳиндустону Покистон, Қазоқистон ва Қирғизистону Ӯзбекистон иштирок ва сухан ронд. Дар ҷаласаи ҷамъбастии Симпозиум қарор қабул гардид, ки ба мақсади густариш додани омӯзиш ва таҳқиқи осори ин нобиғаи нотакрори оламшумул дар назди Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Маркази Рӯдакишиносӣ таъсис дода шуда, мақолаҳои маърӯзачиён ба забонҳои тоҷикиву русӣ ва англисиву хати арабиасоси тоҷикӣ дар шакли маҷмӯа нашр гардад.
Дар нишаст зикр шуд, ки 18-19 сентябр бо мақсади иҷрои Барномаи баргузории Анҷумани сеюми олимон ва зиёиёни эҷодкори давлатҳои узви ИДМ бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ҷаласаи бахши «Илм ва маориф»-и он дар мавзӯи «Гуфтугӯи байнифарҳангӣ» тавассути маориф ва нақши дониши гуманитарӣ: дастовардҳои муштарак ва коркардҳои олимон» баргузор шуд, ки дар кори он бештар аз 200 нафар олим ва омӯзгорони ватаниву хориҷӣ ширкат намуданд. Дар ҷамъбасти анҷуман доир ба масъалаҳои рушди минбаъдаи илм ва маориф дар давлатҳои узви ИДМ қарор қабул шуд. Аз ҷумла дар қарор зикр гардид, ки пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Соли илм ва рушди инноватсия» эълон намудани соли 2009 дастгирӣ карда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов таъсис дода шавад.
Дар ин давра кормандони муассисаҳои илмӣ зиёда аз 20 китобу монография, маҷмӯаҳои илмӣ ва қариб 200 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ ба табъ расониданд. Инчунин китоби мусаввари «Шеърҳои Рӯдакӣ», «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (дар 2 ҷилд) ва «Донишномаи Рӯдакӣ» (дар  2 ҷилд) нашр гардиданд.

У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 784

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед