logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲӢ

Дар осору афкори ниёгонамон истиқлолияту ваҳдат аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин самт садҳо асарҳои мондагор таълиф шудаанд, ки асоси онро дӯстиву рафоқат, ҳамгироиву муҳаббат ва шинохти миллӣ фаро мегиранд. Таълимоти дини зардуштӣ, ки бар пояи “Пиндори нек, кирдори нек ва рафтори нек” мураттаб шудааст, мояи онро низ худшиносиву худогоҳӣ ва суботи сартосарӣ ифода мекунад.
Гузаштагонамон бо мақсади мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдорӣ, афзун намудани нишондодҳои меҳнатӣ ва таълиму тарбияи дурусти насли ҷавон дар ин рӯҳия аз роҳу василаҳои гуногун истифода бурдаанд. Дар замони муосир таълимот ва дарки ин масъалаҳо барои ҳар сокини кишвар аҳамияти бештар касб менамояд.   
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ барои халқи тоҷик зарурати таъсиси давлати мустақил пеш омад. Бо ин мақсад 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон намуд, аммо бо гузашти вақти кӯтоҳ бо дахолати душманони аҷнабӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвар ба вуқӯъ пайваст. Дар ин давра халқи тоҷик ва сокинони Тоҷикистон ба мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию равонӣ рӯ ба рӯ шуданд. Хонаводае набуд, ки ин муноқишаву кашмакашиҳои замон ба  он  таъсир  накарда, талафоти  ҷониву молиро ба вуҷуд  наоварда бошад. Сиёсатмадорону зиёиён ҳарчанд мардумро ба иттифоқу ваҳдат моил менамуданд, аммо қувваҳои ғаразнок боиси парешон намудани ин ҳама муттаҳидиҳо мешуданд. Маҳз дар  ин  давраи  ҳассоси таърихӣ фарзанди  фарзонаи халқ  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд. Сарвари тозаинтихоби кишвар кори давлатдориро аз барқарор намудани сулҳ оғоз бахшиданд ва дар як марҳилаи кӯтоҳ дар ин самт натиҷаҳои шоиста ба даст омаданд.
Дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти арзишманд дорад. Ин воқеа дар вазъияти тезу тунди сиёсӣ ва мафкуравӣ ба вуқӯъ омад ва ҷонибҳо дарк намуданд, ки ягона роҳи наҷоти миллату давлат дар ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстиву рафоқат таҷассум меёбад. Соли 1997 ҳанӯз ҳам баъзе аз гурӯҳҳои тундгаро ва душманони дохиливу хориҷӣ фаъолияти худро пинҳонӣ ба роҳ монда, бо сабабҳои гуногун монеи ин кори муҳим мешуданд. Барои сарҷамъ ва ба ифоқа омадани тарафҳои муқобил шаҳри Москва интихоб гардид. Ҷонибҳо дар ҳузури намояндагони давлату созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ талабот ва бандҳои ин Созишномаро пазируфта, дар амалигардии он масъулияти шаҳрвандӣ эҳсос намуданд.
Ҳар қадар мо аз рӯзи қабули ин санади сарнавиштсоз дур мешавем, ҳамон андоза қимат ва аҳамияти он дар ҳаёти халқи тоҷик ҷилои тоза касб мекунад. Дарвоқеъ, ваҳдати миллӣ дар таҳкими сулҳу субот, эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва шинохти асолати ҳар фард заминаи воқеӣ гузошт.
Ҳамасола Рӯзи қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар бо тантана истиқбол гирифта мешавад. Бахшида ба ин санаи муҳиму тақдирсоз барои халқи тоҷик садҳо биноҳои таъйиноташон гуногун бунёд гардиданд, ки барои раванди кору фаъолият ва шароити зиндагии арзанда мусоидат мекунанд. Баробари ин, аз ҷониби  Ҳукумати кишвар барои дарки дурусти ин воқеаи арзишманд дар зеҳну хотираи мардум номи шаҳр, ҷамоат, шаҳраку кӯча ва биноҳои хосса номгузорӣ шудаанд, ки ҷанбаи фарогири омӯзандагиву тарбиявӣ дорад. 
Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ чун офтоб шаби торику рӯзи сарди халқи тоҷикро равшану гармӣ бахшида, барои парвози баланд ба сӯи дастовардҳо роҳ кушод. Ҳамаи ин комёбиҳо дар заминаи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, ки асоси онро расидан ба зиндагии шоистаи сокинони кишвар ташкил медиҳад, амалӣ гардид. Дарахти парвардаи ваҳдат ба андозае реша давонда самар овард, ки имрӯз на танҳо сокинони кишвар,  балки дигар қавму миллатҳо низ аз он ком ширин менамоянд.
Миллати сулҳпарвару тамаддунофари тоҷик дарк кард, ки ягона омил барои саодатмандӣ ин оромиву осоиштагӣ мебошад. Хушбахтона, ҳоло зиёда аз 200 давлати ҷаҳон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои дипломатӣ дорад, ки ин аз нуфузи хосса пайдо намудани кишвар дарак медиҳад. Тибқи таҳлилу арзёбиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва таҳқиқоти анҷомёфта дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати панҷгонаи амну осоишта дохил мешавад.
Халқи тоҷик бо роҳбарии марди фозилу хирадпеша барои барафрохтани парчами иттиҳоду ваҳдат аз як гиребон сар бароварда, ба нишондодҳои баланди меҳнатӣ дар тамоми ҷабҳаҳо ноил гашта истодаанд. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суҳбат ва баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки сокинони кишвар бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои наслҳои имрӯзу оянда онро ба мерос гузоранд. Баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихор доштани наврасону ҷавонон аз ин Меҳану сарзамини аҷдодӣ омили асосии расидан ба ҳадафҳои созанда мебошад. Мутмаинем, ки ваҳдати тоҷикон мисли хираду фарҳанги пурғановаташ шуълаафрӯзи имрӯзу фардо боқӣ мемонад.
Сангимурод ШАРИФОВ,
хабарнигори идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2018    №: 57-58    Мутолиа карданд: 605
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед