logo

иқтисод

БАЛҶУВОН. БУНЁДИ КОРХОНАҲОИ НАВ

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон 27 июли соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони корхонаи истеҳсоли қуму сангу шағалмайдакунӣ санги асос гузоштанд. Инак, ин коргоҳ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати хеле кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими кушодашавии корхона, муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим иштирок кард.
Бино ба иттилои раиси ноҳияи Балҷувон Маърифат Зоирзода, иқтидори истеҳсолии ин корхона дар як шабонарӯз зиёда аз 200 метри мукаабро ташкил медиҳад. Иқдоми Сардори давлат саривақтӣ буда, имконият фароҳам меорад, ки минбаъд дар сохтмону таъмири роҳҳои автомобилгарди ноҳия ба хароҷоти зиёдатӣ хотима гузошта аз корхонаҳои истеҳсолии худӣ пурмаҳсул истифода шавад. То ин вақт маҳсулоти аз сангу шағал истеҳсолшуда, аз дигар шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар барои сохтмони роҳҳо бо нархи гарон дастрас мегардид.
Корхонаи навбунёди истеҳсоли қуму сангу шағал аз тарафи ҶДММ «Сангон», ки роҳбариашро Раҷабалӣ Ҷӯрахонов ба уҳда дорад, дар мавзеи Сари Мазор сохта шудааст ва бо тамоми таҷҳизоти замонавии ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъмин мебошанд. Маҳз ба шарофати  қадами мубораки Пешвои муаззами миллат ба ноҳияи Балҷувон чунин як корхонаи наву замонавӣ мавриди истифода қарор гирифт. Ба ин васила 20 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Ҳамзамон, дар заминаи корхонаи мазкур боз як коргоҳи истеҳсоли хишти бетонӣ (сементблок) сохта шуд. Истеҳсоли хишти бетонӣ дар ноҳия барои мардум саривақтӣ буда, харидор имкон дорад, ки аз ноҳия берун набаромада, аз ин корхона бо нархи дастрас ва бе хароҷоти зиёдатӣ маҳсулоти ниёзи худро харидорӣ намояд. Метавон гуфт, ки ин корхонаҳо дар оянда барои пешравии ноҳия такони ҷиддӣ бахшида, бо маҳсулоти истеҳсолкардаи хушсифат талаботи мардуми ниёзмандро қонеъ мегардонанд.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2018    №: 57-58    Мутолиа карданд: 434

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед