logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИ ВАҲДАТ. ҶАЛБИ ДУХТАРОН БА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Пешвои миллат зимни ироаи Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ баҳри беҳбудии рӯзгори мардуми кишвар роҳандозии чандин иқдоми наҷибро пешниҳод намуданд, ки мақсади он тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳавасмандгардонии мардум мебошад.
Барои мо, сокинони шаҳри Ваҳдат хурсандиовар аст, ки  Сарвари давлат дар Паёми хеш дараи зебоманзари Ромитро, ки дорои неъматҳои бебаҳои таббиӣ, обҳои мусаффову гиёҳҳои шифобахш мебошад, минтақаи сайёҳӣ эълон намуданд. Боварӣ дорам, ки дар доираи тадбирҳо ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дараи Ромит боз ҳам ободу зебо гардида, ба аҳолии ин минтақа ҷойҳои зиёди корӣ баҳри беҳбудии зиндагӣ муҳайё мегардад.
Хушбахтона, имрӯзҳо занону духтарони чирадасти тоҷик  ба ҳунарҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, қӯроқдӯзӣ ва заргарӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, анъанаҳои ниёконамонро эҳё менамоянд ва ба ин васила рӯзгори худро пеш мебаранд. Маҳсули дасти онҳо имрӯзҳо харидорони зиёд дошта, сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Ин боис шудааст, ки анъанаҳои миллии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад.
Дар коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат низ донишҷӯён ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи хосса доранд. Донишҷӯдухтарони коллеҷ ҳунарҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ ва зардӯзиро хуб аз бар кардаанд. Онҳо маҳсули дасти худро дар чорабиниҳои фарҳангӣ ба меҳмонону сайёҳон ба намоиш мегузоранд.
Мо, омӯзгорони ин муассиса тамоми дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ намуда, бо иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона ва масъулияти баланд,  донишҷӯёнро дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ, илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ тарбия менамоем.
Саодат ҲОҶИБОЕВА,
омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.03.2018    №: 57-58    Мутолиа карданд: 549
29.09.2020


ТОҶИКОН ВА ӮЗБЕКОН: ДӮСТӢ БИМОНАД ҶОВИДОН

РАШТ. ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО СОҲИБКОРОНИ ВАТАНДӮСТ САМАР МЕДИҲАНД

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ТАРАБХОНАИ «ФОРЕЛ»

ТОҶИКИСТОН. 87,4 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед